Бошгоҳи ССКА “Помир”-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро аз рӯи силсилаи пеналтӣ шикаст дод, барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) гардид.
Замонии асосии бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 24-уми март дар варзишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. Ҳисобро Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари ССКА “Помир”, дар дақиқаи 32-юм боз кард. Голи ҷавобиро Насим Расулов, бозигари “Истаравшан”, дар дақиқаи 79-ум ба самар расонид.
Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Қаҳрамони ин дидор, дарвозабони ССКА “Помир” Меҳвар Сулаймонов, ки ду тӯби аз пеналтӣ задаи бозигарони “Истаравшан”-ро баргардонд, низомиёнро ғолиб намуд. ССКА “Помир” бо Ҷоми ЛФТ мукофотонида шуд.
Барои ҷойи сеюм дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Дилшод Бозоров дар дақиқаи 37-ум зад.
Дар Ҷоми ЛФТ, ки аз 16-ум то 24-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар майдонҳои осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, доир гардид, нӯҳ даста – ҳафт бошгоҳи лигаи олии футболи Тоҷикистон, мунтахаби наврасони кишвар (U-17), инчунин дастаи «Олға»-и Бишкеки Қирғизистон ширкат доштанд.
Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон
Финал
«Истаравшан» – ССКА «Помир» – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 1:4
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 32 (0:1). Насим Расулов, 79 (1:1).
«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Фаридун Деҳқонов (Насим Расулов, 56), Азизҷон Шамсиев, Бахтиёр Абдураҳмонов, Тулқин Умаров, Ҷамшед Ҳасанов, Қаҳрамон Ҳомидов (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 56), Фирӯз Қараев, Диловар Бойқузиев, Бахтовар Зокиров (Асадбек Зиёзода, 82), Илҳом Баротов.
ССКА «Помир» (Душанбе): Меҳвар Сулаймонов, Комрони Мирзохон, Ваҳдат Ҳанонов, Суҳроб Ҷалилов, Қурбонбой Шералиев, Шамсиддин Қосимов, Абдулмуъмин Забиров, Билол Сулаймонов, Бахтиёр Азимов (Алетсе Кувенса, 83), Шодибек Ғаффоров (Идибек Ҳабибуллоев, 83), Эйя Эдвард.
Огоҳӣ гирифтанд: Азизҷон Шамсиев, Фирӯз Қараев («Истаравшан»), Абдулмуъмин Забиров, Суҳроб Ҷалилов, Шамсиддин Қосимов, Эйя Эдвард, Қурбонбой Шералиев (ССКА «Помир»).
Бозигари беҳтарини дидор: Меҳвар Сулаймонов (ССКА «Помир»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
24 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон». 500 тамошобин.
Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
«Кӯктош» – Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – 3:1
Голҳо: Азизбек Султонов, 22 (1:0). Ислом Зоиров, 24 (1:1). Муҳсин Абдуғаффоров, 36 (2:1). Меҳроҷиддин Музаффаров, 79 (3:1).
Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
«Хатлон» – «Олға» – 3:0 (натиҷаи техникӣ)
Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум
«Хуҷанд» – «Панҷшер» – 1:0
Гол: Дилшод Бозоров, 37.