Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунҳое, ки дастрасӣ ба маблағгузориро масдуд мекунанд


“Қобилияти иттиҳодҳо барои дастрас кардани маблағгузорӣ ва захираҳо қисми ҷудоинопазир ва ҳаётан муҳими ҳуқуқи муттаҳидшавӣ аст.”

Гузориши Гузоришгари махсуси СММ оид ба озодии ҷамъомади осоишта ва муттаҳидшавӣ, майи соли 2012

Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқ доранд, ки бидуни дахолати номуносиби давлат барои худ маблағгузорӣ дарёфт кунанд. Ба гуфтаи Гузоришгари махсуси СММ оид ба озодии ҷамъомади осоишта ва муттаҳидшавӣ, “ҳама гуна иттиҳодҳо, ба қайд гирифташуда ва нагирифташуда, бояд ҳуқуқи ҷустуҷӯ ва дарёфти маблағгузорӣ ва захираҳо аз шахсони ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла аз шахсони инфиродӣ, ширкатҳо, СҶШ [созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ], ҳукуматҳо ва ташкилотҳои байналмилалиро” дошта бошанд.[98] Бо вуҷуди ин, манбаҳои маблағгузорӣ барои ташкилотҳо коҳиш ёфтаанд ва бисёри кишварҳо аз болои дастрасии маблағгузорӣ барои ташкилотҳо назорат ва маҳдудиятҳои шадидтар ҷорӣ кардаанд. Манбаҳои миллии маблағгузорӣ одатан мувофиқи афзалиятҳои ҳукумат кор мекунанд (мисол, вақте ки ташкилотҳо таъминкунандаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббие мешаванд, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешаванд). Мунтазам мушоҳида мешавад, ки маблағгузории ҳукуматӣ танҳо барои чунин созмонҳое дастрас аст, ки бо ҳукумат ҳамақидаанд ё сиёсати ҳукуматро танқид ва баррасӣ намекунанд. Илова бар ин, якчанд кишвар ба ташкилотҳое, ки аз хориҷа маблағ дарёфт мекунанд, маҳдудиятҳо гузоштаанд, ва бисёри онҳо маҷбур шуданд, ки фаъолияти худро қатъ кунанд.

Дар Русия, чунин созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки нақтаи назари ҳукуматро танқид мекунанд ё бо он мувофиқ нестанд, аз маблағгузории давлатӣ маҳруманд. Баробари ин, захираҳои бузург ба чунин таҳвилгарони хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда мешаванд, ки бо вуҷуди таъмин кардани хизматрасониҳои муҳим, дар назди ҷамъият масъул ва ҳисобдеҳ нестанд.

Гуруҳҳои бо сиёсатҳои ҳукумат муносиб, аз ҷумла онҳое, ки ақидаҳои миллатчигӣ ё бунёдгаро ва калисои православиро дастгирӣ мекунанд, гирандагони асосии маблағгузории барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷудошудаанд.[99]

Ба таври шабеҳ, дар Гвинеяи Экваторӣ маблағҳои давлатӣ умдатан ба ташкилотҳои ғайридавлатии тобеи ҳукумат дода мешаванд, ва ташкилотҳои мустақили ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ин мақсад ҳатто андешида намешаванд.[100] Дар Лаҳистон, барои тақсим кардани маблағ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ як муассисаи тобеи ҳукумат[101] масъул аст, ки созмонҳои ба ҳукумат наздикро дастгирӣ карда, ба дигар созмонҳо, ба мисли гуруҳҳои муайяни ҳифзи ҳуқуқи занон ва паноҳгоҳҳо, эътибор намедиҳад.[102] Дар бархе аз кишварҳо, қонунгузорӣ ошкоро ташкилотҳои ғайридавлатиро дар асоси ақидаҳои сиёсии онҳо аз маблағгузорӣ маҳрум мекунад. Масалан, дар Исроил, созмонҳое, ки унвони “кишвари яҳудиёни” Исроилро рад мекунанд ё рӯзи истиқлолияти кишварро ҳамчун рӯзи мотам қайд мекунанд, аз маблағгузорӣ маҳрум мешаванд.[103]

Манбаъҳои хориҷӣ ва байналмилалии маблағгузорӣ барои бисёри созмонҳо ягона роҳи фаъол мондан аст. Идора ё маҳдуд кардани чунин маблағгузорӣ усули таъсирбахши хомӯш кардани созмонҳое мебошад, ки нисбати ҳукумат танқидомез ё аз он мустақил ё ба сиёсати ҳукумат номувофиқ арзёбӣ мешаванд. Қонунгузорие, ки ба манбаҳои байналмилалӣ ва хориҷии маблағгузорӣ дахолат мекунад, одатан қисми стратегияи фарохтари бадном кардан ва тахриб кардани қонунияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тариқи тасвир кардани онҳо ҳамчун “агентҳои хориҷӣ”, “душманони давлат” ё “воситаҳои тарғиботи ҳукуматҳои хориҷӣ” аст. Бо вуҷуди ин, мафҳумҳои ба мисли “манфияти миллӣ ё давлатӣ”, “амнияти миллӣ”, “мустақилият” ва “мубориза бо терроризм” мунтазам барои асоснок кардани чораҳои масдудкунанда ва ҳамчун “бесадоқат” ва барои кишвар хатарнок тасвир кардани ин созмонҳо истифода бурда мешаванд

Қонуни Русия оид ба агентҳои хориҷӣ аз соли 2012 намунаи чунин қонунгузорӣ аст.[104] Истилоҳи “агенти хориҷӣ” то ҳол, чун дар давраи Ҷанги сард, ҳаммаънои “ҷосус”, “хиёнаткор” ва “душмани давлат” аст. Мутобиқи ин қонун, агар ташкилоти ғайридавлатие, ки дар Русия қайд шудааст ва маблағгузории хориҷӣ истифода мебарад, бо “фаъолияти сиёсӣ” машғул бошад, он “агенти хориҷӣ” эътироф мешавад. Чунин созмонҳо бояд дар феҳрасти “агентҳои хориҷии” Вазорати адлия қайд карда шаванд. Дар матни қонуни соли 2012 фаъолияти сиёсӣ ҳамчун “иштирок, аз ҷумла тариқи маблағгузорӣ, дар ташкил ва иҷро кардани намоишҳои сиёсӣ баҳри овардани нуфуз ба қарорҳои органҳои давлатӣ бо мақсади тағйир додани сиёсатҳои давлатӣ, аз ҷумла нуфуз овардан ба нуқтаи назари мардум бо ҷунин мақсадҳо” шарҳ дода шудааст.[105] Соли 2016, ба ин таъриф шумораи зиёди хусусиятҳои ҳаёти ҷамъият ва қариб ҳамаи шаклҳои иштирок дар он ҳамроҳ карда шуданд.[106]

Сарфи назар аз он, ки фаъолиятҳо дар соҳаи илм, фарҳанг, санъат, тандурустӣ, кумаки иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити атроф дар қонуни мазкур ҳамчун “фаъолияти сиёсӣ” дараҷабандӣ нашудаанд, дар асл, қариб ҳар як ташкилоти ғайридавлатие, ки аз хориҷи кишвар маблағ мегирад, новобаста аз табиати фаъолияти худ ё маблағи гирифташуда ва новобаста аз он, ки маблағ бевосита ҳамчун грант аз фонди хориҷӣ ё бавосита аз дигар ташкилоти ғайридавлатии русӣ, ки аз хориҷа маблағгузорӣ мегирад (ё гирифта буд), дарёфт шудааст, ба феҳрасти “агентҳои хориҷӣ” ворид карда мешавад.[107] Доираи татбиқи ин қонун то дараҷае кушод аст, ки ҳатто як созмони кумак ба шахсони дорои касалии қандро ҷаримаи калон бастанд ва ба феҳраст илова карданд, ва дар оқибат аъзои он октябри соли 2018 эълон карданд, ки созмон фаъолияти худро қатъ мекунад.[108]

Қонуни мазкур ба ҷомеаи шаҳрвандии Русия таъсири манфӣ расонд.[109] Тибқи иттилои Вазорати адлия, то моҳи июни соли 2018, дар феҳраст 76 ТҒД фаъол буданд. Аз рӯзӣ ҷорӣ шудани ин қонун, ҳадди ақал 158 гуруҳ тамғаи “агенти хориҷӣ” гирифтанд, ки аз онҳо 30 маҷбур шуданд, ки баста шаванд ва беш аз 40 гуруҳи дигар сарфи назар аз коҳиш ёфтани ҳаҷми фаъолиятҳо қабули маблағгузории хориҷиро қатъ карда, аз феҳраст бароварда шуданд.[110]

Созмонҳои ҳифзи муҳити атроф, ба мисли “Беллона-Мурманск” ва “Дронт”; созмонҳое, ки баҳри тарғиби таҳсил кор мекарданд ва дар соҳаи тадқиқоти таърихӣ машғул буданд, ба мисли “Мемориал”; созмонҳои тарғибгари ислоҳот дар системаи адлия ва ҳабсхонаҳо, ба мисли “Правовая основа” ва Кумитаи пешгирии шиканҷа; созмонҳои ҳифзи ҳифзи ҳуқуқи занон, ба мисли “Иттиҳоди занони Дон”; созмонҳои тарғибгари озодии баён, ба мисли “Маркази ҳифзи ҳуқуқҳои воситаҳои ахбори омма”; созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи ақаллиятҳо, ба мисли гуруҳи ЛГБТИ “Максимум”; ва Фонди ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Новосибирск, бархе аз созмонҳое буданд, ки “агентҳои хориҷӣ” эълон шуданд ва дар идомаи фаъолияти худ бо мушкилиҳо дучор мешуданд.[111] Ин ва шумораи зиёди созмонҳои дигар гирифтори тафтишҳо, ҷаримаҳои гарон, таҳдидҳо ва мурофиаҳои судӣ шуда, дар оқибат маҷбур шуданд, ки байни идомаи дарёфти маблағи хориҷӣ ва тамғаи “агенти хориҷӣ”, қатъ кардани фаъолият ё танҳо ба манбаҳои русӣ, аз ҷумла грантҳои президентӣ ё маҳаллӣ, ки метавонанд сабаби маҳдуд шудани мустақилият шаванд, такя кардан интихоб кунанд.

