Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 8 варзишгари тоҷик дар Ekaterinburg Grand Slam 2019


Дар мусобиқаи байналмилалии Ekaterinburg Grand Slam 2019, ки рӯзҳои 15-17-уми март дар Екатеринбурги Русия баргузор мешавад, Тоҷикистонро ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ekaterinburg Grand Slam 2019 дар рақобатҳо 403 варзишгар (233 мард ва 170 зан) аз 48 кишвари дунё ширкат меварзад.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон ҳашт гуштигир – Далер Қурбонҷонов, Комрон Мамадназаров (ҳарду дар вазни то 60 кг), Давлаталӣ Назаралиев (вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кг), Саидҷалол Саидов (вазни то 100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (вазни беш аз 100 кг) – дар сабқати мардон ва як нафар – Шоҳида Қаландарова (вазни то 57 кг) – дар рақобатҳо миёни занон иштирок менамоянд.

Рӯзи ҷумъаи 15-уми март, занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбеи 16-уми март барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 17-уми март, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Зимнан, Ekaterinburg Grand Slam 2019, ки баъди Grand Prix дар Телавиви Исроил, Grand Slam дар Парижи Фаронса, Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон ва Grand Prix дар Марокаш панҷумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Ekaterinburg Grand Slam 2019 ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 5000 доллар, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500- долларии ИМА супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG