Маъмул шудани наворҳои кӯтоҳи мазҳакавӣ ё вайнҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки камбуд дар ҷомеаро аз роҳи ҳаҷву шӯхӣ бозгӯ мекунад, ҷавонони тоҷикро ба таҳияи он шавқманд кардааст.
Акбар Толибов дар як маркази табобати дандон дар Душанбе кор мекунад ва сари чанд вақт бо дӯстонаш наворҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ мегирад. Мегӯяд, бо таҳияи скейҷ ё вайн мехоҳанд, ки ба афкори мардум таъсир расонанд.
Ба қавли ӯ, зиндагии сокинон пур аз лаҳзаҳоест, ки ё бояд ташвиқ ва ё бояд ислоҳ шавад. Ҳоло наворҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Инстаграм то 15 ҳазор нафар мебинанд. “Албатта, одамҳо гуногунанд, касе моро дуруст мефаҳмад ва касе намефаҳмад”, - мегӯяд Акбар Толибов.
Миёни вайнерҳои тоҷик касеро пайдо кардан мушкил аст, ки мавзуъҳои сиёсиро матраҳ кунад. Онҳо бештар масоили иҷтимоӣ ва рафтору муносибати ҷавононро ба риштаи ҳазл мекашанд.
Ҷонӣ Шарифов, яке аз вайнерҳои тоҷик гуфт, ин саҳнаҳо аз зиндагии маъмулии мардум берун меоянд. Вай аз ҳар навори вайни худ то 50 сомонӣ фоида мегирад ва мегӯяд, ҳарчанд маблағи бузург нест, аммо аз дармондагӣ ва гардан каҷ кардан ба пеши дигарон беҳтар аст.
Вайнерҳои тоҷик бовар доранд, ончи онҳо ба воситаи саҳнаҳои худ мегӯянд, беҳтар ба гӯшҳо мерасад. Мӯҳсин Рустамов, яке аз вайнерҳои дигари тоҷик гуфт, “кӯшиш мекунем, ба ҷомеа ягон фоида расонем. Бисёре аз вайнҳо шояд маънои амиқ надошта бошанд, вале талош мекунем, ягон хаторо дар ҷомеа ислоҳ кунем ё ва ба кори нек ташвиқ намоем.”
Бисёриҳо мегӯянд, забону баёни вайнерҳои тоҷик кӯчагист ва дар саҳнаҳои худ баъзан меёърҳои ахлоқиро низ риоя намекунанд. Мӯҳсин Рустамов инро тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, бештар бо лаҳҷа ва забони кӯчагӣ гап мезананд, то дигарон бештар ба дарки ҳаҷви онҳо бирасанд.