Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон оғоз меёбад


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 6-уми апрел бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ – ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ – «Истаравшан»-и Истаравшан шуруъ мешавад.

Ду бозии дигари даври аввали мусобиқот рӯзи якшанбеи 7-уми апрел доир мегардад. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бо «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо дастаи меҳмон – «Хатлон»-и Бохтар – рақобат мекунанд.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 28-ум барпо мегардад, монанди соли гузашта ҳашт даста ширкат меварзад.

Мусобиқоти имсола низ аз се давра иборат аст. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи охиринро мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки ҷойи ҳафтумро ишғол мекунад, дар охири мавсим барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал мубориза мебарад.

Ёдовар мешавем, мусобиқоти соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори ҳафтум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Кӯктош” гардид.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2019

Лигаи олӣ

Даври 1-ум

6 апрел (шанбе)

«Кӯктош» – ССКА «Помир»

«Панҷшер» – «Истаравшан»

7 апрел (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Хатлон»

Даври 2-юм

11 апрел (панҷшанбе)

«Истиқлол» – «Хатлон»

«Истаравшан» – «Хуҷанд»

13 апрел (шанбе)

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

14 апрел (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG