Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Темур Раҳимов дар Marrakech Grand Prix 2019


Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Marrakech Grand Prix 2019), ки рӯзҳои 8-10-уми март дар Марокаш баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Marrakech Grand Prix 2019 дар рақобатҳо 443 варзишгар (259 мард, 184 зан) аз 67 кишвари дунё ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон се гуштигир – Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов ва Темур Раҳимов – дохил буданд. Хоҷазода дар вазни то 73 кило ва Муродов дар вазни то 81 кило, ки рӯзи шанбеи 9-уми март рақобат карданд, дар даври аввал ноком шуданд. Хоҷазода аз Оқилбек Серик (Қазоқистон) ва Муродов аз Калонҷӣ Мбуйӣ (Конго) шикаст хӯрданд.

Темур Раҳимов бошад, рӯзи якшанбеи 10-уми март бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро дар вазни беш аз 100 кило аз даври дувум шуруъ намуда, бар Ҷур Спиҷкерс (Нидерланд) ғолиб омад. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Свен Ҳейнле (Олмон) мағлуб гашт. Сипас Раҳимов Файсел Ҷабаллаҳро аз Тунис шикаст дод ва барои медали биринҷӣ бар Владут Симионеску (Руминия) пирӯз шуд.

Дар “Marrakech Grand Prix 2019 дар Дубай дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Олмон бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойгоҳи аввалро азони худ кард. Узбекистон бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт. Фаронса бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойгоҳи севумро ишғол намуд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 67 кишвар 29-ум шуд.

Зимнан, Grand Prix дар Марокаш, ки баъди Grand Prix дар Телавиви Исроил, Grand Slam дар Парижи Фаронса ва Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон чорумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт, ба варзишгарон имкон дод ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Марокаш ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Барои ҷойи аввал 3000 доллар, барои ҷойи дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1000-долларии ИМА супурда шуд.

XS
SM
MD
LG