Рӯзи ҷумъа, 22-юми март, мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 (U-23) шуруъ шуд. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, аз бозии даври аввал озод буд.
Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “F” бо ширкати се дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон - дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд баргузор шудааст.
Нахуст рӯзи ҷумъа, 22-юми март, бозӣ дар ин гурӯҳ миёни футболбозони ҷавони Узбекистон ва Ҳиндустон доир гардид. Дастаи мизбон – Узбекистон, ки қаҳрамонии феълии Осиё маҳсуб мешавад, бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Дар даври дуюм рӯзи якшанбе, 24-уми март, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон нахустин бозиашро муқобили тими Ҳиндустон анҷом медиҳад. Дар даври охирин рӯзи сешанбе, 26-уми март, дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд. Ҳарду бозӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Тошканд соати 17:00 шуруъ мешавад.
Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки омодагиро ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё моҳи январ шуруъ кардаанд. Ин мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ афзуд, “омодагӣ аз рӯи нақшае, ки бо Федератсияи футболи Тоҷикистон тарҳрезӣ намудем, ҷараён дошт. Бо кӯмаки ФФТ ҷамъомадҳои таълимиву тамринии худро гузарондем. Дар Қатар, Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои контролӣ анҷом додем. Фикр мекунам, бачаҳо ба мусобиқот хуб омодагӣ гирифтаанд. Вазифаи мо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ пайдо кардан аст.”
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони ёздаҳ гурӯҳ, инчунин чор дастаи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Агар мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи аз рӯи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.
Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «F»
Даври 1-ум
22 март (ҷумъа)
Ҳиндустон – Узбекистон – 0:3
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Узбекистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-0 |
3 |
2 |
Тоҷикистон |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
3 |
Ҳиндустон |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-3 |
0 |
Даври 2-юм
24 март (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
Тоҷикистон – Ҳиндустон
Даври 3-юм
26 март (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
Узбекистан – Тоҷикистон
Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор мешаванд.
Натоиҷи бозиҳои даври 1-ум дар гурӯҳҳои дигар:
Гурӯҳи «А»
Умон – Непал – 1:0
Қатар – Афғонистон – 2:0
Гурӯҳи «В»
Фаластин – Шри-Ланка – 9:0
Баҳрайн – Бангладеш – 1:0
Гурӯҳи «С»
Ироқ – Яман – 5:0
Эрон – Туркманистон – 3:1
Гурӯҳи «D»
Имороти Муттаҳидаи Араб – Лубнон – 6:1
Арабистони Саудӣ – Молдив – 6:0
Гурӯҳи «Е»
Сурия – Қирғизистон – 2:0
Урдун – Кувайт – 2:1
Гурӯҳи «G»
Ҳонконг – Сингапур – 1:1
Кореяи Шимолӣ – Муғулистон – 1:0
Гурӯҳи «Н»
Кореяи Ҷанубӣ – Тайбэйи Чин – 8:0
Австралия – Камбоҷа – 6:0
Гурӯҳи «I»
Ҷопон – Макао – 8:0
Мянмар – Тимори Шарқӣ – 7:0
Гурӯҳи «J»
Чин – Лаос – 5:0
Малайзия – Филиппин – 3:0
Гурӯҳи «К»
Тайланд – Индонезия – 4:0
Ветнам – Бруней – 6:0
Музди меҳнат дар Тоҷикистон боз боло рафтааст. Сокинон аз он шикоят доранд, ки ҳукумат “шукрона”-и онҳоро ба инобат намегирад ва бо вуҷуди арзонӣ дар бозор музди меҳнатро ба маротиб боло бурдаанд. Як манбаъ дар агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо шарти зикр нашуди номаш дар ҷавоби катбӣ ба мо гуфт, ки дигар мансабдорон даст ба коррупсия намезананд ва пули буҷети давлатӣ самаранок истифода мешавад. Манбаъи дигари мо дар кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ телефонӣ тасдиқ кард, ки мансабдорони тоҷик худотарс шудаанд ва аз даст задан ба ришваситонӣ худдорӣ мекунанд. Коршиносон якбора боло рафтани музди меҳнат дар Тоҷикистонро ба “шукр”-и зиёд гуфтани сокинон рабт медиҳанд.
Музди меҳнат дар Тоҷикистон боз боло рафтааст. Сокинон аз он шикоят доранд, ки ҳукумат “шукрона”-и онҳоро ба инобат намегирад ва бо вуҷуди арзонӣ дар бозор музди меҳнатро ба маротиб боло бурдаанд. Як манбаъ дар агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо шарти зикр нашуди номаш дар ҷавоби катбӣ ба мо гуфт, ки дигар мансабдорон даст ба коррупсия намезананд ва пули буҷети давлатӣ самаранок истифода мешавад. Манбаъи дигари мо дар кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ телефонӣ тасдиқ кард, ки мансабдорони тоҷик худотарс шудаанд ва аз даст задан ба ришваситонӣ худдорӣ мекунанд. Коршиносон якбора боло рафтани музди меҳнат дар Тоҷикистонро ба “шукр”-и зиёд гуфтани сокинон рабт медиҳанд.
Гандуму дону ғалла, орду сабӯсу палла, Хоку замину пору, обу каланду салла! Халқи тайёрахӯри мо ҳамеша дастнигари дигаронем. Замин дар ихтиёр, оби мусаффои фаровон, “вроде” мардуми заҳматкашу деҳқон дорем, ҳанӯз ҳам аз камбуди гандуму қимматии орд азият мекашем. Оё гандумкорӣ ҳам “терроризм” аст? Оё деҳқонӣ “сепаратизм” аст?
"Озоди" ба чотон ман шарм доштум - "рУстанипарвари" :)
Statistikai hukumat ham az dasti fassodkoriash shubhanok ast!