Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Алишер Абдураҳмонов ба ҷои Шарофиддин Гадоев раҳбари ҷумбиш шуд

Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» гуфт, ки ба ҷойи Шарофуддин Гадоев нафареро бо номи Алишер Абдураҳмонов раҳбар интихоб кард.

Ин ҷунбиш, ки соли гузашта дар Аврупо таъсис ёфт, дар ҳоле раҳбари нав интихоб кард, ки Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҳамакнун собиқаш дар шароити мармузе ба Тоҷикистон баргашт. Вазорати умури дохилӣ бозгашти Гадоев – як мунаққиди ҳукумати Тоҷикистонро “ихтиёрӣ” номида мегӯяд, ки базудӣ афв мешавад. Ҷонибдорони Гадоев шароити бозгашти ӯро мармуз номида мегӯянд, ки ӯ бо маъмурияте ба Русия рафта буд ва рабуда шуд. Дар давоми панҷ рӯзи ахир видеоҳое бо ширкати Гадоев дар вебсайти ВКД ва шабакаҳои интернетӣ нашр мешаванд, ки дар он иддао мешавад, ки ин раҳбари пешини “Гурӯҳи 24” гӯё “пушаймон шуда” ба ватан баргаштааст.

Алишер Абдураҳмонов, ки рӯзи 18-уми феврал раҳбари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» интихоб шуд, дар сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «бо мақсади пиёда кардани ҳадафҳои Шарофиддин Гадоев ин вазифаро бар дӯш гирифтаааст”. Ӯ гуфт, дар қадами аввал барои “озодии Гадоев” талош хоҳанд кард. Абдураҳмонов гуфт, ки Гадоев бояд дар навбати аввал “бо вакили дифоъ таъмин ва вазъи сиҳатиаш аз ҷониби комиссияи мустақил” ташхис гардад.

Алишер Абдураҳмонов, як нафари ношинохта аст, ки худро як узви мухолифони ҳукумат дар хориҷа меномад. Ба гуфтаи ҳамсафонаш, ӯ корманди собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буда, бо далели фишор дар Аврупо паноҳанда шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Аз хоки Афғонистон ба Узбекистон панҷ мушак афтодааст

Тамрини низомӣ дар сарҳади Узбекистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Аз хоки Афғонистон ба як минтақаи марзӣ дар Узбекистон панҷ мушак афтодааст.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 5-уми июл дар баёнияе гуфт, "таркиш рӯй надод ва талафоти ҷонӣ нест".

Бар асари афтодани мушакҳо ба чаҳор хона дар маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз зарар расидааст. Як мушакро аз майдони футбол ёфта, безарар гардондаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мегӯяд, намояндагони Тошканду Кобул сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар моҳи апрели имсол дар баъзе аз сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки шохаи "Хуросон"-и ДОИШ аз Афғонистон ба иншооти низомӣ дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон даҳ мушак сар додааст. Сухангӯйи президенти Узбекистон хабарҳоро рад кард.

Дертар, рӯзи 7-уми майи имсол, расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки ҷангҷӯён аз он кишвар ба Тоҷикистон ҳафт мушак сар доданд.

Мақомоти Тоҷикистон танҳо гуфтанд, чанд тир тасодуфан расид. Ҳамзамон дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта мешуд, ки нерӯҳои марзбонӣ “ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шуданд.”

Боқиев гуфт, омодааст, онлайнӣ дар мурофиа иштирок кунад

Қурмонбек Боқиев

Президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки баъди фирор аз кишвар дар Беларус зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо нашрияи қирғизии "Жани Ордо" гуфт, омодааст, ба суоли раҳбарият ва сокинони кишвараш посух диҳад.

Ӯ афзуда, ки дар мурофиаи писараш Максим Боқиев дар додгоҳи байнулмилалии Лондон онлайнӣ иштирок дошт.

Боқиев дар посух ба суоли рӯзноманигор, ки оё омодааст, онлайнӣ дар баррасии додгоҳии парвандаи худаш иштирок кунад, гуфтааст, "ман омодаам, дар ҳар додгоҳи байнулмилалӣ иштирок кунам. Ман ба ҳама кор омода ҳастам, то насабам дар саҳифаҳои таърих ва дар назди миллат сафед бошад. Ман ташнаи адолат ва ҳақиқат ҳастам. Раҳбарияти Қирғизистон медонад, ки ман дар қароргоҳе дар Беларус зиндагӣ мекунам. Аммо ягон кас маро огоҳ накардааст, ки ба зидди ман айб эълон кардаанд. Ҳоло президентҳо онлайнӣ ҷаласа баргузор мекунанд ва додгоҳҳои Қирғизистон низ ба монанди додгоҳи Лондон метавонад онлайнӣ ҷаласа баргузор намоянд. Агар мехостанд, метавонистанд. Агар розӣ шаванд, ман хурсанд мешавам".

Қурмонбек Боқиев солҳои 2005-2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар натиҷаи "Инқилоби лолаӣ"-и зидди ҳукумати Аскар Оқоев сари қудрат омад, аммо дар натиҷаи инқилоби рӯзҳои 7-15 апрели соли 2010 аз сари қудрат барканор шуд.

Боқиев баъди инқилоби апрелӣ аз Қирғизистон фирор кард. Айни замон вай ҳамроҳ бо хонаводааш дар Беларус зиндагӣ дорад. Ин кишвар ба вай шаҳрвандӣ додааст. Соли 2015 Боқиев дар Минск хона сохт ва соли 2019 онро ба духтараш тақдим кард.

Ҳукумати Қирғизистон дар талоши истирдоди вай аст. Дар Қирғизистон хонаводаи Боқиевҳоро дар куштори тоҷири бритониёӣ Шон Дэйлӣ ва суистифода аз мақоми хидматӣ айбдор мекунанд. Президенти пешин ғоибона ба 30 сол зиндон маҳкум ва дар пайгард қарор дода шудааст.

Афзоиши нигаронӣ аз тарҳи мубодилаи зиндонӣ миёни Эрон ва Белгия

Асадуллоҳ Асадӣ.

Порлумони Белгия рӯзи 5-уми июл тарҳеро баррасӣ мекунад, ки қабули он метавонад роҳро барои табодули як дипломати эронӣ ҳамвор кунад.

Асадуллоҳ Асадӣ, дипломати 50-солаи эронӣ, ки дар сафорати Эрон дар Австрия кор мекард, муттаҳам аст, ки маводи таркандаи нимкилоиро ба як ҷуфти эронии муқими Белгия дод, то моҳи июни соли 2018 ҳамоиши созмони "Муҷоҳиди халқ"-ро дар атрофи Порис ҳадафи ҳамла қарор диҳанд.

Ин тарҳ аз сӯи вакилони мухолифи ҳукумати Белгия ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Ҷумҳурии исломӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Ба гуфтаи онҳо, дар қабули ин тарҳ роҳро барои интиқоли Асадуллоҳ Асадӣ ба Эрон, ки соли 2021 дар Белгия ба 20 сол зиндон маҳкум шуд, боз мекунад.

Ҷорҷ Даллемагне, намояндаи порлумони Белгия, гуфтааст, ҳукумати кишвараш эҳтимол ба унвони "иқдоми инсондӯстона" Асадиро бо Аҳмадризо Ҷалолӣ, шаҳрванди дутобеиятии эрониӣ-шветсиягӣ ва устоди Донишгоҳи Брюссел, ки дар Эрон маҳкум ба қатл шудааст, мубодила хоҳад кард.

Ҷалолӣ муттаҳам ба ироаи маълумот ба Исроил мешавад, ки дар террори шуморе аз донишмандони баландпояи ҳастаӣ мадад кардааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё вай шомили ин қонун мешавад ё не, чун шаҳрванди Белгия нест.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Белгия рӯзи 5-уми июл ба бахши эронии Радиои Озодӣ аз боздошти як шаҳрванди ин кишвар дар Эрон дар моҳи феврал хабар дод.

Ҳамзамон Вазорати адлияи Белгия рӯзи сешанбе бо таъйиди ин хабар эълон кард, ки иттиҳоми ин шаҳрванди белгиягӣ барои боздошт дар Эрон "ҷосусӣ" қайд шудааст.

Эҳтимол Қазоқистон қарордоди иҷораи киштияшро ба ширкати русӣ бекор кунад

Вазири саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон Кайрбек Ускенбоев 5-уми июл баъди ҷаласаи ҳукумат гуфт, эҳтимол Нурсултон қардодро бо ширкати русие бекор кунад, ки киштии "Жибек Жолӣ"-ро ба иҷора гирифтааст.

"Агар киштӣ ба фаъолиятҳое машғул шавад, ки хилофи қонунҳои Қазоқистон ва байнулмилалӣ мебошад, шартнома бекор ва киштӣ бозпас гирифта мешавад", - изҳор доштааст Ускенбоев.

Рӯзи 3-юми июл маълум шуд, як киштии борбари Русия бо гандуми рабудашудаи Украина дар Туркия боздошт шудааст.

Сафири Украина дар Туркия Василий Боднар гуфт, ҷониби Киев барои рӯшан кардани вазъ бо мақомоти гумруки Туркия ҳамкорӣ мекунад.

Киштии "Жибек Жолй" бо парчами Русия дар Туркия қарор дорад. Он ба як ширкати қазоқӣ тааллуқ дорад ва иддао мешавад, ки дар фурӯши гандум як ширкати эстонӣ ва туркӣ даст доранд.

Пештар Украина аз Туркия хоста буд, киштии марбут ба соҳибкори қазоқро, ки бо парчами Русия аз бандари баҳри "Азов" берун шудааст, боз дорад.

Русия маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-ро дар марз бекор мекунад

Русия аз 15-уми июл маҳдудиятҳои воридшавӣ ба он кишварро, ки моҳи марти соли 2020 дар пайванд ба коронавируси нав ҷорӣ шуда буд, бекор мекунад.

Маҳдудиятҳои вуруд ба Русия аз тариқи роҳҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ аз 14-уми июн бекор шуда буд ва ҳоло шаҳрвандони хориҷӣ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути роҳҳои заминӣ низ ба Русия раванд.

Мусофирон, ба ҷуз аз шаҳрвандони Беларус, ҳангоми вуруд ба Русия бояд санҷиши коронавирус супоранд.

Роспотребнадзор 1-уми июл маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро, аз ҷумла пӯшидани ниқоб, манъи хӯрокхӯрии шабона ва чорабиниҳои оммавиро бекор карда буд.

Дар Роспотребнадзор гуфтанд, ки маҳдудиятҳо дар пайи коҳиши шумори мубталоёни коронавирус гирифта шудааст

Дар робита ба бетартибиҳо дар Қароқалпоқистон парванда кушоданд

Додситонии кулли Узбекистон дар робита ба бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Нуқуси он кишвар бо банди "Маслиҳат бо мақсади ғасби қудрат ё сарнагун кардани сохти конститутсионии кишвар" парванда боз кардааст, ки аз 10 то 20 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аброр Маматов, як масъули Додситонии кулли Узбекистон, 4-уми июл дар нишасти хабарие гуфт, парвандаро гурӯҳи тафтишотӣ, ки ба ҳайати он намояндагони Хадамоти амнияти давлатӣ, Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ ва Горди миллӣ шомиланд, тафтиш мекунад.

"Тафтишот ва корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ анҷом шуда, барои таъмини волоияти қонун ва ногузирии ҷазо тамоми чораҳо андешида мешаванд", - афзудааст Маматов.

Бетартибиҳо дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд.

Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Ҳамла ба мошини сарбозони Толибон дар Ҳирот

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи тирандозӣ ба як мошини сарбозони Толибон дар шаҳри Ҳироти Афғонистон ду нафар кушта ва даҳҳо сарбози дигар захмӣ шудаанд.

Як мақоми шифохонаи Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфт, дар тирандозӣ 20 Толиб ҷароҳат бардоштааст.

Дар мошин сарбозони воҳиди низомии “Ал-Форуқ”-и Вазорати дифои Толибон нишаста будаанд.

Як мақоми ин гуруҳи тундрав ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамларо ду марди рикшасавор анҷом додаанд ва яке аз онҳо дар маҳалли ҳодиса кушта шуда, дигарӣ фирор кардааст.

Ҳеч касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Зеленский қавл дод, ки Луганскро пас мегиранд

Владимир Зеленский

Баъд аз ишғоли шаҳри Лисичанск дар шарқи Украина, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба нерӯҳои кишвараш амр додааст, ки ҳамлаҳоро дар ин қисмати Украина идома диҳанд.

Бо ишғоли Лисичанск, нерӯҳои Русия тамоми қаламрави вилояти Луганскро тасарруф карданд.

Владимир Путин рӯзи 4-уми июл гуфт, “нерӯҳои Русия бояд иҷрои вазифаҳояшонро бар асоси барномаи қаблан тасдиқшуда идома диҳанд” ва дар минтақаи Донбас онгуна ки дар Луганск иттифоқ афтод, пешравӣ кунанд.

Нерӯҳои Украина рӯзи 3-юми июл аз шаҳри бомбабороншудаи Луганск ақибнишинӣ карданд, вале раиси ҷумҳур Владимир Зеленский қавл дод, ки сарбозони кишвараш дигарбора ин вилоятро пас мегиранд.

Дигар ин ки дар як нишасти байнулмилалӣ дар Женева мақомоти Украина гуфтанд, барои барқарор кардани кишвари харобшудаашон 750 миллиард доллар зарур аст. Онҳо гуфтанд, қисми зиёди ин пулро метавон аз ҳисоби пули мусодирашудаи шахсони сарватманди Русия ба даст овард, ки аз 300 то 500 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар Қирғизистон истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд

Тазоҳурот дар Бишкек

Як гуруҳ аз сокинони Қирғизистон рӯзи 5-уми июл дар назди бинои Вазорати корҳои дохилии он кишвар дар Бишкек бо талаби қатъи хушунат нисбат ба духтарон ва бонувон гирдиҳамоӣ карданд.

Эътирозгарон, ки дар миёни онҳо ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони маданӣ низ ҳастанд, ҳамзамон истеъфои вазири корҳои дохилии Қирғизистонро хостанд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар пайи нашри хабари гумонбар шудани ду корманди пулис ба таҷовузи як духтари 13-сола баргузор шуд.

Ба иттилои Кумитаи омори Қирғизистон, соли гузашта дар он кишвар 3034 мавриди хушунат нисбат ба кӯдакон сабт шудааст.

Парвандаи як вакилро дар Суғд ба додгоҳ фиристоданд

Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи як вакили дифоъро аз вилояти Суғд, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Оҷонсӣ рӯзи 4-уми июл дар баёнияи расмӣ гуфт, Баҳром Маъруфов аз як сокини вилоят барои беэътибор кардани ақди никоҳи ӯ бо ҳамсараш 4 ҳазор сомонӣ гирифтааст ва ӯро ҳангоми гирифтани ин пул боздошт кардаанд.

Назари Баҳром Маъруфов маълум нест ва дигар инки адвокатҳо барои ҳимоят аз ҳаққи касе дар додгоҳ бар асоси қонун пул мегиранд.

Шикоят аз фишор ба адвокатҳо дар Тоҷикистон зиёд аст ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ин корро бас кунад.

Дар роҳи Душанбе – Бадахшон нақб сохтаанд. ВИДЕО

Сохтмони нақб дар роҳи Душанбе - Хоруғ

Дар як гӯшаи хатарноку осебпазири роҳи Душанбе-Бадахшон нақби 356-метрӣ сохтаанд.

Ин қитъаи роҳ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст ва ҳар сол зери об монда, равуо имконнопазир мешавад.

Роҳсозон мегӯянд, нақбро то охири имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд дод.

Вадуд Қурбонов, яке аз онҳо охири моҳи июни имсол ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "сохмтони туннели Ширговад барои соли гузашта оғоз шуд ва ҳоло дар арафаи анҷомёбист."

Видеоро инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон нақби нав сохтанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

Роҳи мошингард тавассути Ширговадро дар соли 1961 бунёд кардаанд. Аз инҷо то маркази Дарвоз 23 километр роҳ аст. Ҳар тобистон ва дар фасли гармо маҷрои дарёи Панҷ баланд ва равуо дар ин қитъа мушкил мешавад.

Рӯзҳои 8 ва 9-уми июли соли 2017 борони зиёд ва сел дар ҳудуди деҳаҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз тақрибан як километр роҳи Душанбе – Бадахшонро баст. Сокинон як муддат бо пайроҳаҳои хавфноки кӯҳӣ равуо карданд.

Сохтмони нақб дар роҳи Душанбе - Хоруғ
Сохтмони нақб дар роҳи Душанбе - Хоруғ

Зиёни офатҳои табиӣ дар Хатлон 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб шуд

Мақомоти Хатлон зарари ҳодисаҳои табииро дар ин вилоят дар шаш моҳи охир беш аз 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд.

Ҷамшед Холиқзода, як масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, сел рӯзи 4-уми май танҳо дар ноҳияи Ҷайҳун 300 метр роҳи байнулмилалиро вайрон кард.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, сел рӯзи 20-уми июн дар ноҳияи Хуросон се хонаро пурра вайрон кард ва хатҳои обгузару дастгоҳҳои обкашониро хароб намуд.

Ба иттилои масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон, "офатҳои табиӣ имсол дар вилоят талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд".

Рустам Саидаҳмадзодаро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд

Рустам Саидаҳмадзода

Пайвандонаш гуфтанд, мақомот Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ӯ 29-уми июн дар Душанбе дастгир шуд.

Мурофиа рӯзи 1-уми июл дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии Душанбе гузаштааст.

Яке аз наздкиони Саидаҳмадзода рӯзи 4-уми июл гуфт, ӯ барои "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" ва "расондани хабари бардурӯғ" гумонбар аст, аммо худро гунаҳкор намедонад.

Мақомот парвандаи ӯро шарҳ надодаанд ва ҷузъиёти айби ӯ ҳам маълум нест.

Номи Рустам Саидаҳмадзода дар сомонаи расмии Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истодааст. Фармони раисиҷумҳур дар бораи барканории ӯ содир нашуда.

Саидаҳмадзода соли 2017 додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуд. Пеш аз он дар Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон кор мекард.

Рустам Саидаҳмадзода соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Дар Тоҷикистон, ки мақомот додгоҳҳоро озоду мустақил мешуморанд, аммо созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.

Он замон Коллегияи тахассусии Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидаҳмадзодаро ба вайрон кардани интизоми корӣ гунаҳкор донист. Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон ё ICJ баръакс аз мақомот хост, фишорро ба додрасҳо бас кунанд.

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

Ба даҳҳо қазоқистонӣ иҷозат намедиҳанд, Қароқалпоқистонро тарк кунанд

Ҳудуди 80 шаҳрванди Қазоқистон рӯзи севум аст, ки наметавонанд марзи Узбекистонро гузашта, Қароқалпоқистонро тарк кунанд.

"Вазъ таҳти назорати махсуси дипломатҳои мо дар Узбекистон қарор дошта, гуфтугӯҳо бо кишвари ҳамсоя идома доранд. Мо тамоми кӯшишро мекунем, то мушкил зудтар ҳал шавад. Қазоқистониҳо дар як рӯз се вақт бо хӯрок таъмин карда мешаванд", - гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров.

Ба гуфтаи вай, дар сарҳад тақрибан 80 шаҳрванди Қазоқистон ҳузур дорнад, вале баъзе аз онҳо дубора ба шаҳри Нуқус, пойтахти Қароқалпоқистон, баргаштанд.

Тазоҳурот дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд. Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳудуди Узбекистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

Қароқалпоқистониҳои муқими Алматоро ба бозпурсӣ даъват мекунанд

Нооромиҳо дар Қароқалпоқистони Узбекистон.

Сокинони Қароқалпоқистон, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон кору зиндагӣ мекунанд, барои бозпурсӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват шудаанд.

Корманди Бюрои ҳомии ҳуқуқи Алмато Андрей Гришин 4 июл гуфт, фаъолони қароқалпоқистонӣ нишасти хабариеро, ки бояд дар шаҳр баргузор мекарданд, ба таъхир гузоштанд. Ба гуфтаи Гришин, 4 созмондиҳандаи ин нишастро ба бозпурсӣ даъват карданд.

"Имрӯз ба ман аз Департаменти пулиси Алмато занг зада, ба бозпурсӣ даъват карданд. Ман аз онҳо пурсидам, ки чӣ мехоҳанд, ман ягон қонунро поймол накардаам ва ҳоло намедонам, ки меравам ё не. Онҳо гуфтанд, ки тавони иҷборан ҳозир кардан ба бозпурсиро доранд. Ин даъват баъди изҳоротҳои ман дар робита ба Қароқалпоқистон сурат гирифт", - изҳор дошт як зодаи Қароқалпоқистон, ки дар Алмато аст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати бахши қазоқии Радиои Озодӣ, кормандони пулиси Алмато гуфтаанд, ки ӯро дар робита ба банди панҷи Конститутсияи Узбекистон даъват мекунад.

Сарони Осиёи Миёна дар Қирғизистон ҷамъ мешаванд

Акс аз бойгонӣ.

Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои Осиёи Миёна 21-уми июл дар Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Қирғизистон, раисҷумҳур Содир Ҷабборов 4-уми июл дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев масъалаҳои марбут ба омодагиҳо ба нишаст ва рӯзномаи онро баррасӣ кардааст.

Манбаъ афзудааст, "тамоми раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай даъватро пазируфтанд".

Мусобиқаи ғайриодии Дилрабо ва ҳамтақдиронаш дар Душанбе

Сабқати шахсони маълул дар Душанбе

Дар як мусобиқаи ғайриодӣ дар Душанбе рӯзи 4-уми июл шахсони маъюб ё имконияташон маҳдуд байни ҳам қувва озмуданд.

Дилрабо Эрматова, маъюби гуруҳи дуюм, дар дастхобонӣ миёни духтарон пирӯз шуд. Ӯ мегӯяд, баргузории чунин маъракаҳо барояшон нерӯ мебахшад.

Тақрибан сад ҳамтақдири Дилрабо дар баробари дастхобонӣ дар мусобиқаи баскетбол бо аробача ва бадминтон низ нерӯи худро санҷиданд.

Ғайрат Тухтасунов, мураббии баскетбол бо аробаи маъюбӣ, аз он изҳори ташвиш кард, ки бо вуҷуди талошҳои зиёд шахсони маълул мушкилҳои ҳалношудаи зиёде доранд.

Ӯ мегӯяд, шаш сол пеш гурӯҳеро таъсис дод, ки бо ароба баскетбол мебозанд, вале ба сабаби набудани ёрии кофӣ дар ҳоли аз байн рафтан аст.

"Ҳоло ба ароба ниёз дорем. Варзишгарон барои тамрин ва мусобиқаҳо аз он истифода мекунанд. Агар онҳо хоҳанд, ки оянда ин навъи варзиш рушд кунад, ба мо кумак кунанд, вагарна аз байн меравад," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳар сол ҳаштуми июл рӯзи шахсони маълул таҷлил карда мешавад. Ин қишри ҷомеа умед доранд, ки бо баҳонаи ҷашн масъулон ба мушкили онҳо расидагӣ ва ё ҳадди ақал таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҳамчун маъюб ё шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд сабт шудаанд. Зиёда аз 27 ҳазори онҳо то 18-сола ҳастанд.

Баъзе аз маъюбон мегӯянд, бо шароиту нафақае, ки ҳоло доранд, зиндагӣ кардан душвор аст. Мақомот мегӯянд, онҳо аз имтиёзҳое чун ҳаракати ройгон дар нақлиёти иҷтимоӣ, пардохти нисфи пули телефони хонагӣ баҳравар буда, андози заминро ҳам намедиҳанд, вале маъюбон онро нокофӣ медонанд.

Суҳбати Раҳмон ва Мирзиёев дар бораи Қарақалпоқистон. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайванд ба ҳодисаи Қарақалпоқистон, ки даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, ибрози назар кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, гуфтааст, "аз талошҳои роҳбарияти Узбекистон барои ба эътидол овардани вазъ дар Қарақалпоқистон" ҷонибдорӣ мекунад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, тарафҳо "амнияти минтақаӣ ва ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ" низ баррасӣ карданд. Тафсилоти суҳбат маълум нест.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, дар ҷараёни нооромиҳои 1 ва 2-юми июл дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон 18 кас кушта, беш аз 243 нафар захмӣ ва зиёда аз 500 тан дастгир шуданд.

Мардум мегӯянд, ба зидди ислоҳи Конститутсияи Узбекистон, ки мустақилии онҳоро аз байн мебурд, тазоҳурот карданд. Мақомот онро ғайриқонунӣ ва кӯшиши ғасби идораҳои давлатӣ номиданд. Тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон 26-уми июн ба баррасии умум гузошта шуд.

Иттиҳоди Аврупо дар изҳороте рӯзи 4-уми июл хост, тазоҳуроти олуда ба хушунат дар Қарақалпоқистон мустақилона таҳқиқ шавад. Дар изҳорот аз "ҳамаи ҷонибҳо" хостаанд, ки хештандорӣ нишон дода, аз хушунатҳо дар оянда пешгирӣ кунанд.

Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Узбекистон даъват кардааст, тибқи масъулиятҳои байнулмилалии худ риояи ҳуқуқи одамон ва бахусус ҳуқуқи бунёдӣ ба озодии баёну гирдиҳамоиро замонат бидиҳанд.

Дар Қарақалпоқистон чӣ гузашт? Инҷо бинед:

18 кушта ва 243 захмӣ дар Қароқалпоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон дар ҳудуди Узбекистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

Ҷанги Русия дар Украина ба Донетск "кӯчид"

Словянск

Баъд аз як рӯзи ишғоли шаҳри Лисичанск ва тамоми вилояти Луганск дар Украина, нерӯҳои Русия ҳамла ба Словянск – шаҳри муҳим дар вилояти Донетскро идома доданд.

Вадия Лях, шаҳрдори Словянск, дар Фейсбук навишт, ки шаҳр зери мушакборон қарор гирифтааст ва дар натиҷа камаш 6 нафар кушта ва 15 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Дар байни кушташудагон як кӯдак низ будааст.

Русия ишғоли шаҳри Словянскро, ки қабл аз ҷанг 107 ҳазор нафар аҳолӣ дошт, бисёр муҳим мешуморад, чун онро ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия соли 2014 ишғол карданд, вале се моҳ пас украиниҳо онро дигарбора гирифтанд.

Русия баъди нокомӣ дар ишғоли Киев ба тассаруфи минтақаи саноатии Донетск дар шарқи Украина тамаркуз кардааст.

Иттиҳоди Аврупо хост, ҳодисаи Қароқалпоқистон таҳқиқ шавад

Шаҳри Нуқус, Қароқалпоқистон

Иттиҳоди Аврупо дар изҳороте рӯзи 4-уми июл хост, тазоҳуроти олуда ба хушунат дар Қароқалпоқистон, Ҷумҳурии мухтор дар Узбекистон, мустақилона таҳқиқу арзёбӣ шавад.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, дар ҷараёни нооромиҳои 1 ва 2-юми июл дар ин ҷумҳурии мухтор 18 кас кушта, беш аз 243 нафар захмӣ ва зиёда аз 500 тан дастгир шуданд.

Мардум мегӯянд, ба зидди ислоҳи Конститутсияи Узбекистон, ки мустақилии онҳоро аз байн мебурд, тазоҳурот карданд. Мақомот онро ғайриқонунӣ ва кӯшиши ғасби идораҳои давлатӣ номиданд.

Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо аз талафоти ҷонӣ дар ҳодисаи Қароқалпоқистон ибрози таассуф шудааст. “Мо таҳаввулотро бодиққат пайгирӣ мекунем," – гуфтаанд дар изҳорот.

Иттиҳоди Аврупо аз “ҳамаи ҷонибҳо” хостааст, хештандорӣ нишон диҳанд ва аз хушунатҳо дар оянда пешгирӣ кунанд.

“Иттиҳоди Аврупо аз мақомот даъват мекунад, ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи бунёдӣ ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоиро тибқи масъулиятҳои байнулмилалии Узбекистон кафолат бидиҳанд,” – омадааст дар изҳорот.

Тазоҳурот дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд. Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳудуди Узбекистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

Қазоқистон иҷозат намедиҳад, қароқалпоқистониҳо ба ватан баргарданд

Сарҳади Қазоқистону Узбекистон

Шаҳрвандони Қароқалпоқистон, ки 3-юми июл хостаанд, аз вилояти Мангистауи Қазоқистон ба ватани худ раванд, гуфтанд, пулис аз онҳо дар назди марз талаб кардааст, дубора ба маҳалли зисташон баргарданд.

Пештар хабар дода шуд, ки беш аз 100 шаҳрванди Қароқалпоқистон натавонистанд аз ноҳияи Бейнеуи Мангистау ба ватан баргарданд.

"Шаби якшанбе кормандони пулиси Бейнеу моро дар роҳ боз дошта, гуфтанд, ки ба маҳалли зисти худ баргардед, марз ҳоло боз намешавад", - изҳор дошт як сокини Қароқалпоқистон ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи вай, маъмурони пулис ҳамчунин аз онҳое, ки дар назди марз барои баргаштан ба Қароқалпоқистон ҷамъ шуда буданд, хостанд, пароканда шаванд.

"Барои кор ба Қазоқистон омадаам. Падару модарам дар Нуқус зиндагӣ мекунанд. Ҳоло марз бастааст ва майли кор кардан ҳам дигар нест. Намедонем, чӣ кор кунем. Дар бораи он чи ки дар Қароқалпоқистон мегузарад, ба ҷаҳониён хабар диҳед", - изҳор дошт як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ. ​

Тазоҳуроти бемуҳлат бо талаби пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо дар Гурҷистон

Гурҷистон

Даҳҳо ҳазор сокини минтақаҳои гуногуни Гурҷистон баъди ба поён расидани муҳлати иҷрои шартҳои гузошташуда ба мақомот дубора дар назди бинои порлумони он кишвар дар шаҳри Тифлис (Тбилиси) ҷамъ шуданд.

Бар асоси шартҳои гузошташуда, бояд сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвилӣ то рӯзи якшанбе аз мақомаш истеъфо медод. Ҳамчунин ӯ ва ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" ризояти худро ба таъсиси "ҳукумати фаннӣ"-и эътимоди мардумӣ барои иҷрои дувоздаҳ шарти Иттиҳоди Аврупо баён мекарданд.

Тазоҳургарон гуфтанд, то истеъфои ҳукумати Гарибашвилӣ дар хиёбонҳо мемонанд. Тазоҳурот ба таври осоишта ҷараён дошта, дар он сурудҳои гурҷӣ ва украинӣ садо медиҳанд.

Қаблан дар Брюссел гуфта буданд, Гурҷистон чанд шартро иҷро накардааст ва бинобар ин, ба монанди Украина ва Молдова мақоми номзади узвият дар Иттиҳоди Аврупоро дарёфт нахоҳад кард.

Дар Қирғизистон сарбозе аз захми тир ҷон додааст

Вазорати дифои Қирғизистон хабар додааст, ки 4-уми июл як сарбози қисми низомии №73809-и ин ниҳод ба ҳалокат расидааст.

Бино ба фарзияи вазорат, сарбози қаторӣ, соли таваллудаш 2000-ум, "ҳангоми адои вазифаи посбонӣ дар натиҷаи беэҳтиётӣ бо силоҳ аз тири тасодуфӣ захмӣ шуда, дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст".

Барои муайян кардани сабабҳои ҳодиса комиссия ташкил шуда, парвандаро Додситонии низомии Қирғизистон тафтиш мекунад.

Наздикони сарбоз дар суҳбат бо расонаи "Kaktus.media" гуфтаанд, мақомот ҳалокати фарзанди онҳоро то ҳол шарҳ надодаанд.

"Сарбоз шаби 3 ба 4-уми июл бо модараш суҳбати телефонӣ карда ва баъди ду соат ин ҳодиса рух додааст. Ҳангоми шиносии ҷасад дар бадани ӯ захми ду тирро дидаанд. Касе бовар надорад, ки ӯ аз тири тасодуфӣ кушта шудааст", - изҳор доштааст холаи сарбоз Индира Рисалиева дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Боздошти муҳоҷирони ҳамраъй бо тазоҳургарони Қароқалпоқистон

Қазоқистон

Даҳҳо нафар дар шаҳри Атирауи Қазоқистон рӯзи 1-уми июл ва дар пайи як тазоҳуроти худҷӯш боздошт шудаанд. Пулиси Атирау хабар дод, ки бештари боздоштшудаҳо пас аз бозпурсӣ раҳо шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, муҳоҷирон аз Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистони Узбекистон ба нишони ҳамраъйӣ бо ҳамватанони норозии худ дар Атирау тазоҳурот баргузор кардаанд.

"Дар майдони шаҳр ҳудуди 75 кас ҷамъ шуд. Онҳо гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил карданд. Бештари онҳоро раҳо кардем ва бархеи дигар мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд", - иттилоъ додааст пулиси Атирау.

Манбаъ афзудааст, ки дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони кишварҳои хориҷии дигар низ ҳаст.

Сокинони Қароқалпоқистон ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд, ки рӯзи 26-уми июн барои баррасӣ ба муҳокимаи умум пешниҳод шуд.

Дар тағйиру ислоҳот дар тарҳи нави Қонуни асосии Узбекистон дар банди мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"- ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Узбекистон нест. Дертар порлумони Узбекистон гуфт, мухторияти Қароқалпоқистон дар Қонуни асосӣ ҳифз хоҳад шуд.

40 кишвар нақшаи бозсозии Украинаро баррасӣ мекунанд

Ҳайатҳои дастикам 40 кишвар, созмонҳои байнулмилалӣ ва соҳибкорон дар конфронсе, ки рӯзи душанбе дар Луганои Швейтсария оғоз шуд, роҳҳои асосии бозсозии баъдиҷангии Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои хабаргузории "Франс пресс", конфронс танҳо ба ҷамъоварии ёриҳо бахшида нахоҳад шуд. Иштирокдорон роҳҳои асосии бозсозии Украинаро, ки бояд пеш аз хатми ҷанг оғоз шавад, ҷустуҷӯ мекунанд. Сухан аз "нақшаи Маршал"-барномаи ҳамсони барқарорсозии Аврупо баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум меравад.

Украинаро дар конфронс раиси ҳукумат ва вазири умури хориҷии он кишвар -- Денис Шмихал ва Дмитрий Кулеба намояндагӣ мекунанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар ҳамоиш онлайнӣ иштирок хоҳад кард. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лайен ҳам дар конфронс иштирок мекунад.

Ба гуфтаи манобеи "Франс Пресс", Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ният дорад, барои сармоягузории бозсозии Украина як фонди нав таъсис диҳад. Он метавонад аз аъзои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари ҷаҳон тақрибан 100 миллиард евро ҷамъ намояд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG