Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон оғоз ёфт


Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) рӯзи 16-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо се бозӣ шуруъ шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ин мусобиқа нӯҳ даста – ҳафт бошгоҳи лигаи олии Тоҷикистон, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ва тими «Олға»-и Бишкеки Қирғизистон - ширкат доранд.

Дар нахустин даври мусобиқа дар гурӯҳи «А» дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, бо «Олға»-и Бишкек, ки соли гузашта дар қаҳрамонии Қирғизистон ҷойи панҷумро гирифт, рақобат намуд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Ду голи «Олға»-ро Арлен Шаршенбеков ба самар расонид. Голи ягонаи «Хуҷанд»-ро Ҷаҳонгир Эргашев аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ зад.

Дар гурӯҳи «В» дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо раҳбарии сармураббии нав Тоҳирҷон Муъминов тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Фирӯз Қараев, бозигари нави «Истаравшан», ки ду гол зад, қаҳрамони ин дидор гардид.

Дар бозии севуми рӯзи аввали рақобатҳо дар гурӯҳи «С» ССКА «Помир» ба мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯбро Мухтор Ортиқов ба ҳадаф расонд.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 19-уми март баргузор мешавад. Соати 12:00 дар варзишгоҳи «Баҳористон» бозӣ миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Истаравшан», соати 14:00 дар варзишгоҳи «Бонки миллӣ» бозӣ миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Хуҷанд», инчунин соати 14:00 дар варзишгоҳи «Баҳористон» бозӣ миёни «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ ва ССКА «Помир» шуруъ мешавад.

Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Хуҷанд» – «Олға» – 1:2

Голҳо: Арлен Шаршенбеков, 30 (0:1). Арлен Шаршенбеков, 64 (0:2). Ҷаҳонгир Эргашев, 88 (1:2).

Бозигари биеҳтарини дидор: Арлен Шаршенбеков («Олға»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

16 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Бонки миллӣ». 200 тамошобин.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Олға» (Бишкек)

1

1

0

0

2-1

3

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

0

0

0

0

0-0

0

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

0

0

1

1-2

0

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 4:2

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 25 (1:0). Фирӯз Қараев, 35 (2:0). Фирӯз Қараев, 41 (3:0). Тулқин Умаров, 64 (4:0). Расул Пайзов, 80 (4:1). Ҳасан Рустамов, 90+2 (4:2).

Бозигари беҳтарини дидор: Фирӯз Қараев («Истаравшан»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

16 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон». 200 тамошобин.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

1

0

0

4-2

3

2

«Хатлон» (Бохтар)

0

0

0

0

0-0

0

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

0

1

2-4

0

Гурӯҳи «С». Даври 1-ум

ССКА «Помир» – Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – 1:0

Гол: Мухтор Ортиқов, 47.

Бозигари беҳтарини дидор: Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

16 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Бонки миллӣ». 100 тамошобин.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

1

0

0

1-0

3

2

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

0

0

0

0

0-0

0

3

Мунтахаби Тоҷикистон (U-17)

1

0

0

1

0-1

0

Бозиҳои боқимондаи мусобиқа:

Даври 2-юм

19 март (сешанбе)

14:00 – «Кӯктош» – «Хуҷанд». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

12:00 – «Хатлон» – «Истаравшан». Варзишгоҳи «Баҳористон»

14:30 – «Панҷшер» – ССКА «Помир». Варзишгоҳи «Баҳористон»

Даври 3-юм

22 март (ҷумъа)

12:00 – «Олға» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон»

14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон». Варзишгоҳи «Баҳористон»

14:30 – Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – «Панҷшер». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

Бозиҳои плей-офф

24 март (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

Финал

XS
SM
MD
LG