Мунтахаби наврасони зери 17-солаи футболи Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия бар ҳайати ҷавонони бошгоҳи «Ференсварош»-и Маҷористон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Дар ин бозӣ, ки рӯзи 9-уми феврал дар Белеки Анталияи Туркия, дар маҷмааи варишии «Беллис Резорт», баргузор шуд, ду голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Рустам Соиров ба самар расонид.
Бозии санҷишӣ
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – «Ференсварош» U-17 (Маҷористон) – 2:1
Голҳои Тоҷикистон: Рустам Соиров (2).
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) (ҳайати ибтидоӣ): Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов, Нидоёр Забиров, Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов, Озодбек Панҷиев, Ислом Зоиров (капитан), Рустам Соиров.
9-уми феврал. Белек, Анталия. Варзишгоҳи «Беллис».
Футболбозони навраси тоҷик дар Анталия боз ду бозии контролӣ анҷом медиҳанд. Онҳо 13-уми феврал бо «Академиск Болдклуб Гладсаксе» аз Дания ва 18-уми феврал бо ҳайати ҷавонони бошгоҳи «NTG Конгсвингер» (U-19) аз Норвегия рақобат мекунанд.
Ба иттилои Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17, ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия то рӯзи 19-уми феврал идома хоҳад кард.
«Ширкат дар бозиҳои контролӣ дар Туркия барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки аз 5-ум то 27-уми октябр дар Перу доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Зайниддин Раҳимов.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ҳамагӣ 24 даста ширкат меварзад. То имрӯз ҳафт даста маълум аст. Ба ҷуз мунтахаби мизбон – Перу, дастаҳои мунтахаби наврасони Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ (ҳарчор аз қораи Осиё), инчунин Зеландияи Нав ва ҷазираҳои Соломон (Уқёнус) ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 мушарраф шудаанд.
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 рӯзи 14-уми май тавассути қуръакашӣ, ки дар Театри миллии Перу доир мегардад, маълум хоҳанд шуд.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Комрон Иброҳимов, Самандар Каримов (ҳарду – «Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Меҳробҷон Азимов (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Азизбек Ҳасанов, Ҳамадонӣ Камолов, Ҳамзаҷон Аҳтамов (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе – «Локомотив-Помир»).
Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.
Дар мазҳабатон зулм ба ин халқ гуноҳ нест? Ё ин, ки фақат ҳарфи шумо ҳарфи ҳисоб аст? Аз оҳи дили мардуми бечора битарсед, Нафрини ҳамин халқ худаш авҷи азоб аст.
Буз дар ғами ҷону қасоб дар ғами чарбу. Дар Афғонистон 5400 толиб озод шуду 3035 ғайринизомӣ кушта ва 5758 нафар захмӣ шуд. Вале хориҷиён қурбонӣ надоштанд. Тавофуқи аҷиб...
Хукуматдорон хаел мекунан хар кадаре хоханд дуруг ва ноадолати мекунанд. Вале намедонанд, ки Худо онхоро назорат кардаистодааст ва хар кадаре бештар имконият ислох шудан медихад. Аммо ин хукуматдорон, чое ки дуруг хаст, рост намегуян.
Эрон батар аз Исроил аст.....?
Хизмат ба Ватан камоли мардист. Гуфтахои шумо буйи ватанбадбини мекунад.