Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо


Акс аз бойгонӣ

Муҳаммадризо Қувватов, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷараён дорад, барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дувоздаҳ гуштигир дохил аст.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди се пирӯзӣ дар даври интихобӣ бар Анӯшервон Назарзода (Русия), Андрас Вида (Маҷористон) ва Дмитрий Котелников (Русия) ба нимфинал баромад. Вале Муҳаммадризо дар даври ниманиҳоӣ аз Хетаг Басаев (Русия) мағлуб шуд. Баъдан ӯ дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар Долаан Суван (Русия) пирӯзӣ ба даст оварда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар вазни зери 60 кило Хетаг Басаеви русиягӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кубаничбек Ойбек Ууллу аз Қирғизистон ғолиб омад, соҳиби медали тилло гардид.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Аврупо байни навҷавонони солҳои таваллудашон 1999-2001, ки дар Қасри варзиши “Юбилейний”-и шаҳри Санкт-Петербург имрӯз, 17-уми феврал, ба поён мерасад, 242 варзишгар (154 писар ва 88 духтар) аз 14 кишвар, аз он ҷумла шаш ҷумҳурии собиқи шӯравӣ –Беларус, Қирғизистон, Литва, Русия, Тоҷикистон ва Эстония, инчунин аз Австрия, Британияи Кабир, Италия, Кипр, Лаҳистон, Маҷористон, Нидерланд ва Руминия ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дувоздаҳ гуштигир дохил аст. Ба ҷуз аз Муҳаммадризо Қувватов, дар рӯзи аввали Ҷоми Аврупо боз ҳафт нафар рақобат карданд. Давлаталӣ Назаралиев, Сиёвуш Солеҳов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев, Одина Муҳаббатов, Манучеҳр Раҷабов (ҳарсе дар вазни то 66 кг), Қурбоналӣ Бозоров ва Иброҳим Саидакбаров (ҳарду дар вазни то 73 кг) дар даврҳои интихобӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуданд.

Имрӯз, 17-уми феврал, боз чаҳор варзишгари ҷавони тоҷик - Ҷаҳонгир Маҷидов, Хушвахт Идиев, Фаридун Холиқзода (ҳарсе дар вазни то 81 кг) ва Эмомризо Анварзода ( дар вазни то 100 кг) – барои дарёфти ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали рақобатҳо дар Ҷоми Аврупо дар Санкт-Петербург дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 22 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор дорад. Ҳолланд бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи дувум аст. Италия бо касби 1 медали тилло ҷойгоҳи севумро азони худ кардааст. Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ ҷойгоҳи шашумро соҳиб шудааст.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола дар шаҳри Санкт-Петербург аз байни ҳашт варзишгари тоҷик танҳо Ёқубҷон Назиров соҳиби медал гардида буд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило баъди чор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳолланд, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ҷопон ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақиби дигари ҳолландиаш пирӯзӣ ба даст оварда, бо медали тилло сарфароз гашт.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола, шаҳри Санкт-Петербурги Русия, 16-уми феврал:

Писарон

-60 кг
1. БАСАЕВ Хетаг (Русия)
2. ОЙБЕК УУЛЛУ Кубаничбек (Қирғизистон)
3. КАРМОВ Малик (Русия)
3. ҚУВВАТОВ Муҳаммадризо (Тоҷикистон)

-66 кг
1. БУРМИСТРОВ Александр (Русия)
2. КОДЗОВ Кантемир (Русия)
3. МИСИРОВ Исмоил (Русия)
3. ХАЛИФАЕВ Муллораҷаб (Русия)

-73 кг
1. МАҲМАДБЕКОВ Маҳмадбек (Русия)
2. АҲМАРОВ Ҳамзат (Русия)
3. АГАЯН Армен (Русия)
3. АЛБОГАЧИЕВ Иброҳим (Русия)

Духтарон

-48 кг

1. СЕРГЕЕВА Алина (Русия)

2. БОРИСОВА Глафира (Русия)

3. ЕРШОВА Людмила (Русия)

3. КУТЕРИНА Анастасия (Русия)

-52 кг

1. ТЕДЕШИ Алессия (Италия)

2. МАЗИТОВА Аэлина (Русия)

3. ГРИБАНОВА Даря (Русия)

3. СИГАНКОВА Татяна (Русия)

-57 кг

1. БУВАЛДА Саша (Нидерланд)

2. КАШИНА Даря (Русия)

3. ХАЛТУРИНА Ксения (Русия)

3. МАЙДАНИК Вита (Русия)

-63 кг

1. ГРИЗЛОВА Мария (Русия)

2. КРОПСКА Наталия (Лаҳистон)

3. ГОНЧАРОВА Анастасия (Русия)

3. НАЛБАТ Эсми (Нидерланд)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG