Дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Истиқлол»-и Душанбе ба финали Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболиТоҷикистон)-2019 роҳ пайдо карданд. Ҳарду дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 3-юми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуданд, пирӯзӣ ба даст оварданд.
“Кӯктош” дар нимфинал бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. “Истиқлол” бошад, дар бозии ниманиҳоӣ тими «Душанбе-83»-и Душанберо бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Ҳамин тариқ, «Кӯктош» ва «Истиқлол» ба финал баромаданд.
Ба ин тартиб, дар финали Ҷоми ФФТ-2019 рӯзи сешанбе, 5-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаҳои «Кӯктош» ва «Истиқлол» бо ҳам рақобат мекунанд. Бозии ниҳоӣ соати 14:00 шуруъ мешавад.
Зимнан, бозии ниҳоиро рақобати бародарон Фузайловҳо унвон кардан мумкин аст. Зероки сармураббии “Истиқлол” Ҳаким Фузайлов ва сармураббии “Кӯктош” бародари хурдии ӯ Раҳматулло Фузайлов мебошанд.
Пеш аз финал рӯзи сешанбе соати 11:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозӣ барои ҷойи сеюм миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Душанбе-83» оғоз меёбад.
Барандаи феълии Ҷоми ФФТ, ки шуруъ аз соли 2012 барои бори ҳаштум доир гардидааст, дастаи «Истиқлол» мебошад. “Истиқлол” соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуда, бори чорум ин Ҷомро ба даст овардааст. «Регар-ТадАЗ» ду бор ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Ҷоми ФФТ-2019
Нимфинал
«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош» – 1:3
Голҳо: Муҳсин Абдуғаффоров, 35 (0:1). Абдурасул Раҳмонов, 61 (0:2). Меҳроҷиддин Музаффаров, 81 (0:3). Сироҷиддин Аллаев, 88 (1:3).
Аз майдон хориҷ шуд: Далер Шомуродов («Регар-ТадАЗ»), 31 – корти 2-юми зард.
Бозигари беҳтарин: Абдурасул Раҳмонов («Кӯктош»).
Сардовар: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).
3 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.
«Истиқлол» – «Душанбе-83» – 5:0
Голҳо: Алишер Ҷалилов, 33 (1:0). Шериддин Бобоев, 52 (2:0). Комрон Турсунов, 59 (3:0). Эҳсони Панҷшанбе, 63 (4:0). Комрон Турсунов, 88 (5:0).
Бозигари беҳтарин: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
3 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошобин.
5 март (сешанбе)
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Оғози бозӣ - соати 11:00
«Регар-ТадАЗ» — «Душанбе-83»
Финал
Оғози бозӣ - соати 14:00
«Кӯктош» — «Истиқлол»
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2018):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1