Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма дар Сангвор ба амволи чанд хонавода зиён расонд. ВИДЕО.АКС


Бар асари кӯчиши тарма дар ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара), шарқи Тоҷикистон шаш хонавода зиён ва ҳудуди сад чорвои сокинон талаф ёфтааст. Сокинони деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор рӯзи 28-уми март гуфтанд, ки шаби гузашта тарма аз болои деҳа ба поён ҳаракат карда, роҳу хати барқро тахриб кард ва ба боғҳову чорпои онҳо зиён расонд.

Алӣ Сафаров, як сокини деҳаи Дараи Ҳайрон рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иншоотҳои ёрирасони манзили зисти ӯ тахриб шуд ва 17 сар чорвои калони шохдораш зери тарма кушта шуд. "Барои сокини деҳа аз даст додани чорвояш талафоти калон аст. Дигар ҳамсояҳо ҳам зарар диданд. Оилаҳои занбӯри асал ҳам зери тарма монд. Дарахтҳои боғҳоро шикаст",-гуфт ин сокини ноҳияи Сангвор.

Дар Тоҷикистон, ки аксари минтақаҳои аҳолинишинаш дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгир аст, дар пайи офатҳои табиӣ талафоти ҷониву молӣ сабт мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз вуқӯи бештари ҳодисаҳои тармафароӣ ва обхезӣ дар минтақаҳо ҳушдор медиҳад. Умеда Юсуфова, сухангӯи ин Кумита гуфт, ки кӯчиши тарма ва селхезӣ сабт шудааст. Ӯ гуфт, бар асари офатҳои табии талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

"Бинобар номусоид омадани боду ҳаво эҳтимоли сар задани дигар офатҳои табии пешгӯи мешавад. Мо дар минтақаҳои хавфнок бо мардум кор мекунем, то ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ худу амволи худро ҳифз кунанд",-гуфт ӯ.

Тарма дар Сангвор 10 хонаро вайрон кард ва 100 чорворо кушт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Сокинони ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг дар ҷануби Тоҷикистон низ аз селхезӣ хабар доданд. Бар асари селхезӣ дар ин минтақа, пули миёни деҳаҳои Даштирубоб ва Сияҳфарк хароб шуда, рафтуои сокинони деҳот ба маркази ноҳия мушкил шудааст. Инчунин гуфта мешавад, ки селхезӣ ба корхонаи коркарди тиллои "Гули Мурод" низ дар Ховалинг осеб расонидааст.

Дар Тоҷикистон, ки аксари минтақаҳои аҳолинишинаш дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгир аст, дар пайи офатҳои табии талафоти ҷониву молӣ сабт мешавад. Бар асоси иттиллои ҷамъовардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар муддати 16 сол, яъне аз соли 1997 то соли 2014, Тоҷикистон дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ 500 миллион доллар зиён дидааст ва аз ҳама бештар дар ин хисорот сел "саҳм" гузоштааст.

Солона сел ба иқтисоди Тоҷикистон 15 миллион доллар зарар мерасонидааст, баъдан хушксолӣ, ки ҳар сол мардуму ва иқтисодро аз панҷуним миллион доллар маҳрум мекардааст. Фалокати саввуми зиёновар барои Тоҷикистон заминларза будааст, ки дар натиҷаи он ҳар сол кишвар 3 миллион доллар зарар медидааст.

XS
SM
MD
LG