ГАЛИНА АРАПОВА, МАРКАЗИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА (ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ) — ТАРҒИБИ ОЗОДИИ БАЁН ВА ПЕШНИҲОДИ КУМАКИ ҲУҚУҚӢ

“Созмони ғайритиҷории Маркази ҳифзи ҳуқуқҳои воситаҳои ахбори омма (MMDc) соли 2015 “агенти хориҷӣ” эътироф шуда буд. Қонун оиди “агентҳои хориҷӣ” кори созмони моро шадидан маҳдуд кард... барои мо гузаронидани семинарҳо барои коргарони идораҳои матбуотии органҳои мунитсипалӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳҳои вилоятӣ мамнуъ шуд. Инчунин, мақомот дастрасии ҳамаи ташкилотҳои ғайридавлатии русиро ба маблағгузории амрикоӣ мамнуъ карда, аксарияти донорҳои амрикоиро созмонҳои нохоҳам эълон карданд. Ин дастрасии ташкилотҳои ғайридавлатии Русияро ба донорҳои мухталиф ба таври ҷиддӣ маҳдуд кард... мо дар ҳолати номуайянӣ қарор дорем ва доштани назар ё нақшаи стратегии дарозмуддат ва дарёфти дигар навъҳои маблағгузорӣ душвор аст.

Қатъ шудани дастрасӣ ба маблағгузории хориҷӣ ва ҷорӣ шудани талаботи қатъии гузоришдиҳӣ барои ... кормандони ... мо кори иловагӣ ба вуҷуд овардааст. Онҳо вақт ва нерӯи худро ба вазифаи асосии худ сарф карда наметавонанд. Бо вуҷуди ин ва бо тарси зери назорати мақомоти давлатӣ будан, дар ташкилот шиддати носолиме ба миён меояд, ки одамро хаста мекунад. Ман боварӣ дорам, ки ин кӯшиши мақомоти давлатӣ барои дур кардани таваҷҷуҳи ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз нақзи ҳуқуқи инсон ва қатъ кардани кори мо буд.112 Бевосита моил кардани ҳукумати Русия ба ин ё он қарор бефоида ва бесамар аст. Ягон ишораи шаффофият нест. Ягона умеди мо... мубоҳиса кардани унвони “агенти хориҷӣ” дар Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон аст. Қарори ин додгоҳ натанҳо ба мо, балки ба дигар ташкилотҳои ғайридавлатии дар кишварҳои дигар (ба мисли Маҷористон) дар вазъияти шабеҳ қарор дошта, таъсир мекунад.”112

Якчанд ташкилоти ғайридавлатии Русия ҳоло қонуни “агентҳои хориҷиро” дар Суди аврупоии ҳуқуқи инсон мубоҳиса карда истодаанд.113 Далелҳои пешниҳодшуда инчунин он фактро дар бар мегиранд, ки доғдор шудани гирандагони маблағгузории хориҷӣ ба озодии баён ва муттаҳидшавӣ халал мерасонад, зеро он ба қобилияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони онҳо барои иштирок дар музокираҳои ҷамъиятӣ ва иштирок дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири назаррас дорад.[112]

Қонуни “агентҳои хориҷии” Русия дар дигар кишварҳои собиқ шӯравӣва давлатҳои дигар таъсири мусалсал ба миён оварда, ба ҷорӣ шудани қонунгузории нав барои масдуд кардани маблағгузории хориҷӣ шуд. Соли 2013, Озарбойҷон қонуни марбут ба ташкилотҳои ғайридавлатии худро тағйир дода, ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ иҷозат намедиҳад, ки бидуни иҷозати пешакӣ аз манбаҳои хориҷӣ маблағҳои беш аз 200 манат (117 доллар) дарёфт кунанд.[113] Дар Қазоқистон, тағйироти соли 2016 ба Кодекси андоз чунин созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ки барои намудҳои муайяни фаъолият маблағгузории хориҷӣ мегиранд, уҳдадор кардааст, ки мақомотро оиди гирифтани маблағҳо хабардор кунанд.[114] Дар Тоҷикистон, ба қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ соли 2015 тағйиротҳое ворид шуданд, ки аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ талаб мекунанд, ки ҳангоми гирифтани маблағ аз манбаҳои хориҷӣ Вазорати адлияро огоҳ кунанд, ва барои иттиҳодияҳо низомҳои тафтиш ворид карданд.[115] Дар Ҷумҳурии Сербии Босния, июни соли 2018 ҳукумат эълон кард, ки қонун оид ба маблағгузории хориҷиро қабул мекунад, ки назорати ҳукуматро аз болои ташкилотҳои ғайридавлатие, ки маблағи хориҷӣ мегиранд, зиёд мекунад ва фаъолияти аз ҷиҳати сиёсат мубоҳисанокро маҳдуд мекунад.[116]

Дар Беларус, ташкилотҳои ғайридавлатие, ки “бар хилофи қонунгузорӣ”[117] хайроти хориҷиро қабул мекунанд, бо муҷозот рӯ ба рӯ мешаванд ва агар шахсони инфиродӣ “бар хилофи қонунгузории Беларус” ягон гуна грант ё хайроти хориҷӣ гиранд, гирифтори таъқиби судӣ мешаванд. Як фармон аз соли 2015[118] назорати давлатиро аз болои хайроти хориҷӣ сахттар карда, нисбати истифодаи кумаки хориҷӣ мамнуи шадидтар ва дорои тасвияи норавшантар, талаботи ҷиддитар доир ба гузориш додани хайроти хориҷӣ ворид кард ва ба Департаменти корҳои гуманитарӣ ваколатҳои фарохтари назорати истифодаи маблағгузории хориҷӣ дод, аз ҷумла тавассути реҷаи имтиёзнок барои лоиҳаҳои гуманитарии аз ҷониби давлат тасвибшуда.[119]

Дар Миср, қонуни нав оид ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ талаб мекунад, ки қабл аз гирифтани маблағ аз хориҷи кишвар аз Мақомоти миллӣ доир ба танзими ташкилотҳои ғайридавлатии хориҷӣ иҷозат бигиранд. Ин мақомот аз намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ, корҳои дохилӣ, иктишофӣ умумӣ ва дигар органҳои давлатӣ иборат аст. Қонун инчунин дар мавриди ҷамъкунии маблағ дар дохили кишвар тасвиби пешакӣ талаб мекунад. Барои нагирифтани чунин тасвиби пешакӣ то панҷ соли зиндон ва ҷаримаи 1 миллион фунти Миср пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, тибқи Кодекси ҷиноӣ, ҳар шахсе, ки “бо мақсади иҷрои амалҳои ба манфиятҳои миллӣ зараровар ё ноустувор кардани сулҳ ё мустақилият ва ваҳдати кишвар” аз хориҷа маблағ мегирад ҳабси абадӣ мегирад.[120] Ин модда аслан ҳамчун асос барои Парвандаи 173 истифода шуда буд, ки инчунин номи “парвандаи маблағгузории хориҷӣ” дорад ва аз соли 2011 ва аз рӯзи боздошти беш аз сесолаи пешазсудии Ҳишам Гаафар, директори Mada for Media Studies, идома дорад. Шумораи зиёди созмонҳои миллӣ ва хориҷӣ дар асоси ин модда суд мешаванд, ки ин мисоли возеҳи таъқиби созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва занон аст.[121] Сӣ ҳомии ҳуқуқи инсон ва роҳбарони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳуқуқи сафар кардан маҳрум шуданд, дороиҳои 7 созмон ва 10 нафари дигар боздошт шуданд.Судяҳои тафтишотӣ роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатиро ба идора даъват карданд ва бозпурсӣ карданд, аз ҷумла Муҳамад Зарӣ аз Донишкадаи ҳуқуқи инсони Қоира, Мустафо ал Ҳассан аз Маркази ҳуқуқии Ҳишам Мубарак, Азза Солиман аз Маркази кумаки ҳуқуқӣ барои занони Миср ва якчанд нафари дигар.[122] Моҳи марти 2018, созмони ҳифзи ҳуқуқи занон “Назра” эълон кард, ки бинобар боздошти дарозмуддати дороиҳои созмон ва роҳбари он Мозн Ҳассан фаъолияти худро қатъ мекунад.

4.1 ОЁ ҲУКУМАТҲО МЕТАВОНАНД МАБЛАҒГУЗОРИИ ХОРИҶИРО БА ТАВРИ ҚОНУНӢ МАСДУД КУНАНД?

Қонуни байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар ба кишварҳо иҷозат медиҳад, ки ҷустуҷӯ, дарёфт ва истифодаи маблағгузориро то андозае танзим кунанд, масалан, барои пешгирии нуфузи номуносиб ба масъалаҳои сиёсати ватанӣ, аз қабили дастгирии фраксияҳои муайян дар маъракаҳои интихоботӣ ва референдумҳо. Инчунин, шояд барои ҷорӣ кардани воситаҳои назорат аз болои ҳаракати маблағҳои зиёд ба ё аз хориҷи кишвар сабабҳои қонунӣ мавҷуд бошанд — масалан, барои пешгирии пулшӯӣ ё саркашӣ аз пардохтани андоз.

Вале чунин воситаҳои назорат ва танзим бояд зарурӣ ва бо ҳадафҳои қонунии дар қонуни байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар муқарраршуда мутаносиб бошанд. Қонунҳое, ки маблағгузории хориҷиро умуман мамнуъ мекунанд, мустабиданд ва барои хомӯш кардани созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан созмонҳои мунаққиди шахсони ҳукмрон, истифода бурда мешаванд. Ба таври шабеҳ, маҳдудиятҳои беасос нисбати ҳаракати маблағ, ба мисли талаботи Бурунди доир ба интиқол додани ҳама гуна маблағгузории хориҷӣ тавассути Бонки марказии Бурунди, бо мақсади назорати зичи пули аз ҷониби созмонҳои маҳаллӣ гирифташуда пешбинӣ мешаванд.[123]

Дар Ирландия, тағйироти соли 2001 ба Қонуни интихоботи соли 1997 хайроти хориҷӣ ба гуруҳҳои ҷомеаи шаҳрвандиро пурра мамнуъ кард ва ба хайроти ватанӣ маҳдудиятҳои шадид гузошт. Тибқи ин қонун, “ҳар як шахси воқеӣ ё созмоне, ки барои мақсадҳои сиёсӣ хайроти зиёда аз 100 евро (114 доллар) бештар мегирад, бояд қайд карда шавад […] ва баъдан бояд тибқи маҳдудиятҳои хайрот ва меъёрҳои ифшои қонуни мазкур амал кунад”.[124] Иҷро накардани ин талабот ҷиноят аст. Яке аз камбудиҳои асосии ин тағйирот дар он аст, ки истилоҳи “мақсадҳои сиёсӣ” то дараҷае фарох шарҳ дода шудааст, ки метавонад умуман кори тарғиботии як қатор созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро,

аз ҷумла онҳоеро, ки тарафдори муҳофизат ва тарғиби ҳуқуқҳои инсонанд, дар бар гирад, ва ин дар хилофи масъулиятҳои Ирландия тибқи қонуни байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи озодии муттаҳидшавӣ ва баён, аст. Агентии ИА доир ба ҳуқуқҳои асосӣ соли 2018 огоҳ кард, ки мамнуъкунии умумии маблағгузории хориҷӣ метавонад ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Ирландия, ки аксарияти маблағгузории мустақил дар ин кишвар аз трастҳо ва фондҳои хориҷӣ меояд, таъсири махсусан шадид расонад.[125] Қонуни мазкур нисбати созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла онҳое берун аз давраҳои маъракаҳои интихоботӣ ё референдумҳо ба фоидаи ҳуқуқи исқоти ҳамл амал мекарданд, татбиқ карда шудааст.[126] Масалан, Комиссия оид ба стандартҳои муассисаҳои давлатӣ ба Amnesty International Ireland фармон дод, ки гранти 137 000 евроро (156 000 доллар), ки соли 2016 бо мақсади дастгирии маърака баҳри таъмини мувофиқати қонунгузории Ирландия оид ба исқоти ҳамл бо ҳуқуқи башар дарёфт шуда буд, баргардонад.[127] Ду сол пас, Суди олии Ирландия ин фармонро бекор кард ва Комиссия оид ба стандартҳои муассисаҳои давлатӣ иқрор кард, ки қарори мазкур бо нақзи тартибҳо бароварда шуда буд.[128]

Дар Алҷазоир, қонун оиди иттиҳодияҳо аз соли 2012 ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷозат намедиҳад, ки аз идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои хориҷӣ берун аз муносибатҳои ҳамкории пешакӣ барпошуда маблағ гиранд. Қонун инчунин талаб мекунад, ки ҳар гуна маблағгузорӣ бояд пешакӣ аз ҷониби мақомот тасвиб карда шавад. Чунин мамнуъкунӣ иттиҳодияҳоро аз салоҳдиди мақомот вобаста мекунад ва метавонад қобилияти онҳоро барои дарёфт ва истифодаи захираҳои барои корашон ҳаётан муҳим маҳдуд кунад.[129]

Соли 2017, Маҷористон қонун дар бораи шаффофияти созмонҳои аз хориҷа дастгирӣ мешударо қабул кард, ки шабеҳи қонуни “агентҳои хориҷии” Русия аз соли 2012 мебошад. Қонун аз чунин созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар давоми соли андоз аз хориҷи кишвар маблағгузории бевосита ё бавосита дар андозаи зиёда аз 7,2 миллион форинт (25 629 доллар) мегиранд, талаб мекунад, ки дубора ҳамчун “созмони шаҳрвандӣ бо маблағгузории хориҷӣ” қайд шаванд ва ин унвони нанговарро дар нашрияҳо ва вебсайти худ ҳамроҳ кунанд. Ин қонунгузории нав инчунин нисбати гирандагони маблағузории хориҷӣ талаботи сахттари гузоришдиҳӣ муқаррар кард, аз ҷумла уҳдадории гузориш додани хайроти беш аз 500 000 форинт (1 775 доллар) дар як соли андоз ва маълум кардани тафсилот оиди донор. Созмонҳое, ки талаботи қонунро иҷро намекунанд, метавонанд бо ҷаримаҳои гарон ва дар ниҳоят қатъи ҳуқуқи фаъолият дар кишвар рӯ ба рӯ шаванд.[130] Дар қонуни мазкур гуфта мешавад, ки ташкилотҳои ғайридавлатие, ки маблағгузории хориҷӣ мегиранд, метавонанд баҳри “манфиятҳои хориҷӣ” кор кунанд ва бинобар ҳамин мубориза бо пулшӯӣ ва терроризми байналмилалӣ лозим аст. Дар ҳақиқат, зери нишони ин қонун чунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ қарор мегиранд, ки бо тарғиби волоияти қонун, ҳуқуқҳои гурезагон, муҳоҷирон ва дигар гурҳҳои маҳсур ва бо пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии аз ҷониби давлат ба таври кофӣ пешниҳод намешуда машғуланд. Бо вуҷуди қонуни мураккаби оид ба ташкилотҳои ғайридавлатии соли 2011, ки дорои талаботҳои сершумор, аз ҷумла оиди гузоришдиҳии ботафсили маблағгузорӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва ҳисобдиҳии ташкилотҳои ғайридавлатӣ, қонуни соли 2017 барои ба мунаққидон фишор овардан ва онҳоро хомӯш кардан, кори созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро бадном кардан ва мардумро бар зидди онҳо гардондан истифода бурда мешавад.[131]

