Паҳлавонони тоҷик аз мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Grand Slam Duesseldorf 2019” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки рӯзҳои 22-24-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, бе медал бармегарданд.
Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти “Grand Slam Duesseldorf 2019” 605 варзишгар (362 мард ва 243 зан) аз 93 кишвар ширкат дошт.
Тоҷикистонро панҷ варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг) - намояндагӣ карданд.
Аз байни онҳо танҳо Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило баъд аз чор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Олмон, Муғулистон, Швейтсария ва Лаҳистон ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Оно Шоҳел (Ҷопон) шикаст хӯрд. Баъдан Сомон барои медали биринҷӣ аз Лаша Шавдатуашвили (Гурҷистон) мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро соҳиб шуд.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило, ки дар даври аввал бар Артём Хомула (Украина) ғолиб омад, дар даври дувум аз Ҳеончеол Канг (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд.
Се паҳлавони дигари тоҷик дар нахустин даври мусобиқот ноком шуданд. Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило аз Тимо Кавелиус (Олмон), Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило аз Маркус Ниман (Шведсия) ва Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило аз Ҷоаким Дварбӣ (Шведсия) мағлуб гаштанд.
Дар “Grand Slam Duesseldorf 2019” дар Олмон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 14 медал (9 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгоҳи аввалро азони худ кард. Бразилия бо касби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт. Озарбойҷон бо касби 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ҷойгоҳи севумро ишғол намуд. Тоҷикистон бо як ҷойгоҳи панҷум дар байни 93 кишвар 22-юм шуд.
Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали соли гузашта барои аввалин бор мусобиқотро дар мақоми нав баргузор кард. «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳои мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор шуд.
Зимнан, мусобиқот дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт, ки ба варзишгарон имкон дод ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст оранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» - 700 ва «биринҷӣ» - 500 имтиёз дода шуд.
Ғолибону ҷоизадорони “Grand Slam Duesseldorf 2019”
Мардон
60 кг
1. НАГАЯМА Руҷи (Ҷопон)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. ЧКХВИМИАНИ Лукхуми (Гурҷистон)
3. ТВҶИКАДОЕ Торнике (Нидерланд)
66 кг
1. МАРИЯМА Ҷошиба (Ҷопон)
2.КИМ Лимхван (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ШАМИЛОВ Яъқуб (Русия)
3. ЙОНДОНПЕРЕНЛЕИ Баскху (Муғулистон)
73 кг
1. ОНО Шоҳеи (Ҷопон)
2. ЕБИНУМА Массиве (Ҷопон)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. ШАВДАТУАВШИЛИ Лаша (Гурҷистон)
81 кг
1. ФУЖИВАРА Сотаро (Ҷопон)
2. ЛАППИНАГОВ Аслон (Русия)
3. КАССЕ Матиас (Белгия)
3. РЕССЕЛ Доминик (Олмон)
90 кг
1. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
2. МУРАО Санширо (Ҷопон)
3. ИГОЛНИКОВ Михаил (Русия)
3. СМИНК Ҷеспер (Нидерланд)
100 кг
1. ИИДА Кентавра (Ҷопон)
2. ЧО Гуам (Кореяи Ҷанубӣ)
3. БОЕЛЕР Лаурин (Австрия)
3. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
+100 кг
1. ҲАРАСАВА Ҳисайоши (Ҷопон)
2. ТАСОЕВ Инал (Русия)
3. ҲЕГИЙ Стефан (Австрия)
3. ИЛЗИБАЯР Дууренбаяр (Муғулистон)