Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Обрезон"-и наврӯзӣ дар Хатлон. ВИДЕО


Мардуми Навобод зарфу либоси шустаро дубора обгардон мекунанд. Мегӯянд, "оби чашма фарқ мекунад". Ин "фарқ" дар фаҳмиши онҳо, яъне пок ва муқаддас. Об аз чаҳор унсури муқаддасест, ки қадимиҳои ин мардум ба он арҷ мегузоштанд.

Дар маросими обрезон се маротиба аз болои об гузаштан, "ғусли таъмид"-ро ба ёд меорад.

Наврӯзи деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ аз маросими "Обрезон" оғоз меёбад. Занони ин деҳа субҳ бо куртаи чакан, ки домони пурофтобро монад, ба лаби чашма барои адои ин маросим мераванд. Бо зарфи дасташон оби чашмаро берун мерезанд. Ин амал аз рӯи ин бовар аст, ки чун аз ин зарф се бор аз чашма об бирезӣ, пок мешавад.

Наврӯз дар тасаввури ин мардум эҳёст. Онҳо мехоҳанд ин эҳё аз покӣ оғоз шавад. Мегӯянд, покиро об медиҳад. Мардуми Навобод аз оби чашма се каф менӯшанд ва мегӯянд, "зарарро дафъ мекунад" ва ба ин боваранд, иҷрои ин маросим дар наврӯз, саломатиашонро ҳифз мекунад.

"Обрезон"-и наврӯзии аҳолии Навобод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Чун ба айёдати бемор ё азодоре бираванд, баъди се каф об задан ба чеҳра ба манзили худ бармегарданд. Дар маросими обрезон се маротиба аз болои об гузаштан, "ғусли таъмид"-ро ба ёд меорад. Бовар доранд ин кор ҷисман ва рӯҳан онҳоро пок месозад. Гоҳҳо ба ин баҳона ба бадани якдигар об ҳам мерезанд.

Пеши даромадгоҳи ҳавлӣ об мепошанд, то аз қадами номубораке манзилашонро муҳофизат намоянд. Вақте, ки касе аз аҳли хонавода ҷое ба сафар мебарояд, аз пушти ӯ низ об мепошанд. Барои он, ки сафараш бехатар шавад ва роҳи бозгашташон рӯшан бошад.

Баъди иҷрои маросими "обрезон" занони деҳа меосоянд -- рӯҳашон болида мешавад ва гӯё бори сангинеро аз дӯш гирифтанд. Ин вазъи равонии онҳоро шеъру таронаҳои наврӯз аст, ки пурра месозад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG