Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: "Хуҷанд" бозиро бо "Аҳал" мусовӣ кард


Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2019-ро бо тими “Аҳал”, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Дар ин бозӣ, ки шоми 6-уми март дар варзишгоҳи Ашхобод доир гардид, ҳисобро Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 13-ум боз кард. Баъди 16 дақиқа Дидор Дурдиев, ҳамлагари мизбонон, ҳисобро баробар намуд, ки он то охири бозӣ тағйир наёфт.

Бозии ҷавобии “Хуҷанд” бо “Аҳал” рӯзи чоршанбеи 13-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо мақсад дорем, ки дар бозиҳои плей-офф пирӯз шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AФК роҳ пайдо кунем. Бинобар ин, ҳайати дастаро пурқувват карда, якчанд бозигари моҳирро аз бошгоҳҳои хориҷӣ ва дохили кишвар даъват намудем. Дар бозии ҷавобӣ дар майдони худ танҳо баҳри пирӯзӣ ба майдон омада, мекӯшем, ки бохти порсоларо ҷуброн кунем. ”

Ба гуфтаи сармураббии “Хуҷанд” ба ҳайати даста чаҳор футболбози хориҷӣ - дарвозабон Давид Купатадзе ва ҳимоятгар Торнике Ҷимшелеишвили, ҳарду аз Гурҷистон, ҳимоятгар Асилҷон Бегимқулов аз Узбекистон, ҳамлагар Турсуналӣ Рустамов – узви дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон - қабул шуданд.

Бозии ҷавобии “Хуҷанд” бо “Аҳал” рӯзи чоршанбеи 13-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии дастаи "Хуҷанд".
Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии дастаи "Хуҷанд".

Дастаи ғолиби ин ҷуфт, ки аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум мегардад, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), "Дордой" (Қирғизистон) ва "Алтин Асир" (Туркманистон) рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, моҳи феврали соли гузашта дар ҳарду бозии плей-оффи Ҷоми AFC “Аҳал” бар “Хуҷанд” бо ҳисоби умумии 3:0 ғолиб омада буд. Бозии аввал дар шаҳри Балканободи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 ва бозии ҷавобӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:2 хотима ёфт.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ 2-юми апрел шуруъ шуда, 26-уми июн ба поён мерасад. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2019

Плей-офф. Бозии аввал

«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 13 (0:1). Дидор Дурдиев, 29 (1:1).

«Аҳал» (Туркманистон): Ботир Бобоев, Қурбонгулӣ Аширов, Шуҳрат Суюнов, Даврон Оразалиев (Пирмурод Султонов, 61), Гуванч Абилов (Қурбон Аннаев, 87), Дидор Дурдиев, Вазиргелдӣ Илёсов, Хушгелдӣ Хоҷовов (Ихлос Сафармамедов, 77), Абдӣ Башимов, Мирзо Бекназаров, Мардон Қурбонов.

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Давид Купатадзе, Давронҷон Эргашев, Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Аҳмадов, Асилҷон Бегимқулов, Бахтиёр Чориев, Турсуналӣ Рустамов (Дилшодҷон Каримов, 62), Торнике Ҷимшелеишвили (Комрон Мирзонаҷот, 83), Ойбек Абдуғаффоров (Дилшод Бозоров, 85), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев.

Огоҳонида шуданд: Ихлос Сафармамедов («Аҳал»), Ойбек Абдуғаффоров, Асилҷон Бегимқулов («Хуҷанд»).

Сардовар: Срикришна Коимбаторе Рамасвамӣ (Ҳиндустон).

Нозири доварон: Солеҳ Муҳаммад Ал-Марзукӣ (ИМА).

Комиссари бозӣ: Умед Ҷамолӣ (Эрон).

6 март. Ишқобод. Варзишгоҳи «Ашхобод». 18 100 тамошобин.

XS
SM
MD
LG