Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар Тошканд "Оқтеппа"-ро 4:0 шикаст дод


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ тими «Оқтеппа»-и Тошкандро, ки дар Про-лигаи футболи Узбекистон иштирок мекунад, бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб кард.

Ин бозии аввали санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи “Истиқлол”, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён дорад, рӯзи 12-уми март дар варзишгоҳи “Чиғатай”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Дар даҳ дақиқаи нимаи аввали дидор Шаҳром Самиев ва Комрон Турсунов ба дарозаи мизбонон ду гол заданд. Ду голи дигарро меҳмонон дар нимаи дувуми бозӣ ба самар расониданд. Легионери украинӣ Юрий Саломка голи севум ва боз як легионер Ҷалил Кимсанов голи чорумро ба дарвозаи “Оқтеппа” ворид карданд.

Дар охири бозӣ мизбонон имкони сад дар сади голзаниро аз даст доданд. Тӯби аз пеналтӣ задаи рақибро дарвозабони “Истиқлол” Никола Стошич баргардонд.

Бозии дувуми санҷиширо “Истиқлол” бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов рӯзи 15-уми март дар шаҳри Тошканд бо тими “Сурхон”-и Тирмиз баргузор хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки бозиҳои санҷишӣ бо тимҳои Узбекистон дар Тошканд барои “Истиқлол” як марҳилаи омодагии даста ба мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) маҳсуб мешаванд.

Қаҳрамони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар ин мусобиқот дар гурӯҳи «D» рӯзи 3-юми апрел бо ғолиби ҷуфти бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC миёни “Аҳал”-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, анҷом медиҳад.

Зимнан, бозии ҷавобии “Хуҷанд” ва “Аҳал” имрӯз, 13-уми март, дар Варзишгоҳи “20-солагии “Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд соати 14:00 шуруъ мешавад. Бозии аввал як ҳафта пеш дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бо ҳисоби 1:1 хотима ёфта буд.

Ба гурӯҳи «D» ба ҷуз «Истиқлол» ва ғолиби плей-офф (ё “Аҳал” ё “Хуҷанд”), инчунин дастаҳои «Олой»-и Қирғизистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон шомиланд.

Бозии санҷишӣ

«Оқтеппа» - «Истиқлол» - 0:4

Голҳо: Шаҳром Самиев, 5 (0:1). Комрон Турсунов, 10 (0:2). Юрий Саломка, 55 (0:3). Ҷалил Кимсанов, 63 (0:4).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарсонд: Алишер Зиёвуддинов («Оқтеппа»), 86 (дарвозабон)

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов (Никола Стошич, 46), Ҷалил Кимсанов (Сорбон Ғиёсов, 64), Бахтиёр Қаландаров, Алексей Ларин (Шаҳром Раҷабов, 66), Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммад Ҳакимзода, 68), Алишер Ҷалилов (Шаҳбол Раҷабзод, 73), Комрон Турсунов, Шаҳром Самиев (Шаҳром Сулаймонов, 46), Юрий Саломка.

Сардовар: Аҳмадҷон Эргашев (Узбекистон).

2 март. Тошканд. Варзишгоҳи «Чиғатай».

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол» дар доираи ҷамъомади охирини таълимиву тамринӣ:

«Оқтеппа» (Тошканд, Узбекистан) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) - 0:4

15 март (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Сурхон» (Тирмиз, Узбекистон) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)

18 март (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Динамо» (Самарқанд, Узбекистон) - «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG