Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳҷоизаи паҳлавонии наврӯзӣ насиби Темур Раҳимов шуд


Темур Раҳимов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки рӯзи 20-уми март дар шаҳри Норак баргузор шуд, дар вазни мутлақ ғолиб омад ва бо шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав – мукофотонида шуд.

Дар ин мусобиқаи идонаи паҳлавонӣ гуштигирон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо рақобат карданд.

Барои мукофоти аслӣ – автомашинаи сабукрав – паҳлавонон дар вазни мутлақ мубориза бурданд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Темур Раҳимов ба Фурқат Назриев пирӯзӣ ба даст овард ва соҳиби шоҳҷоиза гардид.

Зимнан, Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 8-10-уми марти имсол дар Марокаш баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило барои барои ҷойи севум ба Владут Симионеску аз Руминия пирӯз шуд.

Ғолибони мусобиқаи паҳлавонии Наврӯзӣ дар Норак дар вазнҳои дигар низ бо ҷоизаҳои кумитаи тадорукот сарфароз шуданд. 24-уми март дар шаҳри Душанбе боз як мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ доир мегардад.

Ҳамчунин бахшида ба Иди байналмилалии «Наврӯз» дар шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ сурат гирифт, ки дар ин чорабиниҳо ҳазорҳо нафар сокинони пойтахт ширкат варзиданд.

Дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз аз 21-ум то 31-уми март дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба ғайр аз гуштии миллӣ, аспдавонию бузкашӣ, инчунин баргузории мусобиқоти идона аз рӯи намудҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, дастхобонӣ, тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмоту шашка ва ғайра дар назар аст.

XS
SM
MD
LG