Дар Беларус, тағйирот ба қисмҳои мухталифи қонунгузорӣ назорати давлатиро аз болои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан аз болои қобилияти дарёфт кардани маблағгузорӣ, шадидтар кардааст. Аз соли 2011, қонун оид ба иттиҳодияҳо ба иттиҳодияҳо иҷозат намедиҳад, ки маблағҳои худро дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявии кишварҳои хориҷӣ нигоҳ доранд. Ин мамнуъ ба иттиҳодияҳо тааллуқ дорад, вале на ба шахсони воқеӣ, ширкатҳои тиҷорӣ, фондҳо ва муассисаҳо.[132] Соли 2011, қонуни мазкур алайҳи Алес Белятский, раиси Маркази ҳифзи ҳуқуқи инсон “Весна”, истифода шуда буд, ки бо иттиҳоми “пинҳон кардани даромад дар андозаи калон” боздошт шуд ва ҳукми чоруним соли зиндон гирифт.[133] Амволи ӯ, “аз ҷумла дороиҳои дар номи шахсони дигар қайдшуда” мусодира шуд ва аз ӯ ҷарима дар андозаи 721 миллион рубли Беларус (82 700 доллар) барои андозҳои фарзан супориданашуда ва 36 миллион рубли Беларус (4 100 доллар) барои хароҷоти давлатӣ ситонида шуд. Иттиҳомҳо заминаи сиёсӣ доштанд ва мақсадашон халал расондан ба кори қонунии ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон буд. Ӯ дар натиҷаи мурофиаи хеле беадолатонае, ки ба стандартҳои байналмилалии адолат ҷавобгӯ набуд, ҳукм гирифт ва баъди қариб се соли зиндон, моҳи июни соли 2014 шартан озод карда шуд.[134]

Алес Белятский, Маркази ҳифзи ҳуқуқи инсон “Весна”:

“Ҳукумати Беларус эҷод кардани муҳити душманонаро барои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ идома медиҳад ва қобилияти кории онҳоро маҳдуд мекунад. Қарор дар бораи кумаки хориҷии беподош аз соли 2015 иҷозат намедиҳад, ки кумаки хориҷии беподош барои кори марбут ба ҳуқуқи инсон дарёфт ва истифода бурда шавад. Қонунгузорӣ ҳатто истифодаи кумаки хориҷии беподошро барои ташкил кардани семинарҳо ва дигар шаклҳои кори таълимӣ ва омӯзишии барои мардум дастрас мамнуъ кардааст... Ҷустуҷӯ ва дарёфти маблағгузорӣ барои кори марбут ба ҳуқуқи инсон дар дохили кишвар ғайриимкон аст, зеро соҳаи хусусӣ аз тарси таъқиби мақомот чунин маблағгузориро пешниҳод намекунад.

“Бо вуҷуди чунин вазъият, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба ҳар ҳол кӯшиш мекунанд, ки кори худро пеш баранд... Мехоҳам ба ҳукумат дар бораи уҳдадориҳои мусбии он оид ба таъмин кардани шароит барои ҷамъомадҳои осоиштаи иттиҳодияҳо ва бартараф кардани дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳо ва мамнуи озодии ҷамъомадҳои осоишта хотиррасон кунам. Ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба мақомоти Беларус дар бобати уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, хусусан ҳуқуқи озодии муттаҳидшавӣ, фишор орад. Инчунин муҳим аст, ки дастрасӣ ба кумаки молӣ бо мақсади рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Беларус ба пуррагӣ таъмин шавад.137​

МАНБАЪҲО:

[98] Гузориши Гузоришгари махсуси СММ оид ба озодии ҷамъомади осоишта ва муттаҳидшавӣ, Маина Кяй, A/HRC/10/27, 2012, https://www.ohchr.org/Documents/HRBodies/HRCouncil/RegularSession/Session20/A-HRC-20-27_en.pdf. Инчунин дар қарори Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид A/RES/53/144, Эъломияи ҳуқуқ ва масъулияти шахсони воқеӣ, гуруҳҳо ва органҳои ҷомеа барои пешбурд ва муҳофизати ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон, 1999, https://www.ohchr.org/Documents/Issues/Defenders/Declaration/declaration.pdf

[99] Saskia Brechenmacher, Civil society under assault: Repression and responses in Russia, Egypt and Ethiopia, published by Carnegie Endowment for International Peace, 2017, https://carnegieendowment.org/2017/05/18/civil-society-under-assault-repression-and-responses-in-russia-egypt-and-ethio- pia-pub-69953

[100] Amnesty International, Equatorial Guinea: Free Human Rights Defenders (Хадамоти хабарӣ, 21 апрел 2017)

[101] National Freedom Institute, соли 2017 таъсис дода шудааст, ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ маблағҳои давлатӣ тақсим мекунад. Директори ин созмон ва аксарияти шӯроҳои онро Кумита оид ба фаъолияти беҳдошти ҷамъиятӣ таъйин мекунад, ки раисаш узви Шӯрои вазирони Лаҳистон аст.

[102] CoE Commissioner for Human Rights, Commissioner concerned about human rights backsliding in Poland, 6 феврал 2018, https://www.coe.int/ en/web/commissioner/-/commissioner-concerned-about-human-rights-backsliding-in-poland?desktop=true; Human Rights Watch, Poland no friend to women, 3 декабр 2017, https://www.hrw.org/news/2017/12/03/poland-no-friend-women

[103] Қонун оид ба фондҳои буҷа (”қонуни накба”) of 2011, https://www.adalah.org/uploads/oldfiles/Public/files/Discriminatory-Laws-Database/English/33- Budget-Foundations-Law-Amendment40-Nakba-Law.pdf Июни 2017, сарвазир Бинёмин Нетаняҳу эълон кард, ки ҳукумат қонуне таҳия мекунад, ки дастрасии ташкилотҳои ғайридавлатии исроилиро ба маблағгузории хориҷӣ маҳдуд мекунад

[104] Номи пурраи ин қонун “Тағйирот ба санадҳои ҳуқуқии Федератсияи Русия оиди ба танзим даровардани фаъолиятҳои ташкилотҳои ғайритиҷории иҷрокунандаи функсияҳои агенти хориҷӣ”

[105] Қонуни федералии №121-ФЗ аз 20 июли 2012 «О внесении изменений в отдельные законодательные акты российской федерации в части регулирования деятельности некоммерческих организаций, выполняющих функции иностранного агента» (қонун оид ба “агентҳои хориҷӣ” рӯзи 23-юми июли соли 2012 дар “Русская Газета” нашр шуда буд.

[106] Нигаред ба тағйирот ба банди 6-уми моддаи 2-юми қонун оид ба ташкилотҳои ғайритиҷорӣ

[107] Amnesty International, Agents of the people. Four years of “Foreign Agents” Law in Russia (индекс: EUR 46/5147/2016)

[108] Human Rights Watch, In Russia, Helping People with Diabetes is “Foreign Agent” Activity, 7 ноябр 2018, https://www.hrw.org/ news/2018/11/07/russia-helping-people-diabetes-foreign-agent-activity

[109] Amnesty International, Russia: A year on, Putin’s “foreign agents law” choking freedom (Хадамоти хабарӣ, 20 ноябр 2013); Amnesty International, Russia: Another independent organization faces hefty fine (Хадамоти хабарӣ, 6 июн 2013); Amnesty International, “Are we really foreign agents?” – Russia’s crackdown on civil society (Хадамоти хабарӣ, 12 ноябр 2014); Amnesty International, Russian court forces closure of prominent human rights NGO (Хадамоти хабарӣ, 8 апрел 2014); Amnesty International, Another prominent Russian NGO is facing closure following a court decision compelling it to register as a “foreign agent” (индекс: EUR 46/036/2014); Amnesty International, Russian NGO branded as “foreign agent” after reporting on Russian military action in Ukraine (Хадамоти хабарӣ, 29 август 2014); Amnesty International, Russia: Joint NGO letter to the president of the Russian Federation to stop clampdown on freedom of association (индекс: EUR 46/050/2014); Amnesty International, Violation of the right to freedom of expression, association and assembly in Russia (индекс: EUR 46/048/2014); Amnesty International, Russia’s increasingly harsh climate for environmentalists (New service, 10 октябр 2014); Amnesty International, Open letter to Putin – 148 NGOs slam “foreign agents” law, 24 ноябр 2014; Amnesty International, Russian NGOs cynically treated like enemies of the state (Хадамоти хабарӣ, 15 ноябр 2015); Amnesty International, Agents of the people. Four years of “Foreign Agents” Law in Russia (индекс: EUR 46/5147/2016)

[110] Human Rights Watch, Russia: Government vs. Rights Groups, 18 июн 2018, https://www.hrw.org/russia-government-against-rights-groups-battle-chronicle

[111] Amnesty International, Agents of the people. Four years of “Foreign Agents” Law in Russia (Индекс: EUR 46/5147/2016)

112 Мусоҳиба бо Галина Арапова, октябр 2018

113 ECHR: Ecodefence and others v. the Russian Federation (9988/13), https://hudoc.echr.coe.int/eng#{%22itemid%22:[%22001-173049%22]} Пеш аз ECHR қазияҳои дигар ҳам буданд, мисол: Levada Centre vs Russia, no. 16094/17 and Application no. 7995/18 Andrey Vladimirovich Rudomakha and North Caucasus Environmental watch vs Russia

[112] International Commission of Jurists, Russia: ICJ and Amnesty International intervene on “foreign agents” law, 3 октябр 2017, https://www.icj.org/ russia-icj-and-amnesty-international-intervene-on-foreign-agents-law/

Инчунин нигаред ба Council of Europe Commissioner for Human Rights’ third party intervention in the proceedings concerning ECODEFENCE and others against Russia and 48 other applications concerning Russia’s legislative framework on non-commercial organizations and, specifically, on the “Foreign Agents” law, 5 июл 2017, https://rm.coe.int/third-party-intervention-by-the-council-of-europe-commissioner-for-hum/1680731087

[113] The International Center for Non-Profit Law, Civic Freedom Monitor: Azerbaijan, тағйироти охирин 21 март 2018, http://www.icnl.org/research/ monitor/azerbaijan.html

[114] Civicus Monitor, Special series on threats to civic space in Kazakhstan - Part 1: Association, https://monitor.civicus.org/newsfeed/2017/02/03/ special-series-threats-civic-space-kazakhstan-part-1-association/

[115] The International Center for Non-Profit Law, Civic Freedom Monitor:Tajikistan, тағйироти охирин 8 июн 2018, http://www.icnl.org/research/monitor/tajiki- stan.html Amnesty international, Anti-torture and other human rights groups vulnerable in Kazakhstan, Kyrgyzstan and Tajikistan (индекс: EUR 04/002/2014)

[116] Srpska Info, Prijedlog SNSD-a ide po hitnom postupku pred poslanike: Srpska dobija zakon o stranim donacijama, июн 2018, https://srpskainfo. com/prijedlog-snsd-ide-po-hitnom-postupku-pred-poslanike-srpska-dobija-zakon-o-stranim-donacijama/

[117] Тағйироти соли 2011 ба Кодекси маъмурӣ муҷозоти маъмурӣ ворид кард

[118] Қарори президент аз соли 2015 дар бораи кумаки хориҷии беподош

[119] Civicus Monitor, Activists face tougher regulation and state surveillance, https://monitor.civicus.org/newsfeed/2016/07/08/be-updated/

The International Center for Non-Profit Law, Civic Freedom Monitor: Belarus, тағйироти охирин аз 13 август 2018 http://www.icnl.org/research/monitor/belarus.html

[120] Моддаи 78-и Кодекси ҷиноӣ моҳи сентябри 2015 аз ҷониби президент Сиси тағйир дода шуд

[121] Парвандаи 173 маъмулан “парвандаи маблағгузории хориҷӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ” номида мешавад. Моҳи июли 2011, ҳайати вазирон ба Вазири адлия фармон дод, ки барои баррасии қабули маблағгузории хориҷӣ аз ҷониби гуруҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муайян кардани гуруҳҳои тибқи қонуни №84 аз соли 2002 қайдшуда кумитаи тафтишотӣ ташкил кунад. Моҳи июни 2013, додгоҳи ҷиноии Қоира ба 43 корманди хориҷӣ ва мисрии ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳукми аз як то панҷ соли зиндон дод. Директорҳо ва кормандони калон, аксаран ба таври ғоибона, ҳукмҳои панҷ соли зиндон гирифтанд. Кормандони мисрии дар кишвар монда ҳукмҳои шартии яксола гирифтанд. Додгоҳ инчунин фармон дод, ки созмонҳои мазкур баста шаванд: International Republican Institute, National Democratic Institute, Freedom House, International Center for Journalists ва Konrad Adenauer Foundation Додгоҳи шикоятӣ ин ҳукмро бекор кард, ва парванда ҳоло дубора таҳқиқ мешавад. Нигаред ба Egyptian Initiative for Personal Rights, Background on Case No. 173 - the “foreign funding case” imminent risk of prosecution and closure, 21 март 2015, https://eipr.org/en/press/2016/03/background-case-no-173-%E2%80%9Cforeign- funding-case%E2%80%9D; Amnesty International, Close Case 173, https://www.amnesty.org/en/latest/campaigns/2016/12/close-case-173/

[122] Amnesty International, Egypt: NGO law threatens to annihilate human rights groups (Хадамоти хабарӣ, 30 май 2017)

[123] Amnesty International, Burundi: Further crackdown on civil society unacceptable (индекс: AFR 16/5678/2017)

[124] Standards in Public Office Commission, Press Release: Standards Commission comments on funding rules under Electoral Act, 13 декабр 2017, http://www.sipo.ie/en/About-Us/News/Press-Releases/2017-Press-Releases/Press-release-Standards-Commission-comments-on-funding-rules-un- der-Electoral-Act.html

[125] European Agency for Fundamental Human Rights, Challenges facing civil society organisations working on human rights in the EU, январ 2018, http://fra.europa.eu/en/publication/2018/challenges-facing-civil-society-orgs-human-rights-eu

Amnesty International Ireland, EU report expresses concerns regarding overly broad application of Ireland’s Electoral Act (Public statement, 18 январ 2018), https://www.amnesty.ie/eu-report-expresses-concerns-regarding-overly-broad-application-irelands-electoral-act

[126] Civicus Monitor, Foreign funding restrictions a “threat” to civil society in Ireland, 21 декабр 2017, https://monitor.civicus.org/news- feed/2017/12/21/foreign-funding-rules-threat-civil-society-ireland/

[127] Amnesty International, Ireland: human rights organizations under threat from draconian law as Amnesty could face criminal charges (Хадамоти хабарӣ, 8 декабр 2017)

[128] Amnesty International Ireland, Amnesty welcomes quashing of SIPO’s decision on OSF grant (Public statement, 31 июл 2018)

[129] The International Center for Non-Profit Law, Civic Freedom Monitor: Algeria, тағйироти охирин аз 9 октябр 2018, http://www.icnl.org/research/monitor/algeria.html

[130] European Center for Non-Profit Law, Hungarian Law on the Transparency of organisations supported from abroad: what’s at stake?, http://ecnl.org/ hungarian-law-on-the-transparency-of-organisations-supported-from-abroad-what-is-at-stake/

[131] Amnesty International, Hungary: NGO law a vicious and calculated assault on civil society (Хадамоти хабарӣ, 13 июн 2017)

[132] Amnesty International, What is not permitted is prohibited. Silencing civil society in Belarus (индекс: EUR 49/002/2013)

[133] Моддаи 243.2-и Кодекси ҷиноии Беларус

[134] Amnesty International, What is not permitted is prohibited. Silencing civil society in Belarus (индекс: EUR 49/002/2013);

Frontline Defenders, Statement on sentencing of human rights defender Mr Ales Bialiatski, 25 ноябр 2011, https://www.frontlinedefenders.org/en/ case/case-history-ales-bialiatski#case-update-id-4173

137 Мусоҳиба бо Алес Белятский, октябр 2018

XS
SM
MD
LG