Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати генерали амрикоӣ дар нишасти амниятӣ дар Тошканд


"Узбекистон барои муқобила бо таҳдидҳои дохилию берунӣ ва пойдории субот дар минтақа бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ мекунад". Дар ин бора рӯзи чоршанбе Баҳодур Қурбонов, вазири дифои Узбекистон дар нишасте бо иштироки генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи қувваҳои Марказии Амрико дар Ховари Миёна изҳорот дод.

Ҷозеф Вотел, генерали амрикоӣ гуфт, Узбекистон омодаи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкориҳои стратегӣ ба кишварҳо талош мекунад, то амнияти дарозмуддат таъмин шавад.

Хабаргузории ТААС гуфт, ки генерали амрикоӣ дар конфронси раҳбарони ситодҳои генералии кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ бо ширкати фармондеҳии қувваҳои Марказии Амрико дар Ховари Миёна сӯҳбат кард.

Генерали амрикоӣ гуфтааст, ки барои ИМА муносибат бо кишварҳои минтақа бисёр муҳим аст.

«Ин нишасти муҳим аст, чун ки таҳдидҳои амниятӣ ҳанӯз вуҷуд дорад ва мо бо ҳам омадем, то роҳҳои коҳиши таҳдидро ба таври алоҳидагӣ ё дастаҷмъӣ баррасӣ кунем», - гуфт Ҷозеф Вотел.

Ба ин хотири Ҷозеф Вотел гуфтааст. Амрико барои оромиш дар Афғонистон аз тамоми имконот истифода мекунад.

Ӯ аз Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон барои роҳандозии нишасти сулҳи Афғонистон дар Тошканд изҳори сипос кардааст.

Дар нишасти Тошканд намояндагони ситодҳои генералии қувваҳои мусаллаҳи Узбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар ин нигаст бештар таъмини амнияту субот дар минтақа ва вазъи Афғонистон баҳс шуд.

XS
SM
MD
LG