Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ зани ӯзбекистонӣ дар Қирғизистон бо гумони дуздӣ боздошт шуданд


Занони боздоштшуда
Занони боздоштшуда

Ҳангоми убури марзи Қирғизистону Ӯзбекистон панҷ зани ӯзбекистонӣ бо гумони дуздии маснуоти заргарӣ аз Мағозаи марказии шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон боздошт шуданд.

Гулмира Бурубоева, намояндаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд.

Яке аз занҳои боздоштшуда эътироф кард, ки дуздӣ кардааст.

"Мо инҷо ба хотири он омадем, ки мол харидорӣ кунем ва ба Ӯзбекистон барем. Дар роҳ ба мағозаи маснуоти заргарӣ даромадем. Дуздиро ман танҳо содир кардам, онҳо (боздоштшудаҳои дигар) гунаҳкор нестанд ва хабаре ҳам надоштанд", - гуфт яке аз занҳои боздошт шуда.

Боздоштшудаи дигар - зани 57-сола, ки дар ноҳияи Яккабоғ омӯзгорӣ мекунад, гуфт, намедонад чаро ӯро боздошт кардаанд.

Улан Омурзақов, корманди пулиси шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон мегӯяд, дар дурбинҳои наворбардор лаҳзаи дуздӣ сабт шудааст.

Бо қарори додгоҳи Ҷалолобод боздоштшудаҳо то ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

XS
SM
MD
LG