Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати се варзишгари тоҷик дар аввалин Бозиҳои зимистонаи "Бачаҳои Осиё"


Тоҷикистонро дар аввалин Бозиҳои зимистонаи байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё”, ки рӯзҳои 8-17-уми феврал дар шаҳри Южно-Сахалинск (Сахалини Ҷанубии вилояти Сахалини Русия) баргузор мешавад, се варзишгари наврас – Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов ва Зикруллои Шамсулло - намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, ҳарсе варзишгари тоҷик дар намуди лижаронии кӯҳӣ дар рақобатҳо оид ба слалом ва слаломи бузург ширкат меварзанд. Онҳо ба ин бозиҳо дар Маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” омодагӣ дидаанд.

Ба барномаи аввалин Бозиҳои зимистонаи байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё” ҳашт намуди варзиш дохил аст: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, пойгаи лижаронӣ, сноуборд, ҳоккей, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек.

Дар бозиҳо ширкати варзишгарон аз 20 кишвари қораи Осиё, инчунин аз Маскав, Тотористон, Бошқирдистон, Саха, Шарқи дур, Сибир, Урали Федератсияи Русия дар назар аст.

Аввалин Бозиҳои зимистонаи байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё” бо мақсади тарғиби ақидаҳои ҳаракати олимпӣ, рушди варзиши бачагону наврасон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ бар асоси Консепсияи Бозиҳо, ки Кумитаи байналмилалии Бозиҳои «Бачаҳои Осиё» тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.

Ба мисли Бозиҳои тобистонаи байналмилалии варзишии «Бачаҳои Осиё» аввалин Бозиҳои зимистона таҳти сарпарастии президенти Русия, ЮНЕСКО ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ, инчунин, дастгирии ҳукумати Русия, Шӯрои олимпии Осиё, Кумитаи олимпӣ ва Вазорати варзиши Русия доир мегардад.

XS
SM
MD
LG