Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Тоҷикистон, ки аз 31-уми март то 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа доир шуд, 111 варзишгар (82 мард ва 29 зан) аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат дошт.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, варзишгарон дар ҳайати 10 даста аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (5 вазн миёни занон ва 8 вазн миёни мардон) рақобат карданд.
Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон ба ҳайати дастаҳои мунтахаби занона ва мардонаи кишвар дохил шуда, минбаъд Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар сабқати занон дар чаҳор вазн варзишгарони шаҳри Душанбе – Сумайя Қосимова (-51 кг), Миҷгона Самадова (-57кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг) ва Идимоҳ Холова (-69 кг) - ғолиб шуданд. Дар як вазни дигар намояндаи вилояти Хатлон Нодира Каримова (-75 кг) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.
Дар сабқати мардон дар шаш вазн варзишгарони Душанбе - Баҳодур Усмонов (-63 кг), Амирҷон Назаров (-69 кг), Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75 кг), Некрӯз Салимов (-81 кг), Давлат Болтаев (-91 кг) ва Сиёвуш Забиров (+91 кг) – ҷойҳои аввалро касб намуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Дар ду вазни дигар муштзан аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Шуҳрат Сабзалиев (-52 кг) ва намояндаи вилояти Хатлон Бахтовар Сагизов (-57 кг) ғолиб омаданд.
Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон ба ҳайати дастаҳои мунтахаби занона ва мардонаи кишвар дохил шуда, минбаъд Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки бархе аз онҳо аллакай имсол дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков, ки моҳи феврал дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек баргузор шуд, чор медал, аз он ҷумла ду нишони тилло ба даст оварданд.
Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило миёни мардон ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 64 кило миёни занон бо медалҳои тилло, Идимоҳ Холова дар вазни то 69 кило дар сабқати занон бо медали нуқра ва Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба бокс дар соли 2019:
Занон
-51кг
1. Қосимова Сумайя (Душанбе)
2. Самиева Фарида (Душанбе)
3. Холова Ҳусния (Хатлон-2)
3. Ҳақназарова Руҳафзо (Душанбе-1)
-57кг
1. Самадова Миҷгона (Душанбе)
2. Абдухолиқзода Мадина (Душанбе-2)
3. Ҷалилова Ҷавҳарбӣ (Хатлон-2)
3. Шарифова Фарзона (Душанбе)
-60кг
1. Зулқайнарова Шоира (Душанбе)
2. Каримова Фарзона (Душанбе-2)
3. Давлатқадамова Қурбонсултон (ВМКБ-1)
3. Мамадҷонова Фарзона (Суғд-1)
-69кг
1. Холова Идимоҳ (Душанбе)
2. Бобоёрова Нилуфар (Душанбе-1)
3. Назарова Нигора (ШНТМ)
3. Одинаева Мавлуда (Душанбе)
- 75кг
1. Каримова Нодира (Хатлон-1)
2. Марҷонаи Сабзалӣ (Хатлон-2)
3. Муҳсинова Сурайё (Суғд-1)
3. Юсуфова Мадина (Душанбе-2)
Мардон
-52кг
1. Сабзалиев Шуҳрат (ВМКБ-1)
2. Оқилов Дилшод (Суғд-2)
3. Рустамов Шермуҳаммад (Суғд-2)
3. Алиев Иззатулло (Душанбе-1)
-57кг
1. Сагизов Бахтовар (Хатлон-2)
2. Воҳидов Асрор (Суғд-2)
3. Шарипов Абдулло (Душанбе-1)
3. Убайдов Акмал (ШНТМ-1)
-63кг
1. Усмонов Баҳодур (Душанбе)
2. Шарифзода Ромис (Суғд-2)
3. Саломатов Шуҳрат (Душанбе)
3. Салимов Иқбол (Душанбе-1)
-69кг
1. Назаров Амирҷон (Душанбе-1)
2. Болтаев Абдумалик (ШНТМ)
3. Сафаров Акбар (Суғд-1)
3. Оғоназаров Шоҳрух (ВМКБ-1)
-75кг
1. Мирзомуҳаммади Бахтиёр (Душанбе-1)
2. Ҷафоев Наврӯз (Суғд-1)
3. Амонов Абубакр (Душанбе-2)
3. Нозимов Шоҳрух (Хатлон-1)
-81кг
1. Салимов Некрӯз (Душанбе)
2. Саидов Аҳмадҷон (Душанбе-1)
3. Шарифов Некрӯз (Хатлон-2)
3. Ҳафизов Абдурауф (Хатлон-1)
-91кг
1. Болтаев Давлат (Душанбе-1)
2. Бобоев Баҳодур (Хатлон-1)
3. Ашуров Ҳоҷимуҳаммад (Хатлон-2)
3. Қурбонов Ҷаҳон (Суғд-1)
+91кг
1. Забиров Сиёвуш (Душанбе-1)
2. Сулаймонов Далер (Суғд-1)
3. Каримов Ҳикматулло (ШНТМ-1)
3. Аброриддинов Муҳаммад (Душанбе)