Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" аз Туркия ба Узбекистон меравад


Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Анталияи Туркия имрӯз, 8-уми феврал, ба анҷом мерасонад, рӯзи шанбеи 9-уми феврал барои ширкат дар бозии марҳилаи аввали муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) бо бошгоҳи АГМК, барандаи Ҷоми Узбекистон, ба шаҳри Олмалиқ сафар мекунад.

“Истиқлол” дар доираи омодагӣ ба Лигаи қаҳрамонҳои AFC рӯзҳои 6-7-уми феврал дар Анталия боз ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Футболбозони Душанбе дар бозии чоруми санҷишӣ дар Туркия бар тими “Том”-и Русия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Бозии санҷишии “Истиқлол” бо «Том», ки дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи миллии Русия (лигаи аввал) дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад, рӯзи чоршанбеи 6-уми феврал дар варзишгоҳи маҷмааи варзишии «Арслон»-и шаҳри Анталия доир гардид.

Ҳисобро дар ин дидор Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 21-ум боз кард. Голи дувуми “Истиқлол”-ро Искандар Ҷалилов дар дақиқаи 65-ум зад. Максим Андреев, бозигари “Том”, дар дақиқаи 85-ум тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонда, ҳисобро тағйир дод.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Том» (Русия) – 2:1

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 21 (1:0). Искандар Ҷалилов, 65 (2:0). Максим Андреев, 85 – аз пеналтӣ (2:1).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Ҷалил Кимсанов, Алексей Ларин, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Бахтиёр Қаландаров, Эҳсони Панҷшанбе, Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Сулаймон Муҳадов.

6-уми феврал. Сиде, Анталия. Варзишгоҳи маҷмааи варзишии «Арслон».

“Истиқлол”, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, бозии охирини санҷиширо дар Анталия рӯзи панҷшанбеи 7-уми феврал бо бошгоҳи «Согдиана» («Суғдиён»)-и Узбекистон барпо кард. Ин бозӣ, ки зери борони сахт сурат гирифт, бо пирӯзии футболбозони узбек бо ҳисоби 1:0 ба поён расид. Голи ягонаро Ойбек Нурматов дар дақиқаи 19-ум зад.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Согдиана» (Узбекистон) – 0:1

Гол: Ойбек Нурматов, 19

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов , Ҷалил Кимсанов, Бахтиёр Қаландаров, Шаҳром Сулаймонов, Фирӯз Қараев, Амирбек Ҷӯрабоев, Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Самиев, Шериддин Бобоев.

7-уми феврал. Сиде, Анталия.

Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии “Истиқлол” дар Анталия бо дастаи «Тобол»-и Қӯстанай, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Қазоқистон-2018, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони қазоқ хотима ёфт. Дар бозии дувуми санҷишӣ “Истиқлол” бар «Челик», қаҳрамони секаратаи Босния ва Ҳерсеговин, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. “Истиқлол” бозии севуми санҷиширо дар Туркия бо тими “Кёге” аз дивизиони аввали Дания бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” дар панҷ бозии санҷишӣ дар Туркия дар дутоаш ғолиб омада, дутоашро бохт ва як бозиро мусовӣ кард.

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол» дар Анталия:

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Тобол» (Қазоқистон) - 1:2

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Челик» (Босния ва Ҳерсеговин) - 2:0

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Кёге» (Дания) - 1:1

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Том» (Русия) - 2:1

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Согдиана» (Узбекистон) - 0:1

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия имрӯз, 8-уми феврал, ба анҷом мерасад. Футболбозони тоҷик рӯзи шанбеи 9-уми феврал бо раҳбарии сармураббии нави “Истиқлол” Ҳаким Фузайлов аз Туркия ба Узбекистон сафар мекунанд.

"Истиқлол" барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) иштирок хоҳад кард. Рақиби «Истиқлол» дар марҳилаи аввали муқаддамотии ин мусобиқоти қитъавӣ барандаи Ҷоми Узбекистон - бошгоҳи АГМК - мебошад. Бозӣ 12-уми феврал дар шаҳри Олмалиқи Узбекистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG