Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Барселона" ва мусовии "Ювентус" дар чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо


Рӯзҳои 9-10-уми апрел бозиҳои аввали даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо баргузор шуданд. Дар ду бозӣ мизбонон ва дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд. Як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид.

Ду бозии аввали чорякниҳоӣ рӯзи сешанбеи 9-уми апрел доир гардид. “Ливерпул”-и Англия дар майдони худ ба дарвозаи “Порту”-и Португалия ду голи беҷавоб зад.

Ҳарду гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Набӣ Кейта дар дақиқаи 5-ум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Роберто Фимино дар дақиқаи 26-ум ба самар расонид. Бозии ҷавобӣ миёни ин ду даста рӯзи чоршанбеи 17-уми апрел доир мегардад.

Дар бозии дигаре, ки 9-уми апрел миёни ду бошгоҳи Англия сурат гирифт, “Тоттенҳем Хотспур”-и Лондон дастаи меҳмон - “Манчестер Сити”-и Манчестерро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Тӯбро Сон Хин Мин дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 78-ум, ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд. Бозии ҷавобии ин дастаҳо 17-уми апрел баргузор мешавад.

Ду бозии дигари даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо рӯзи чоршанбеи 10-уми апрел доир гардид.

Бозӣ миёни дастаҳои “Аякс”-и Амстердами Нидерланд ва “Ювентус”-и Турини Италия бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ба голи дар охири нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 45-ум, ба дарвозаи тими «Аякс» задаи Криштиану Роналду бозигари мизбонон Давид Нерес дар оғози нимаи дувум, дар дақиқаи 46-ум, бо гол посух дод.

Бозии ҷавобии “Ювентус” ва “Аякс” рӯзи сешанбеи 16-уми апрел барпо мегардад.

Дар бозии дигари чорякниҳоӣ рӯзи чоршанбе “Манчестер Юнайтед”-и Англия дар майдони худ аз тими “Барселона”-и Испания бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Тӯбро Люк Шоу дар дақиқаи 12-ум ба самар расонид.

Бояд гуфт, ки дар нимаи аввали ин бозӣ Лионел Месси, капитани “Барселона”, дар як бархӯрд бо ҳимоятгари "Манчестер Юнайтед" Крис Смоллинг, ҷароҳат бардошт: бинияш зарб хӯрд ва рӯяш хуншор шуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ӯ бозиро то анҷом идома дод. Бозии ҷавобии ин дастаҳо низ рӯзи 16-уми апрел баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG