Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон ба Бразилия меравад


Шӯрои FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки дар Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд, Бразилияро макони баргузории мусобиқоти XVI қаҳрамонии ҷаҳон миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола тасдиқ намуд.

Пештар Перу мизбони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон интихоб шуда буд. Вале вакилони FIFA 22-юми феврал дар ҷараёни ташрифи худ ба макони баргузории мусобиқот ва мулоқот бо Федератсиони футболи Перу масоили бисёри ҳалнашударо ошкор сохтанд. Комиссиюни вакилони FIFA тасмим гирифт, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол миёни бозигарони то 17-соларо интиқол бидиҳад.

Мувофиқи тақвими мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол миёни бозигарони то 17-сола бозиҳо бояд аз 5-ум то 27-уми октябри имсол баргузор шаванд. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Англия мебошад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 дар Малайзия барандаи медалҳои нуқра шуда, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни бозигарони то 17-сола гардидааст.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 17-сола 24 даста ширкат меварзад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон моҳи май тавассути қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 17-сола ҳамагӣ 24 даста ширкат меварзад. То имрӯз шаш даста маълум аст. Ба ҷуз тими мизбон – Бразилия, дастаҳои мунтахаби наврасони Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ (ҳарчор аз AFC, Осиё), инчунин Зеландияи Нав (Уқёнус) ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 мушарраф шудаанд.

Боз 18 дастаи мунтахаб, ки тирамоҳ ба Бразилия мераванд, дертар аз рӯи натоиҷи мусобиқоти интихобӣ дар чаҳор конфедератсиони минтақавӣ - КФА (Африқо), КОНКАКАФ (Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ, кишварҳои ҳавзаи Кариб), КОНМЕБОЛ (Амрикои Ҷанубӣ) ва УЕФА (Аврупо) – маълум хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG