Бо қарори бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон-2019 рӯзи 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар бозӣ барои Ҷоми олӣ, ки имсол барои бори даҳум доир мегардад, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, мубориза мебаранд.
Бояд тазаккур дод, Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори даҳум барпо мегардад. Аввалин бозӣ барои Ҷоми олӣ соли 2010 дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд. Баъдан беҳтарин дастаҳои кишвар барои Суперҷом дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014, 2015), Турсунзода (2016) ва Ҳисор (2017, 2018) мубориза бурданд.
Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиқлол» - ҳафт бор (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016 ва 2018) Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ Ҷоми олиро ба даст овардаанд.
Соли гузашта дастаи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом, ки 2-юми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда буд, бар тими «Хуҷанд», барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017, бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ – 2:2) ғолиб омад.
Суперҷоми Тоҷикистон-2019
29-уми март (ҷумъа)
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2018):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
Хамин бачахакои чавона нашикан президент!
Baroi chi, yagon nafar созиши ҳастаӣ Isroiro barrasi namekunad? Baroi chi baroi Isroil mumki n budastu, baroi Eron ne? Muttahamho.
Bovari nadorem, shoyad hamin hel bosha..
Хамаи ин кори дасти дохили суди Гафуров аст. Хама медонан......
Я не могу сдержать слезь 😥😥😥 как же больно слушать эти беззакония со стороны закона !!! Как жалко бедную девушку 😭😭😭 Клянусь слезы текут не переставая . Как вы посмотрите в судный день в глаза Пророка Мухаммада мир ему ??? Что вы скажите вашему Господу за эти ваши злодеяния ??? Вам самим приятно было бы если с вашими сестрами женами матерями так поступали ??? О Аллах освободи нас от этих чудовищ , о Аллах открой моему народу глаза на все эти беззакония , о Аллах направь нас на верный путь , о Аллах успокой душу этой прекрасной Азизе , о Аллах освободи её по скорее , о Аллах убереги её от рук неверующих , о Аллах успокой душу её измученной матери , о Аллах накажи не верующих Амин 🤲.