Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои бори панҷум барандаи Ҷоми Федератсиони футболи Тоҷикистон гардид. «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи сешанбеи 5-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод.
Ба “Истиқлол” ба ҷуз ҷом медалҳои тилло ва ба дастаи “Кӯктош” медалҳои нуқра супурда шуд. Ин аввалин ҷоизаи “Истиқлол” дар мавсими имсола таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Ҳаким Фузайлов мебошад.
Пеш аз финал 5-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозӣ барои ҷойи сеюм миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Душанбе-83» доир гардид.
Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар 30 дақиқаи замони изофа футболбозони шаҳри Турсунзода ба дарвозаи рақибони худ се гол зада, бозиро ба нафъи худ бо ҳисоби 4:1 анҷом доданд. Ҳамин тариқ, «Регар-ТадАЗ» барандаи медалҳои биринҷии Ҷоми Федератсиони футболи Тоҷикистон гардид.
Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ шуруъ аз соли 2012 барои бори ҳаштум сурат гирифт. Ҳамагӣ се даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол” панҷ бор, «Регар-ТадАЗ» ду бор ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Ҷоми ФФТ-2019. Финал
«Кӯктош» - «Истиқлол» - 2:5
Голҳо: Искандар Ҷалилов, 17 (0:1). Алишер Ҷалилов, 22 (0:2). Меҳроҷиддин Музаффаров, 35 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 47 (1:3). Абдурасул Раҳмонов, 64 (2:3). Шериддин Бобоев, 81 (2:4). Аҳтам Назаров, 87 (2:5).
Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд : Абдурасул Раҳмонов ("Кӯктош"), 64 – дарвозабон баргардонд.
«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Беҳрӯз Хайриев, Принс Артур (Абдурасул Раҳмонов, 62), Холмурод Назаров, Султоншоҳ Мирзоев, Аҳтам Холбоев, Нодирбек Иброҳимов (Фахриддин Сафарзода, 82), Бунёд Шодиев (Муҳаммад Раҳмонов, 75), Муҳиддин Одилов, Муҳсин Абдуғаффоров, Мунир Давлатбеков, Меҳроҷиддин Музаффаров (Азизбек Султонов, 46).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷалил Кимсанов (Ҷалил Кимсанов, 46), Алишер Ҷалилов (Бахтиёр Қаландаров, 56), Фатҳулло Фатҳуллоев, Михайло Сакич (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Комрон Турсунов, Юрий Соломка (Шериддин Бобоев, 46).
Бозигари беҳтарини дидор: Аҳтам Назаров ("Истиқлол").
Огоҳонида шуданд: Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев («Истиқлол»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).
5 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3459 тамошобин.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2019):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 5:2