Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири нави Тоҷикистон дар Эрон: "Ҳадаф беҳтар шудани робитаҳои дуҷониба аст"


Низомиддин Зоҳидӣ. Моҳи сентябри соли 2018, Варшава

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Эрон, гуфт, ки кӯшиш барои беҳбуди муносибати ду кишвар аз ҳадафҳои асосии кори ӯст.

Ҳоло Тоҷикистону Эрон дарк мекунанд, ки муносибатҳо бояд беҳтар шаванд. Ҳарду ҷониб мефаҳманд, ки бояд дар равобити ду ҷониб тағйирот сурат гирад

"Умед дорем, ки ҷониби Эрон низ барои амалӣ шудани ин ният моро дастгирӣ мекунад. Қарсак аз ду даст мешавад", -- гуфт ӯ рӯзи 10-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Низомиддин Зоҳидии 62-сола, ки се соли охир дар мақоми муовини аввали вазири умури хориҷӣ кор кардааст, рӯзи даҳуми апрел сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин шуд. Сафири собиқ Неъматулло Эмомзода моҳи феврал аз ин мақом озод шуд ва давоми ду моҳ ин курсӣ холӣ буд.

Ба ҷои Зоҳидӣ ба мақоми муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дипломати дигари бособиқа Хусрав Нозирӣ таъйин шуд. Ӯ то ин дам сафири Тоҷикистон дар Миср буд.

Низомиддин Зоҳидӣ соли 2010 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон шуд ва масъули умури кишварҳои Ховари Миёна буд. Ӯ гуфт, кор дар мақомҳои баланди вазорат барояш дар омӯхтани сиёсатҳои байналмилалӣ ва андухтани таҷриба кумак кардааст. "Муносибатҳои дуҷониба як ҷузъи муносибатҳои байналмилалӣ аст. Ҳоло вазифаамон маҳдудтар шуд, вале (ин вазифа) масъулиятҳои зиёди дигар ҳам дорад", - гуфт ӯ.

Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин ки оё корро дар сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон аз чӣ сар хоҳад кард, гуфт: "Мо узви тими президент ҳастем. Ҳар дастуре, ки аз ҷониби президент, аз ҷониби сардори тим шуд, мо иҷро мекунем."

Низомиддин Зоҳидӣ хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аст ва таҷрибаи кор дар Ироқро дорад. Фаъолияти баъдии ӯ бештар дар сатҳи донишгоҳӣ будааст. Солҳои 80-ум дар Академияи илмҳо ба ҳайси лаборант ва як сол дар шуъбаи ленинградии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси муҳаққиқ кор кардааст.

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

То соли 1998 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар Душанбе ва намояндагии ин муассисаи илмӣ дар Хуҷанд кор кардааст. Соли 1998 ба кор дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузашт ва то соли 2010 то мақоми раиси ин донишгоҳ расид ва баъди ин ба кор дар Душанбе дар мақоми муовини вазири корҳои хориҷӣ гузашт.

Таъйин шудани Зоҳидӣ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Эрон як моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳам сафири нави худро дар Тоҷикистон муаррифӣ кард. Муҳаммадтақӣ Собирӣ, ки миёнаҳои моҳи март дар Душанбе ба кор оғоз кард, ҷойгузини Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ шуд.

Як дипломати дигари тоҷик, ки Зоҳидиро аз наздик мешиносад, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, як сабаби таъйини муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба мақоми сафирӣ дар Эрон посух ба тасмими Теҳрон аст. Собирӣ то замони ба Тоҷикистон омадан муовини умури идорӣ ва молии Вазорати корҳои хориҷии Эрон будааст.

“Интихоби Зоҳидӣ ба ин вазифа тасодуфӣ нест ва ӯ метавонад дар пешбурди музокираҳо бо Эрон дар ин марҳилаи ҳассос хидмат кунад”, - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ. Ин дипломати огоҳ гуфт, “ҳоло Тоҷикистону Эрон дарк мекунанд, ки муносибатҳои сиёсӣ бояд беҳтар шаванд ва ҳарду ҷониб ҳам мефаҳманд, ки бояд дар равобити онҳо тағйироте сурат гирад”.

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баъди даҳсолаҳо равобити гарму наздик ба марҳилаи пуртаниш ва сард ворид шуд. Иштироки раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳидин Кабирӣ дар як конфронсе дар Эрон моҳи декабри соли 2015 боис ба хашму норизоиятии ҳукумати Тоҷикистон шуд. Тоҷикистон ин ҳизбро мамнӯъ ва террористӣ эълон карда гуфтааст, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад.

Вале раҳбарияти ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамеша гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротӣ надошт ва ҳадафи манъи фаъолияти онҳо дар соли 2015 фақат аз саҳнаи сиёсӣ канор задани як ҳизби исломӣ ва мухолифи давлат буд. Баъд аз соли 2017 робитаҳо бо Эрон ба ҳадде тира шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кишварро ошкоро ба талоши барангехтани низоъ ва ҳимоят аз терорризм муттаҳам кард.

Бобаки Занҷонӣ
Бобаки Занҷонӣ

Мақомоти Тоҷикистон ҷониби Эронро ҳамчунин дар қатли шуморе аз афроди саршинос дар солҳои навадум муттаҳам карданд. Иттиҳоме, ки Эрон онро ҳамвора рад кардааст. Эрон дар навбати худ иддао дорад, миллионҳо доллар пули нафти он кишвар, ки тавассути соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ гардиш мехӯрд, дар Тоҷикистон "гум шудааст".

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳеч сармоя надошт. Вале дар ду моҳи охир баъзе аз мақомҳои Тоҷикистону Эрон дар суҳбатҳои худ паём доданд, ки равобити Теҳрону Душанбе дар ҳоли одӣ шудан аст.

Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии моҳи феврал гуфт, дар равобити сиёсии ду кишвар танҳо як масъалаи ҳалношудаи кӯчак мондааст. Вазир нагуфт, ки манзури ӯ чист.

Вале ба навиштаи вебсайти сафорати Эрон дар моҳи март, собиқ сафир Фағонӣ дар мулоқоти худоҳофизии худ бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар бад шудани муносибатҳо "бархе аз тарафҳои севум"-ро айбдор кардааст. Чанде аз коршиносони тоҷик он замон гуфтанд, ангушти ишораи Теҳрон пеш аз ҳама ба сӯи Арабистони Саудӣ, яке аз рақибони аслии Эрон дар Ховари Миёна равона шудааст. Иддаое, ки қаблан намояндагони Саудӣ рад кардаанд.

Дар солҳои гузашта, бахусус дар давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод, Теҳрон таваҷҷуҳи махсус ба Душанбе дошт. Бо сармояи ин кишвар дар Тоҷикистон тарҳҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” ва нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб сохта шуда, роҳбарони ду кишвар ҳар сол дар айёми баҳор бо ҳам дидор мекарданд.

Аммо баъди соли 2015 ҳамкориҳои зич ва додугирифтҳои тиҷоративу иқтисодӣ хеле кам шуд. Ва ҳоло зоҳиран ҳарду кишвар ба марҳилаи бозбинии ин робитаҳои ворид мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG