Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳриёр Даминов дар Ҷоми ҷаҳонии қаиқронӣ ду медал гирифт


Шаҳриёр Даминов
Шаҳриёр Даминов

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози ҷаҳонӣ оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, ки рӯзҳои 23-25-уми март дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон баргузор шуд, 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) гирифтанд.

Дар ин мусобиқа варзишгарони 14 кишвари се қора, аз ҷумла 8 кишвари Осиё (Қазоқистон, Малайзия, Мянмар, Тайбейи Чин, Тоҷикистон, Филиппин, Ҳиндустон, Ҳонгконг), се кишвари Аврупо (Украина, Португалия, Шветсия) ва 3 кишвари Африқо (Кения, Нигерия, Тунис) иштирок карданд.

Тоҷикистонро дар Ҷоми бози ҷаҳонӣ 23 варзишгар намояндагӣ кард. Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С-1) ба масофаи 500 метр соҳиби медали тилло гардид. Куан-Чиеҳ Лай аз Тайбей ҷойи дуюм ва Гаврав Томер аз Ҳиндустон ҷойи сеюмро гирифтанд.

Даминов, инчунин, дар каноэи якнафарӣ (С-1) ба масофаи 1000 метр бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Варзишгари Ҳиндустон Сунил Сингҳ Салам бо медали тилло ва Куан-Чиеҳ Лайи аз Тайбей бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Медали дуюми биринҷиро Зоҳирҷон Набиев ва Нурмуҳаммади Тоҳир дар байдаркаи дунафарӣ (К-2) ба масофаи 500 метр ба даст оварданд. Дар ин навъи рақобатҳо варзишгарони Португалия ҷойи аввал ва қаиқронҳои Ҳиндустон ҷойи дуюмро азони худ карданд.

Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов, варзишгари маъруфи тоҷик, соли гузашта дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон соҳиби медали нуқра гардида буд.

XS
SM
MD
LG