Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳирҷон Муъминов сармураббии нави "Истаравшан" шуд


Тоҳирҷон Муъминов, мутахассиси 48-солаи футболи тоҷик, сармураббии нави дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан таъйин шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истаравшан” бо сармураббии нав то охири соли равон қарордод ба имзо расондааст.

Тоҳирҷон Муъминов ду соли ахир сармураббии ССКА «Помир»-и Душанбе буд. Бо раҳбарии ӯ бошгоҳи низомиён соли 2017 барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардидааст. Вале ба иллати натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мавсими соли гузашта бо сармураббӣ Муъминов муҳлати қарордод тамдид карда нашуд.

“Истаравшан” соли гузашта дар мусобиқоти лигаи аввал бо 67 имтиёз ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфт ва ҳамчун дастаи ғолиб ба мусобиқоти лигаи олӣ-2019 роҳхат гирифт.

“Истаравшан” бо раҳбарии Тоҳирҷон Муъминов нахустин бозиашро дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ муқобили тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ анҷом медиҳад. Бозиҳои даври аввал дар лигаи олӣ рӯзҳои 6-7-уми апрел баргузор мешаванд.

Тоҳирҷон Мӯъминов соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои мухталиф дар дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Энергетик”-и Душанбе ва “Наврӯз”-и Андиҷони Узбекистон бозӣ кардааст. Аз соли 1992 то соли 2001 узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.

Тоҳирҷон Муъминов ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ дар дастаҳои “Энергетик” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Хайр” (Ваҳдат), “Равшан” (Кӯлоб), ССКА “Помир” (Душанбе) ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ, инчунин, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси сармураббии яке аз бошгоҳҳои футболи ин кишвар ифои вазифа намудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG