Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рақиби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё кам шуд


Дастаи мунтахаби олимпии Покистон (U-23) аз ширкат дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2020, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд баргузор мешавад, даст кашид. Вале то ҳоло сабаби даст кашидани Покистон аз ширкат дар ин мусобиқот маълум нест.

Бинобар ин, Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар тақвими бозиҳои гурӯҳи «F», ки ҳамакнун се даста – Узбекистон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон - иштирок мекунад, тағйирот ворид намуд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд доир мегарданд.

Сабқати интихобӣ дар ин гурӯҳ 22-юми март бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Ҳиндустон оғоз меёбад. Дар даври дувум 24-уми март дастаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон рӯбарӯ мешаванд. Дар даври охирин 26-уми март футболбозони ҷавони Узбекистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони ёздаҳ гурӯҳ, инчунин чор дастаи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ пайдо мекунанд.

Агар мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи аз рӯи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар ҳамин ҳол дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 омодагӣ мебинад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар ин ҷо бо ҳамсолонашон аз Иморот бозии дӯстона анҷом медиҳанд.

Барои бозӣ муқобили тими Иморот ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии кишвар 22 бозигар – 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии дӯстона муқобили Иморот:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Регар-ТадАЗ»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Оятулло Сафаров, Доробҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарсе – ССКА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Алишер Баротов (ҳарду - «Хатлон»), Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду - «Истиклол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳарсе - ССКА «Помир»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Саидмухтор Азимов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби олимпӣ (U-23)

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

22 март (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Ҳиндустон – Узбекистон

Даври 2-юм

24 март (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

ТоҷикистонҲиндустон

Даври 3-юм

26 март (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Узбекистон – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG