Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қаҳрамонии ҷаҳон


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони зери 17-сола дар Перу дар бозии санҷишӣ дар Туркия бар тими «NTG Конгсвингер» (U-19) аз Норвегия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии севум ва охирини санҷишӣ, ки дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби наврасони кишвар рӯзи душанбеи 18-уми феврал дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид, голи ягонаро Озодбек Панҷиев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 57-ум, ба самар расонид.

Бозии санҷишӣ

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – «NTG Конгсвингер» U-19 (Норвегия) – 1:0

Гол: Озодбек Панҷиев, 57.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) (ҳайати ибтидоӣ): Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов, Комрон Иброҳимов, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Ҳамадонӣ Камолов, Озодбек Панҷиев, Ислом Зоиров (капитан).

18-уми феврал. Анталия, Туркия.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия се бозии санҷишӣ карда, дар дутоаш пирӯз шуд ва як бозиро бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод.

Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик дар бозии аввали санҷишӣ дар Анталия бар ҳайати ҷавонони бошгоҳи «Ференсварош»-и Маҷористон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буданд. Ҳарду голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Рустам Соиров зад.

Футболбозони навраси тоҷик бозии дувуми санҷиширо дар Туркия бо тими «Академиск Болдклуб Гладсаксе» аз Лигаи наврасони Дания (U-17) бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Ислом Зоиров ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия шоми сешанбеи 19-уми феврал ба поён расид.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия чунин буд:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Комрон Иброҳимов, Самандар Каримов (ҳарду – «Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Меҳробҷон Азимов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Азизбек Ҳасанов, Ҳамадонӣ Камолов, Ҳамзаҷон Аҳтамов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе – «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

Футболбозони навраси тоҷик имрӯз, 20-уми феврал, аз Анталия ба Душанбе бармегарданд. «Ширкат дар бозиҳои контролӣ дар Туркия барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17-сола маҳсуб мешуд, ки аз 5-ум то 27-уми октябр дар Перу доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 17-сола ҳамагӣ 24 даста ширкат меварзад. То имрӯз ҳафт даста маълум аст. Ба ҷуз тими мизбон – Перу, дастаҳои мунтахаби наврасони Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ (ҳарчор аз қораи Осиё), инчунин Зеландияи Нав ва ҷазираҳои Соломон (Уқёнус) ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 мушарраф шудаанд.

Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 рӯзи 14-уми май тавассути қуръакашӣ, ки дар Театри миллии Перу доир мегардад, маълум хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG