Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони навраси тоҷик дар Ҷоми Аврупо бе медал монданд


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни наврасон, ки рӯзҳои 30-31-уми март дар шаҳри Тулаи Русия баргузор шуд, бе медал монданд.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон (кадетҳо) дар Тула 325 варзишгар (178 писар ва 147 духтар) аз 20 кишвар иштирок дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон чор гуштигир дохил буд. Аз байни онҳо танҳо Ғаниҷон Ғаниев натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Молдова ва Беларус ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз Абдулкарим Тесуев (Русия) мағлуб шуд. Сипас Ғаниҷон барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Дзианис Яусеенко (Беларус) бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб намуд.

Дар вазни зери 73 кило Мусо Симсек (Туркия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Абдулкарим Тесуев (Русия) ғолиб омад, бо медали тилло сарафароз гашт. Астемир Мараев (Русия) ва Дзианис Яусеенко (Беларус) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Се варзишгари дигари тоҷик – Темур Муҳиддинов (-73 кг), Эмомризо Анварзода (-90 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (+90 кг) - дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 37 медал (11 тилло, 9 нуқра ва 17 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Испания бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) ҷойи дувум ва мунтахаби Италия бо касби 6 медал (1 медали тилло, 1 медали нуқра ва-4 медали биринҷӣ) ҷойи севумро гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум дар ҷойгоҳи 13-ум қаро гирифт.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG