Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манучеҳр Ҷалилов ба бошгоҳи "Персебая"-и Индонезия гузашт


Манучеҳр Ҷалилов.
Манучеҳр Ҷалилов.

Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари 28-солаи тими миллии футболи Тоҷикистон, бо бошгоҳи «Персебая»-и Индонезия қарордод ба имзо расонд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози маъруфи тоҷик расман аз 5-уми феврал узви бошгоҳи «Персебая» гардид. «Персебая» соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Индонезия дар ҷойгоҳи панҷум қарор гирифт.

Манучеҳр Ҷалилов ба «Персебая» аз бошгоҳи индонезиягии «Шривиҷая» гузаштааст. Ӯ дар мавсими соли гузашта дар дастаи «Шривиҷая» 30 бозӣ карда, 8 гол задааст.

Пештар Манучеҳр Ҷалилов дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекард. Ӯ дар ҳайати ин бошгоҳ се бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, ду бор то финали Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) баромадааст. Ҷалилов соли 2017 бо ҷоизаи «Бозигари аз ҳама судманди Ҷоми AFC» сарфароз гаштааст.

Манучеҳр Ҷалилов аз соли 2015 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад. Ӯ дар ҳайати тими миллии кишвар беш аз 20 бозӣ карда, 15 тӯб задааст.

XS
SM
MD
LG