Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони ҷопонии таронаҳои тоҷикӣ. ВИДЕО


Машю Камазакӣ, як мусиқинавози 30-сола аз шаҳри Токиои Япония тахминан се сол пеш ошиқи мусиқии тоҷикӣ шуд. Мегӯяд, шиносоии ӯ бо фарҳанги мусиқии ин мардум аз як таронаи "Қалъабандӣ" дар иҷрои Парвин Юсуфӣ шурӯъ шуд, ки дар шабакаи интернет пайдо кард ва баъди сафар ба Тоҷикистон ин мусиқинавоз тавонист таронаҳои дигари тоҷикиро низ омӯзад.

Соли 2018 Машю бори аввал ба Тоҷикистон сафар кард ва дар назди устоди ҳунари мусиқӣ Содирхон Убайдуллоев дар Хуҷанд бо ҳунари дуторнавозии ин ҳунарманди тоҷик ошно шуд.

"Аз YouTube шунидам. "Қалъабандӣ"-ро аз YouTube аввал шунидам ва баъдан матнашро ба ман як корманди сафорати Тоҷикистон дар Токио навишта дод. Аз ӯ ёд гирифтам. Ман сӯҳбат намекунам, вале хати тоҷикиро хонда метавонам. Аз роҳи худомӯзӣ ёд гирифтам. Баъд дар консерте дар Токио соли 2018 “Қал"абандӣ”-ро иҷро кардам",-мегӯяд ин мусиқинавози ҷопонӣ.

Машю Камазакӣ, ки пора-пора тоҷикиву узбекиро ёд гирифтааст, мегӯяд, таваҷҷӯҳаш ба фарҳанги мардуми Осиёи Миёна аз он ҷо зиёд шуд, ки дар барномаи ҳукуматии Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Япония ва ё JlCA ба ҳайси омӯзгори мусиқӣ пазируфта шуд.

"Қалъабандӣ"-и тоҷикӣ дар иҷрои овозхони ҷопонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

​Ин созмон дар Тоҷикистон аз солҳои 1990-ум ва бо ҳадафи кӯмак дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ фаъолият мекунад ва як бахши кораш ҳам ба тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ иртибот мегирад. То имрӯз ин созмон миллионҳо доллар кӯмакашро барои барномаҳои рушди Тоҷикистон ихтисос додааст. Ин ниҳод дар Узбекистон ҳам кор мекунад.

Машю мегӯяд, соли 2015 барои ду сол ба хотири таълим додани дарси пианино ба Узбекистон рафт. Аз ду соли кораш дар ин кишвар як қисми вақташ дар Бухоро ва қисми дигараш дар Тошканд сипарӣ шуд. Вале вақте ба Бухоро омад, дар они воҳид, аз як омӯзгори мусиқӣ, ба як шогирд табдил шуд.

Мегӯяд, дар Бухоро буд, ки аввалин бор торро дид ва ба даст гирифту дар ҳайрат шуд, ки бо танҳо ду тори ин асбоб мешавад чунин мусиқии зебову мафтункунандае иҷро кард. Ӯ гуфт, баъди Бухоро дар назди омӯзгори касбии дутор дар консерваторияи Узбекистон дар Тошканд дарси дуторнавозӣ омӯхт.

"Як сол баъди рафтанам ба Узбекистон ман дуторнавозонро дидам. Ман дар ҳайрат мондам. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки дар Осиёи Марказӣ чунин як асбоби фавқулодда хуби мусиқиро мебинам. Ман аз садои дутор ва ҳам тарзи иҷрои он дар ҳайрат мондам. Ҳеҷ фикр намекардам, ки бо ин ду торе, ки дутор дорад, чунин наворо берун овардан мумкин бошад",-мегӯяд ӯ.

Машю гуфт, маҳз дар ҷараёни ҳамин дарсҳо дар Тошканд устоди дигари мусиқиаш - Сироҷиддин Ҷӯраев, як торнавози маъруфи Узбекистон ба ӯ оҳанги тоҷикии "Ҷавонон"-ро таълим дод. Мегӯяд, ҳамин сабаб шуд, ки хост дар навбати баъдӣ ба Тоҷикистон ҳам барои ошноӣ бо муҳити мусиқии ин кишвар сафар кунад.

Зимнан, то сафар ба Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2018, бо Сироҷиддин Ҷӯраев дар Япония консерти муштарак барпо карданд ва Машю оҳанги "Ҷавонон"-ро барои ҳамватанонаш иҷро кард. Мегӯяд, "садои дутор тамошобини япониро тасхир кард".

Соли 2018 Машю бори аввал ба Тоҷикистон сафар кард ва дар назди устоди ҳунари мусиқӣ Содирхон Убайдуллоев дар Хуҷанд бо ҳунари дуторнавозии ин ҳунарманди тоҷик ошно шуд. Мегӯяд, бисёр мехоҳад тобистони имсол ҳам ба Тоҷикистон баргашта, бо Содирхон як барномаи ҳунарӣ иҷро кунад.

Машю ба ин суол, ки оё барои ӯ дарк кард ва иҷро кардани матнҳои тоҷикӣ ва узбекӣ мушкил набуд, гуфт, бисёр талош кард "як каме ҳарфи сирилликро азхуд" карда, бо ҳамин хат матнҳои таронаҳоро ҳам иҷро намояд.

Вай мегӯяд, аз боз шудани имкони шиносоиву дарки дунёи нави мусиқӣ бисёр ҳаяҷон дорад, чунки оҳангу навои барои ӯ комилан нав мӯъҷизаи худро дорад.

Дар рӯзи таҷлили Наврӯз Машю Камазакӣ хонандаҳои вебсайти Радиои Озодиро ба тоҷикӣ табрик кард ва гуфт: "Наврӯзатон муборак":

Ҷопоние, ки мафтуни мусиқии тоҷикӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG