Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи "Бачаҳои Осиё"


Дар аввалин Бозиҳои зимистонаи байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё”, ки рӯзҳои 9-16-уми феврал дар шаҳри Южно-Сахалинск (Сахалини Ҷанубии вилояти Сахалини Русия) баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгари наврас -- Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов ва Зикруллои Шамсулло -- намояндагӣ карданд.

Ҳарсе варзишгари тоҷик дар намуди лижаронии кӯҳӣ дар рақобатҳо оид ба слалом ва слаломи бузург ширкат варзиданд. Нахуст онҳо дар қувваозмоии слаломи бузург миёни писарон, ки ҳамагӣ 49 варзишгар ширкат дошт, рақобат намуданд. Ҷаҳонгир Аҳёзода бо натиҷаи 1:54.82 ҷойи 23-юм ва Зикруллои Шамсулло бо натиҷаи 1:59.42 ҷойи 24-умро азони худ карданд.

Ҷойи аввалро Глеб Федеров аз Русия бо натиҷаи 1:37.80 ба даст овард. Рйома Катайама (1:37.86) аз Ҷопон ҷойи дуюм ва Олег Фураев (1:38.09) аз Русия ҷойи сеюмро гирифтанд.

Баъдан варзишгарони тоҷик дар рақобатҳо оид ба слалом иштирок карданд. Ҷаҳонгир Аҳёзода дар байни 46 нафар бо натиҷаи 1:38.75 ҷойи 16-ум ва Маҳмудҷон Эшонов бо натиҷаи 2:01.08 ҷойи 18-умро соҳиб шуданд. Се ҷойи аввалро намояндагони Русия – Семён Челмакин (1:17.46), Олег Фураев (1:18.94) ва Александр Тихомиров (1:19.36) ишғол намуданд.

Ба барномаи аввалин Бозиҳои зимистонаи байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё” ҳашт намуди варзиш дохил буд: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, пойгаи лижаронӣ, сноуборд, ҳоккей, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек.

Дар бозиҳо 1196 варзишгар аз 20 кишвар, монанди Русия, Қазоқистон, Муғулистон, Узбекистон, Туркманистон, Непал, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ҳонконг, Урдун, Тоҷикистон, Филиппин, Ҷопон, Афғонистон, Қирғизистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Кувайт, Сурия ва Арманистон иштирок карданд.

Аввалин Бозиҳои зимистонаи байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё” бо мақсади тарғиби ақидаҳои ҳаракати олимпӣ, рушди варзиши бачагону наврасон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ бар асоси Консепсияи Бозиҳо, ки Кумитаи байналмилалии Бозиҳои «Бачаҳои Осиё» тасдиқ кардааст, гузаронида шуд.

Ба мисли Бозиҳои тобистонаи байналмилалии варзишии «Бачаҳои Осиё» аввалин Бозиҳои зимистона таҳти сарпарастии президенти Русия, ЮНЕСКО ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ, инчунин, дастгирии ҳукумати Русия, Шӯрои олимпии Осиё, Кумитаи олимпӣ ва Вазорати варзиши Русия доир гардид.

Варзишгарони наврас барои 93 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд. Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо тими мунтахаби ҳавзаи федеролии Уралски Русия бо касби 24 медал (10 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифт.

Мунтахаби Маскав бо касби 21 мелал (9 медали тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ) ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби вилояти Сахалин-1 ҷойгоҳи севумро соҳиб шуданд. Дар байни панҷгонаи беҳтарин, инчунин мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ (8-9-6) ва ҳавзаи федеролии Сибири Русия (8-8-9) ҷойгир шуданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG