Имрӯз, 5-уми март, бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2019 миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Истиқлол»-и Душанбе барпо мегардад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 14:00 шуруъ мешавад. Пеш аз финал имрӯз соати 11:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозӣ барои ҷойи сеюм миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Душанбе-83»-и Душанбе оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, “Кӯктош” дар нимфинал бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. “Истиқлол” бошад, дар бозии ниманиҳоӣ тими «Душанбе-83»-ро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод.
Ҷоми ФФТ шуруъ аз соли 2012 барои бори ҳаштум доир гардидааст. Ҳамагӣ се даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол” соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуда, бори чорум бо Ҷом сарфароз гашт. «Регар-ТадАЗ» ду бор ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Ҷоми ФФТ-2019
5 март (сешанбе)
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Оғози бозӣ - соати 11:00
«Регар-ТадАЗ» — «Душанбе-83»
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.
Финал
Оғози бозӣ - соати 14:00
«Кӯктош» — «Истиқлол»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2018):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
Ба телефони бовари ВКД занг занед 221.21.21
Чаро ба хотири манфиати бародари як раиси собик манфиати хазорон шахрванд нодида гирифта мешавад? Ин мардум кучо раванд? Аз ки додхохи кунанд?
Порахури ва мансабфуруши чунин натича медихад. Инхо вакте вазифаро пул дода мехаранд дигар на зури прокурор, на зури пешво, на зури Рустаи дигар зури касе ба инхо намерасад
Честь имею, гапи дустдоштаи Мамадбокир хозир дар расонахо пахн шудааст. Афсус, ин честь ро мардуми зебои точик фаромуш кардаанд. то ба кай гуломи? Аз хоби гарон, хоби гарони 30 сола хезет, мардакону занакон.
ман лозим шавад дар назди худаш исбот карда медихам ки барои хучат имзо кардан чи кадар аз ман маблаг талаб кардааст