Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA бетағйир монд


Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки 4-уми апрел дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, мавқеашро нигаҳ дошт ва дар байни 211 кишвар бо 1155 имтиёз дар ҷойгоҳи 120-ум қарор гирифтааст.

Дар феҳристи нави FIFA дар даҳгонаи аввал тағйирот ба амал наомадааст. Белгия бо 1737 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1734 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1676 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия – 1647 имтиёз, Хорватия – 1621 имтиёз, Уругвай – 1613 имтиёз, Португалия – 1607 имтиёз, Швейтсария – 1604 имтиёз, Испания – 1601 имтиёз ва Дания – 1586 имтиёз дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1516 имтиёз дар зинаи 21-ум) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 26-ум, 1494 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 37-ум, 1462 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (27-ум, 1493 имтиёз), Русия (46-ум, 1424 имтиёз) ва Беларус (81-ум, 1301 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Литва (132-юм), Латвия (133-юм), Туркманистон (136-ум) ва Молдова (171-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум), Қирғизистон (95-ум) ва Қазоқистон (116-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Рейтинги навбатии FIFA моҳи майи соли 2019 нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG