Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварони бозиҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми AFC


Конфедератсиони футболи Осиё доварону нозирон ва комиссарони бозиҳои марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳо ва плей-оффи Ҷоми AFC-ро бо ширкати бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд - таъйин намуд.

Довари ФИФА Ким Дон Ҷини 45-сола аз Кореяи Ҷанубӣ сардовари бозии марҳилаи дувуми пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 миёни АГМК - барандаи Ҷоми Узбекистон ва «Истиқлол» -қаҳрамони Тоҷикистон таъйин гардидааст, ки 12-уми феврал дар Олмалиқ баргузор мешавад.

Ба ӯ доварони марзи майдон – Ҷорҷ Лакриндис ва Марк Галлахер (ҳарду аз Австралия) кӯмак мекунанд. Дмитрий Машенсев аз Қирғизистон довари эҳтиётӣ таъйин шудааст. Ҷассим Муҳаммад Ал-Хайл аз Қатар нозири доварон ва Камол Токобоев аз Қирғизистон комиссари ин бозӣ мебошанд.

Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2019-ро, ки миёни «Хуҷанд» - ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва ғолиби ҷуфти даври пешакӣ «Олой» (Қирғизистон) /«Аҳал» (Туркманистон) 13-уми март дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад, доварон аз Тайланд ҳакамӣ мекунанд.

Довари ФИФА Сивакорн Пу-Удоми 31-сола сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш Накарит Равут ва Танате Чучуен кӯмак мекунанд. Печсри Монгколчай довари эҳтиётӣ мебошад. Авнӣ Абдул Карим Саид Ҳассоунеҳ аз Урдун вазифаи нозири доваронро ба зимма дорад. Вазифаи комиссари бозӣ бар дӯши Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон вогузор шудааст.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019

Марҳилаи дувуми пешакӣ

12-уми феврал (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

АГМК (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Сардовар: Ким Дон Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ).

Кӯмакдоварон: Ҷорҷ Лакриндис, Марк Галлахер (ҳарду – Австралия).

Довари эҳтиётӣ: Дмитрий Машенсев (Қирғизистон).

Нозири доварон: Ҷассим Муҳаммад Ал-Хайл (Қатар).

Комиссари бозӣ: Камол Токобоев (Қирғизистон).

Олмалиқ, варзишгоҳи АГМК

Ҷоми АFC-2019

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

13-уми март (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«ХУҶАНД» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Олой» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон)

Сардовар: Сивакорн Пу-Удом (Тайланд).

Кӯмакдоварон: Накарит Равут, Танате Чучуен (ҳарду – Тайланд).

Довари эҳтиётӣ: Печсри Монгколчай (Тайланд).

Нозири доварон: Авнӣ Абдул Карим Саид Ҳассоунеҳ (Урдун).

Комиссари бозