Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии футболбозони навраси тоҷик дар бозии дувуми санҷишӣ дар Туркия


Дастаи мунтахаби наврасони зери 17-солаи футболи Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бозии дувуми санҷиширо бо тими «Академиск Болдклуб Гладсаксе» аз Лигаи наврасони Дания (U-17) бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозии санҷишӣ, ки рӯзи 13-уми феврал дар шаҳри Анталия зери борони сахт сурат гирифт. голи мунтахаби наврасони кишварро капитан ё сартим Ислом Зоиров ба самар расонид.

Бозии санҷишӣ

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – «Академиск Болдклуб Гладсаксе» U-17 (Дания) – 1:1

Голи Тоҷикистон: Ислом Зоиров.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) (ҳайати ибтидоӣ): Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов, Нидоёр Забиров, Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов, Озодбек Панҷиев, Ислом Зоиров (капитан), Рустам Соиров.

13-уми феврал. Анталия, Туркия.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии аввали санҷишӣ дар Анталия бар ҳайати ҷавонони бошгоҳи «Ференсварош»-и Маҷористон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буд. Ҳарду голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Рустам Соиров зад.

Футболбозони навраси тоҷик дар Анталия боз як бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Онҳо рӯзи душанбеи 18-уми феврал бо ҳайати ҷавонони бошгоҳи «NTG Конгсвингер» (U-19) аз Норвегия рақобат мекунанд.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия то рӯзи 19-уми феврал идома хоҳад кард.

«Ширкат дар бозиҳои контролӣ дар Туркия барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17-сола маҳсуб мешавад, ки аз 5-ум то 27-уми октябр дар Перу доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ҳамагӣ 24 даста ширкат меварзад. То имрӯз ҳафт даста маълум аст. Ба ҷуз мунтахаби мизбон – Перу, дастаҳои мунтахаби наврасони Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ (ҳарчор аз қораи Осиё), инчунин Зеландияи Нав ва ҷазираҳои Соломон (Уқёнус) ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 мушарраф шудаанд.

Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 рӯзи 14-уми май тавассути қуръакашӣ, ки дар Театри миллии Перу доир мегардад, маълум хоҳанд шуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Комрон Иброҳимов, Самандар Каримов (ҳарду – «Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Меҳробҷон Азимов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Азизбек Ҳасанов, Ҳамадонӣ Камолов, Ҳамзаҷон Аҳтамов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе – «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG