Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ дар Гран-прии ҷудо дар Анталия медал гирифт


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Grand-Prix Antalya 2019), ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми рӯзи якшанбе, 7-уми апрел, ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар рӯзи охирини мусобиқа – 7-уми апрел – вориди сабқат шуд, бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд.

Ӯ дар даври дувум бар Юрий Мокану (Молдова, 2:54, иппон) пирӯз шуд. Баъдан Клен Кристофер Калҷулаидро аз Эстония шикаст дод (3:47, иппон). Комроншоҳ дар даври севум аз Автандил Чрикишвили аз Гурҷистон мағлуб гашт (4:00, ваза-ари). Дар даври тасаллобахш Егор Варапаеви беларусро шикаст дод (4:00, ваза-ари). Паҳлавони тоҷик барои ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ бар Итай Голан аз Исроил пирӯз шуд (3:07, иппон).

Дар вазни зери 90 кило Микаил Озерлер (Туркия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Георгий Папунашвили (Гурҷистон) ғолиб омад, бо медаи тилло мукофотонида шуд. Папунашвили бо медали нуқра, Чрикишвили ва Устопириён бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии ҷудо дар Анталия соли 2017 медали нуқра ва соли 2018 медали тилло ба даст оварда буд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 5-7-уми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, 479 варзишгар (291 мард ва 188 зан) аз 75 кишвар ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба ҷуз аз Комроншоҳи Устопириён, боз чаҳор гуштигир - Ёқубҷон Боқиев, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳарду дар вазни зери 66 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг) ва Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг) – намояндагӣ карданд. Вале ҳарчор дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Анталия ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Барои ҷойи аввал 3000 доллар, барои ҷойи дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1000-долларии ИМА супурда шуд.

Инчунин Гран-прии ҷудо дар Анталия ба варзишгарон имкон дод, ки ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд.

“Мақсади аслии ман гирифтани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мебошад. Орзу дорам, ки соҳиби медали олимпӣ шавам. Инчунин мехоҳам дар чемпионати имсолаи ҷаҳон, ки моҳи август дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад, соҳиби ҷоиза гардам ”, - гуфт Комроншоҳи Устопириён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Гурҷистон бо касби 5 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 2 медал (1 медали тилло ва 1 медали нуқра) ҷойи севумро азони худ карданд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 75 кишвар ҳамроҳ бо Белгия ва Ҷумҳурии Чех дар ҷойгоҳи 28-ум қарор гирифт.

Ғолибону ҷизадорони Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия дар соли 2019:


Мардон

60 кг
1. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)
2. НУРУЛЛОЕВ Комрон (Узбекистон)
3. АККУС Михратс (Туркия)
3. МАККЕНЗИ Элей (Британияи Кабир)

66 кг
1. ВИЕРУ Денис (Молдова)
2. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
3. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
3. НИНИАШВИЛИ Баграти (Гурҷистон)

73 кг
1. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. АЗОИДИС Георгиос (Юнон)
3. ЧИАНЕ Гуиллаум (Фаронса)

81 кг
1. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)
2. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)
3. ХОЛМУРЗАЕВ Ҳасан (Русия)
3. ВАЛОИС-ФОРТИР Антони (Канада)

90 кг
1. ОЗЕРЛЕР Микаил (Туркия)
2. ПАПУНАШВИЛИ Георгий (Гурҷистон)
3. ЧРИКИШВИЛИ Автандил (Гурҷистон)
3. УСТОПИРИЁН Комроншоҳ (Тоҷикистон)

100 кг
1. ИДДИР Александр (Фаронса)
2. БУЗАКАРИНИ Рафаэл (Бразилия)
3. ҚОСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)
3. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)

+100 кг
1. МЕЙЕР Рой (Нидерланд)
2. МАТИАШВИЛИ Леани (Гурҷистон)
3. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
3. СИМИОНЕСКУ Владит (Руминия)

XS
SM
MD
LG