Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии мизбонон оғоз ёфт


Даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 6-7-уми апрел баргузор шуд. Дар ҳарчор бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҷоизадори биринҷии мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 6-уми апрел дар майдони худ тими ССКА «Помир»-и Душанберо, ки ҳайаташро аз ҳисоби бозигарони мунтахаби олимпии кишвар пурқувват кардааст, бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду голро ҳамлагар Абдурасул Раҳмонов, ки дар нимаи дувуми дидор ба майдон омад, ба дарвозаи низомиён ворид намуд.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқот дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бар тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки боз ба лигаи олӣ баргашт, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Бахтовар Зокиров, бозигари “Истаравшан”, дар дақиқаи 2-юм ҳисобро боз кард. Зимнан, ин аввалин голи мусобиқоти имсола ба шумор меравад.

Дар охири дидор легионери узбекистонии “Истаравшан” Тулқинҷон Умаров тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Ҳисоби бозӣ баробар шуд – 1:1. Голи дувум ва ҳалкунандаи мизбононро Собирҷон Холматов аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар дақиқаи 90+2 ба самар расонид.

Ду бозии дигари даври аввали мусобиқот рӯзи якшанбе, 7-уми апрел, доир гардид. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад. Ду голи «Истиқлол»-ро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналтӣ) ва 31-ум зад. Ду голи дигарро Эҳсони Панҷшанбе (дақиқаи 62-юм, аз пеналтӣ) ва Шериддин Бобоев (дақиқаи 87-ум) ба ҳадаф расонданд. Як голи «Регар-ТадАЗ»-ро Шерзод Маҳамадиев (дақиқаи 30-юм) ба дарвозаи «Истиқлол» ворид кард.

Дар бозии охирини даври аввали мусобиқот дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ – варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” - тими «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Тӯби дар дақиқаи 58-ум аз пеналтӣ задаи ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев ба мизбонон пирӯзӣ овард.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки барои бори 28-ум доир шудааст, монанди соли гузашта ҳашт даста ширкат меварзад.Мусобиқоти имсола низ аз се давра иборат аст. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи охиринро мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки ҷойи ҳафтумро ишғол мекунад, дар охири мавсим барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал мубориза мебарад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2019

Лигаи олӣ

Даври 1-ум

6 апрел (шанбе)

«Кӯктош» – ССКА «Помир» - 2:0

Голҳо: Абдурасул Раҳмонов, 55 (1:0). Абдурасул Раҳмонов, 83 (2:0).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Беҳрӯз Хайриев, Султоншо Мирзоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Баҳром Урозов, Муҳиддин Одилов (Нодирбек Иброҳимов, 63), Мунир Давлатбеков, Бунёд Шодиев, Муҳсин Абдуғаффоров, Амирҷон Сафаров (Абдурасул Раҳмонов, 46), Меҳроҷиддин Музаффаров (Азизбек Султонов, 46).

ССКА «Помир» (Душанбе): Меҳвар Сулаймонов, Бахтиёр Азимов, Ваҳдат Ҳанонов, Комрони Мирзохон, Суҳроб Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (Доробҷон Эргашев, 81), Шамсиддин Қосимов, Абдулмуъмин Забиров, Далер Ёдгоров (Оятулло Сафаров, 57), Шодибек Ғаффоров (Эйя Эдвард, 59), Шарафҷон Солеҳов.

Огоҳӣ: Холмурод Назаров («Кӯктош»), Абдулмуъмин Забиров, Далер Ёдгоров, Суҳроб Ҷалилов (ССКА «Помир»).

Бозигари беҳтарини дидор: Абдурасул Раҳмонов («Кӯктош»).

Сардовар: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).

6 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 7000 тамошобин.

«Панҷшер» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 3 (0:1). Тулқинҷон Умаров, 43 – ба дарвозаи худ (1:1). Собирҷон Холматов, 90+2 – аз пеналтӣ (2:1).

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Куайе Годсон, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Маҳмадраҷаб Ҷобиров, Шоҳрух Раҷабматов, Муҳсин Қосимов (Аминҷджон Ҳотамов, 85), Ҷӯрабек Юсупов, Шавкат Худойназаров (Саидҷон Шарипов, 78), Ҳасан Холов, Маҳмуд Ғаюров, Собирҷон Холматов, Хайриддин Турахонов (Марифҷон Марифбоев, 72).

«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Бахтиёр Абдураҳмонов, Тулқинҷон Умаров, Азизҷон Шамсиев, Фирӯз Қараев, Диловар Бойқузиев (Асадбек Зиёзода, 72), Бахтовар Зокиров, Ҷамшед Ҳасанов, Отабек Каримов, Муҳаммадалӣ Азизбоев (Насим Расулов, 61), Илҳомҷон Баротов (Абдуқаҳҳор Қодиров, 84).

Огоҳӣ: Диловар Бойқузиев, Асадбек Зиёзода («Истаравшан»).

Бозигари беҳтарини дидор: Собирҷон Холматов («Панҷшер»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

6 апрел. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3200 тамошобин.

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 4:1

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 4 – аз пеналтӣ (1:0). Шерзод Маҳамадиев, 30 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 31 (2:1). Эҳсони Панҷшанбе, 62 – аз пеналтӣ (3:1). Шериддин Бобоев, 87 (4:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Искандар Ҷалилов (Шаҳром Сулаймонов, 77), Алексей Ларин (Табрези Давлатмир, 73), Бахтиёр Қаландаров, Зоир Ҷӯрабоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Фатҳулло Фатҳуллоев (Шаҳром Самиев, 66), Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Сироҷиддин Алаев (Алишер Шарипов, 64), Алишер Холмуродов (Ёқуб Аҳмадов, 69), Сафаралӣ Каримов, Акбар Бобомуродов, Расул Пайзов, Нозим Бобоҷонов, Шерзод Маҳамадиев, Ҳикматулло Расулов (Фарҳод Холбеков, 81), Ҳасан Рустамов, Наврӯз Рустамов.

Огоҳӣ: Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарини дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

7 апрел. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Ҷаҳонгир Эргашев, 58 – аз пеналтӣ.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Давид Купатадзе, Асилҷон Бегимқулов, Давронҷон Эргашев, Фирдавс Чақалов (Комрони Мирзонаҷот, 66), Торнике Ҷимшелеишвили, Манучеҳр Аҳмадов, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Дилшодҷон Каримов (Дилшод Восиев, 89), Ҷаҳонгир Эргашев, Турсуналӣ Рустамов (Дилшод Бозоров, 57).

«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Алишер Баротов, Парвиз Охунов, Муҳаммад Насков, Эраҷ Раҷабов, Худойдод Узоқов, Равшан Азизов, Маҳмадалӣ Садиқов, Сорбон Авғонов, Кароматулло Саидов, Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳӣ: Асилҷон Бегимқулов («Хуҷанд»), Алишер Баротов («Хатлон»).

Аз майдон хориҷ шуд: Ойбек Абдуғаффоров («Хуҷанд»), 61 – корти 2-юми зард.

Бозигари беҳтарини дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

7 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

4-1

3

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

1

0

0

2-0

3

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

1

1

0

0

2-1

3

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

1

0

0

1-0

3

5

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

0

0

1

1-2

0

6

«Хатлон» (Бохтар)

1

0

0

1

0-1

0

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

0

0

1

0-2

0

8

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

0

1

1-4

0

Нишонзанҳо: Абдурасул Раҳмонов («Кӯктош»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 2-тӯбӣ.

Даври 2-юм:

11 апрел (паҷшанбе)

«Истиқлол» – «Хатлон»

«Истаравшан» – «Хуҷанд»

13 апрел (шанбе)

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

14 апрел (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG