Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе мизбони бозии "Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар Ҷоми AFC-2019


Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) -2019 дар гурӯҳи “D” миёни ду бошгоҳи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд рӯзи чоршанбе, 3-юми апрел, барпо мегардад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар арафаи ин бозӣ имрӯз, 2-юми апрел, дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон», нишасти хабарӣ доир мегардад.

Дар ин нишаст сармураббиёни ҳарду даста – Ҳаким Фузайлов («Истиқлол») ва Нуъмонҷон Юсупов («Хуҷанд»), ҳамчунин якнафарӣ бозигарон аз ин дастаҳо дар бораи омодагиашон ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 иттилоъ медиҳанд.

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд»-ро ҳакамон аз Шри-Ланка бо раҳбарии довари ФИФА Гамини Нивон Робеш доварӣ мекунанд. Рустам Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Субраманиан Маникам аз Малайзия комиссари ин бозӣ мебошанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 дар гурӯҳи "D" дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), "Дордой" (Қирғизистон), "Алтин Асир" (Туркманистон) ва “Хуҷанд” (Тоҷикистон) рақобат мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ имрӯз, 2-юми апрел, шуруъ шуда, 26-уми июн ба поён мерасад. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

3 апрел (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Сардовар: Гамини Нивон Робеш (Шри-Ланка).

Нозири доварон: Рустам Юсуф Мирзо (Арабистони Саудӣ).

Комиссари бозӣ: Субраманиан Маникам (Малайзия).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм

17 апрел (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм

1 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум

15 май (чоршанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 5-ум

19 июн (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

26 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

XS
SM
MD
LG