Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ


Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон, дар рақобатҳои ниҳоӣ оид ба гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ ғолибони марҳилаи интихобӣ, ки дар ду давр дар сатҳи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо доир гардид, ширкат варзиданд.

Варзишгарон дар мусобиқот оид ба гуштии озод, ки рӯзҳои 21-22-юми март доир гардид, аз рӯи даҳ дараҷаи вазнҳо рақобат карданд. Дар нӯҳ вазн гуштигирони шаҳри Душанбе ва дар як вазн намояндаи вилояти Суғд ғолиб шуданд. Дар байни ғолибон паҳлавонони шинохтаи тоҷик, ба мисли Баҳодур Қодиров, Искандари Рустам ва Фарҳод Анақулов ҳастанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод:

Вазни то 57 кг - 1. Ҳикматулло Воҳидов (Душанбе). 2. Саидҷон Гулов (Душанбе). 3. Зиёдулло Ҳукуматов (Душанбе). 3. Илоҳибахш Абдуллоев (Душанбе). Вазни то 61кг - 1. Ҷамшед Шарифов (Душанбе). 2. Мустафохон Юлдошев (Суғд). 3. Шарифбек Мирзоев (Душанбе). 3. Комрон Холов (Душанбе). Вазни то 65 кг -1. Абулқосим Файзиев (Душанбе). 2. Фарҳод Усмонзода (Душанбе). 3. Муҳсинҷон Маҳмадҷонов (Душанбе). 3. Одинамади Ҳасан (Душанбе).

Вазни то 70 кг - 1. Сорбон Абдулҳаев (Душанбе). 2. Абумуслим Раҷабов (Душанбе). 3. Муборакшо Қурбонбеков (ВМКБ). 3. Оятулло Садуров (Душанбе). Вазни то 74 кг - 1. Ғуломҷон Шарипов (Душанбе). 2. Сомонҷон Икромов (Душанбе). 3. Каромат Носиров (Хатлон-2). 3. Фаррух Абдураҳимов (Душанбе). Вазни то 79 кг - 1. Салимҷон Ҳалимзода (Душанбе). 2. Усмони Қосим (Хатлон-2). 3. Тутиё Карамхудоев (ВМКБ). 3. Аъзамҷон Юсупов (Суғд).

Вазни то 86 кг - 1. Баҳодур Қодиров (Душанбе). 2. Файз Файззода (Душанбе). 3. Хусрав Наҷмиддинов (Душанбе). 3. Фарҳод Собитов (Суғд). Вазни то 92 кг - 1. Фаридун Одилов (Суғд). 2. Шукрулло Раҷабов (Душанбе). 3. Саҳобиддин Ризоев (ШНТМ). 3. Анвар Ҳасанов (Душанбе). Вазни то 97 кг - 1. Искандари Рустам (Душанбе). 2. Комилҷон Шералиев (Хатлон-2). 3. Рамазон Олимов (Душанбе). 3. Раҷабмурод Тоиров (Хатлон-1). Вазни то 125 кг - 1. Фарҳод Анақулов (Душанбе). 2. Яъқуб Наимов (Душанбе). 3. Илҳом Мирзохоҷаев (Хатлон-2). 3. Боборабӣ Шафиев (Душанбе).

Варзишгарон дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии юнонию румӣ низ аз рӯи даҳ дараҷаи вазнҳо рӯзҳои 23-24-уми март рақобат намуданд. Дар ҳашт вазн гуштигирони Душанбе ва дар ду вазн варзишгарони вилояти Суғд ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии юнонию румӣ:

Вазни то 55 кг - 1. Бахтиёр Нағзибеков (Душанбе). 2. Одил Ғуломносиров (Душанбе). 3. Муҳиддин Муҳаммадалиев (Суғд). 3. Парвиз Ниёзов (Хатлон-2). Вазни то 60 кг - 1. Давлаталӣ Шарипов (Душанбе). 2. Дилшод Нағзибеков (Душанбе). 3. Исфандиёр Шуҳратзода (Суғд). 3. Шукур Мазитов (Душанбе). Вазни то 63 кг - 1. Давлатҷон Асроров (Суғд). 2. Зайниддин Қамаров (Хатлон-2). 3. Рӯзадор Ҷуганиев (Душанбе). 3. Баракатулло Камолов (Душанбе).

Вазни то 67 кг - 1. Мубинҷон Аҳмадов (Душанбе). 2. Мустафо Атоев (Душанбе). 3. Сайфиддин Аминҷонов (Хатлон-2). 3. Фаррух Муродов (Душанбе). Вазни то 72 кг - 1. Ҷасур Аюбов (Душанбе). 2. Амирҷон Зуҳуров (Душанбе). 3. Раҳматуллои Неъматулло (Душанбе). 3. Шаҳзодҷон Очилов (Суғд). Вазни то 77 кг - 1. Муслиҳиддин Уроқов (Душанбе). 2. Алишер Азимов (Суғд). 3. Шафқат Халифаев (Хатлон-2). 3. Алишер Бобохонов (Хатлон-2).

Вазни то 82 кг - 1. Маҳмад Исмоилов (Душанбе). 2. Суҳроб Абдулҳаев (Душанбе). 3. Азизҷон Гулов (Душанбе). 3. Обидҷон Воситов (Душанбе). Вазни то 87 кг - 1. Тоҳирҷон Охонов (Душанбе). 2. Умед Яъқубов (Суғд). 3. Фирдавс Раҳмонов (Суғд). 3. Комил Мустонов (Душанбе). Вазни то 97 кг - 1. Азимҷон Ҳомидов (Суғд). 2. Амирҷон Ҷӯраев (Суғд). 3. Муҳаммад Ҳасанов (Душанбе). 3. Иброҳим Азизов (Суғд). Вазни то 130 кг - 1. Азмиддин Ваҳҳобов (Душанбе). 2. Бахтиёр Сайфиев (Суғд). 3. Эраҷ Салимов (Хатлон-2). 3. Зоҳир Исматов (Душанбе).

Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон, қаҳрамонҳои нави кишвар ба ҳайати дастаҳои мунтахаби гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ дохил шуда, Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG