Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қасд дорад, аз Гугл ва Фейсбук андоз ситонад. ВИДЕО


Завқибек Шодиён
Завқибек Шодиён

Тоҷикистон қасд дорад, аз ширкатҳои хориҷие ба монанди “Гугл”, ки ба сокинони кишвар хадамоти электронӣ пешниҳод мекунанд, андоз ситонад.

Почта, хадамоти тарҷума, браузер, Ютуб ва диски Гугл бепул аст. Ман ин мантиқро намефаҳмам, ки мақомдорони мо аз Гугл чӣ мехоҳанд? Яъне, барои хадамоти бепулаш Гугл бояд андоз диҳад?

Вазорати молияи Тоҷикистон аллакай тарҳи иловаҳоро ба Кодекси андоз омода кардааст ва он рӯзҳои наздик ба ҳукумат фиристода хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон солҳо боз талаб доранд, ки ширктаҳои хориҷӣ молиёт диҳанд, вале то ба ҳол тартиби чӣ гуна гирифтани андоз аз онҳоро маълум накардаанд. Дар гузашта Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, талаб карда буд, ки раҳбарияти “Фейсбук” ба назди ӯ ҳозир шуда ва барои фаъолияти худ андоз диҳанд.​

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Тоҷикистон мехоҳад, аз Гугл ва Фейсбук андоз ситонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

"Аз таҷрибаи Русия истифода мекунем"

Завқибек Шодиён, як масъули Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 12-уми март гуфт, онҳо дар ин кор аз таҷрибаи Русия истифода мекунанд.

“Ширкатҳои хориҷӣ бояд тариқи электронӣ ба мо гузориш диҳанд, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ қадар фоида гирифтанд. Баъд, аз рӯи маблағи даромад, НДС ё андоз аз арзиши иловашуда хоҳанд супурд”, - шарҳ дод ӯ.

Дар Русия аз соли 2017 ширкатҳои бузурги хориҷӣ ба мисли Гугл муваззаф шуданд, ки ба буҷети он кишвар андоз аз арзиши иловашуда супоранд. Барои ин, ширкатҳои бузурги хориҷӣ бояд дар мақомоти андози Русия сабтином шаванд.

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Гугл ва ширкатҳои дигари ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ надоранд ва Завқибек Шодиён ҳам нагуфт, ки даромади ин ширкатҳо аз ҳисоби сокинони Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб хоҳад шуд.

"Агар қонунро риоя накунанд, ҷарима мебандем"

“Дар сурати қабул шудани тарҳи иловаҳо ба қонуни андоз, ширкатҳо ба пардохти молиёт маҷбур мешаванд. Агар қонунро риоя накарданд, он вақт ҷарима хоҳанд шуд”, - афзуд Завқибек Шодиён.

Қонунгузории Тоҷикистон барои риоя накардани қоидаҳои пардохти андоз аз арзиши иловашуда ё НДС ҷазо муқаррар кардааст. Мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои ин кор бисту панҷ дарсади маблағи андози месупурда ҳамчун ҷарима ситонда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони умури мухобирот чунин амрро дар кишвар ғайриимкон медонанд ва мегӯянд, дар гумон аст, ки ширкатҳои бузург барои супоридани андоз ба Тоҷикистон розӣ шаванд.

Фариштамоҳ Гулова.
Фариштамоҳ Гулова.

Ба гуфтаи Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ, ширкатҳое назири Гугл ва Фейбук аз Тоҷикистон даромади зиёде ба даст намеоранд ва барояшон кишвар он қадар аҳамияти калон ҳам надорад.

"Мо ба Гугл ниёз дорем, ё мо ба Гугл?"

Хонум Гулова афзуд, беҳтар аст мақомоти тоҷик ба ҷои истифода аз таҷрибаи Русия ба таҷрибаи кишварҳои дигар рӯй оранд. Масалан, ба гуфтаи ӯ, Ҳиндустон бо доштани беш аз як миллиард аҳолӣ ва фаъолияти намояндаи Фейсбук дар кишвараш, аз Гуглу Фейсбук андоз талаб намекунад.

"Мо барои Гуглу Фейсбук он қадар давлати бузург нестем, ки онҳо рӯй ба тараққиёти мо ниҳанд ва гӯянд, ки мо аз ин кишвар даромади зиёд ба даст меорем, бигзор ба буҷети он андоз супорем. Онҳо метавонанд ҳатто ба пуррагӣ аз мо рӯй гардонанд"-афзуд Фариштамоҳ Гулова.

Аз ҷониби дигар, ин таҳлилгари тоҷик гуфт, танҳо Гугл ва Фейсбук медонанд, ки аз корбарони худ дар Тоҷикистон чӣ қадар даромад гирифтаанд ва бидуни онҳо касе наметавонад ин рақамро муайян кунад.

Ин нахустин иқдоми баҳсбарангези мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ситондани андоз аз бахши мухобирот нест. Қаблан масъулони ин ниҳод гуфта буданд, талош доранд аз гуфтугӯҳо тариқи мессенҷерҳо, аз қабили Вайбер, Ватсап ва ИМО низ андоз ситонанд.

XS
SM
MD
LG