Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар "Grand Slam Duesseldorf 2019"


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо бо номи Grand Slam Duesseldorf 2019” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки рӯзҳои 22-24-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти “Grand Slam Duesseldorf 2019” ширкати беш аз 680 варзишгар (мардону занон) аз 97 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро панҷ варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг) - намояндагӣ мекунанд.

Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали гузашта барои аввалин бор мусобиқотро дар мақоми нав баргузор кард. «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳои мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор мешавад.

Мусобиқот дар толори бузургтарини варзишӣ - ISS Dome, ки дорои 15 ҳазор ҷойгоҳ барои тамошогарон аст ва дар онҷо бозиҳои лигаи ҳоккей барпо мегарданд, сурат мегирад.

Зимнан, мусобиқот дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» - 700 ва «биринҷӣ» - 500 имтиёз дода мешавад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз медалу имтиёз, ҷоизаи молӣ супурда мешавад. Маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқот 100 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум - 3000 доллар, ҷойи 2-юм - 2000 доллар, ҷойҳои 3-юм – 1000-долларӣ.

Рӯзи ҷумъаи 22-юми феврал занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбеи 23-юми феврал барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 24-уми феврал, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, се гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов - рӯзи шанбеи 23-юми феврал, ду нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – рӯзи якшанбеи 24-уми феврал – рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Grand Slam Duesseldorf 2018”, ки моҳи феврали соли гузашта дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар дохил буд.

Аз байни онҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар нишон дода, мақоми панҷумро соҳиб шуд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило дар аввалин қувваозмоияш бар Юрий Мокану (Молдова) ғолиб омад. Баъдан Ҷеспер Сминки ҳолландӣ ва Дмитрий Довгани русиягиро мағлуб намуда, ба нимфинал баромад.

Вале Устопириён дар даври ниманиҳоӣ аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро Машу Бакер аз Ҷопон шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи севум ба ғолиби Гран-прии Анталия дар соли 2017 Алтанбагана Гантулга (Муғулистон) бохт.

XS
SM
MD
LG