Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ду медал гирифтанд


Хушқадам Хусравов

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, поягузори гуштии самбо, ки рӯзҳои 22-23-юми март дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии Маскав баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад, ҳудуди 200 гуштигир аз 30 кишвар шикат дошт. Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир шуд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки муовини сардовари ин мусобиқаи байналмилалӣ буд, имрӯз, 24-уми март, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ва Федератсияи самбои Русия ҳамасола баргузор мекунанд, Тоҷикистонро чор варзишгар намояндагӣ кард. Хушқадам Хусравов ва Файзиддин Абдуллоев оид ба самбои варзишӣ, Бахтовар Абдуллоев ва Сорбон Латифов дар намуди самбои размӣ рақобат намуданд.”

Дар рӯзи аввали мусобиқа - 22-юми март, Бахтовар Абдуллоев дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 100 кило қувваозмоӣ кард. Дар ин вазн ҳамагӣ се варзишгар иштирок дошт. Абдуллоев аз Ҳадис Иброҳимови русиягӣ мағлуб гашт ва барои ҷойи сеюм медали биринҷӣ гирифт.

Дар қувваозмоии ниҳоӣ дар ин вазн Иброҳимов ба Аннақурбонови туркман, ки бидуни рақобат ба финал баромад, дастболо шуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Аннақурбонов соҳиби медали нуқра гардид.

Се варзишгари дигари тоҷик рӯзи шанбе, 23-юми март, вориди рақобатҳо шуданд. Қаҳрамони феълии ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 62 кило баъди ду пирӯзӣ ба Ниек Ламбертс аз Нидерланд ва Вадим Фомин аз Эстония, дар даври ниманиҳоӣ аз Владимир Березовскийи русиягӣ мағлуб гашт. Хусравов барои медали биринҷӣ гуштигири муғул Унуболд Лхагваламтсро шикаст дод ва мақоми сеюмро касб намуд.

Дар ин вазн ҳамагӣ 15 гуштигир қувваозмоӣ кард. Дар финал Березовский ба Юсуф Исмоилови туркман пирӯз шуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Ба ҷуз аз Хусравов медали дигари биринҷӣ насиби Парассат Ҷумъабойи қазоқ гардид.

Файзиддин Абдуллоев дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 90 кило дар даври аввал қувваозмоиро ба Давид Оганисяни русиягӣ бохт. Дар ин вазн низ ҳамагӣ 15 нафар иштирок дошт. Оганисян дар қуввазомоии ниҳоӣ ба Неъмат Ёқубов аз Узбекистон ғолиб омада, барандаи медалли тилло шуд. Неъматов медали нуқра, Дмитрий Герасименко (Сербия) ва Хашбаатар (Муғулистон) медали биринҷӣ гирифтанд.

Сорбон Латифов, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон, дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 62 кило, ки ҳамагӣ 7 нафар рақобат кард, дар аввалин қувваозмоии худ аз Салак Бараканови қирғиз шикаст хӯрд.

Дар ин вазн Фёдор Дурманови русиягӣ дар финал Шерзод Расулови узбекро шикаст дода, соҳиби медали тилло гардид. Руслан Юсупови туркман ва Салак Бараканови қирғиз барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.

Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо - Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) - бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG