Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истаравшан" аввалин шуда ба финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон роҳ ёфт


Дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан баъди натиҷагирии даври дувуми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), ки рӯзи 19-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд доир гардид, аввалин шуда ба финали ин мусобиқа роҳ пайдо кард.

«Истаравшан», ки дар бозии даври дувум бо раҳбарии сармураббии нав Тоҳирҷон Муъминов тими «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «В» ғолиб шуд ва пешакӣ ба финал баромад.

Рақиби “Истаравшан” дар бозии ниҳоӣ рӯзи 22-юми март, замоне ки бозиҳои охирин дар гурӯҳҳои «А» ва «С» баргузор мешаванд, маълум хоҳад шуд. Дар мавриди пирӯзии «Олға»-и Бишкек ба «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, дар бозии ниҳоии Ҷоми ЛФТ рӯзи якшанбе, 24-уми март, бошгоҳи пойтахти Қирғизистон бо «Истаравшан» рақобат хоҳад кард.

Рӯзи 19-уми март боз ду бозии дигари даври дувум бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расид: «Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:4, «Панҷшер» – ССКА «Помир» – 1:1.

Дар Ҷоми ЛФТ нӯҳ даста – ҳафт бошгоҳи лигаи олии Тоҷикистон, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ва тими «Олға»-и Бишкеки Қирғизистон - ширкат доранд.

Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:4

Голҳо: Дилшод Восиев, 8 (0:1). Дилшод Восиев, 42 (0:2). Холмурод Назаров, 53 – ба дарвозаи худ (0:3). Азизбек Султонов, 75 (1:3). Давронҷон Эргашев, 87 (1:4).

19 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Бонки миллӣ».

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Олға» (Бишкек)

1

1

0

0

2-1

3

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

5-3

3

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

0

0

1

1-4

0

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

«Хатлон» – «Истаравшан» – 0:2

Голҳо: Диловар Бойқӯзиев, 33 (0:1). Азизҷон Шамсиев, 69 (0:2).

19 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон».

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

2

0

0

6-2

6

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

0

1

2-4

0

3

«Хатлон» (Бохтар)

1

0

0

1

0-2

0

Гурӯҳи «С». Даври 2-юм

«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 1:1

Голҳо: Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, 39 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 42 (1:1).

19 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон».

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

ССКА «Помир» (Душанбе)

2

1

1

0

2-1

4

2

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

1

0

1

0

1-1

1

3

Мунтахаби Тоҷикистон (U-17)

1

0

0

1

0-1

0

Даври 3-юм

22 март (ҷумъа)

12:00 – «Олға» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон»

14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон». Варзишгоҳи «Баҳористон»

14:30 – Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – «Панҷшер». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

Бозиҳои плей-офф

24 март (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

Финал

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG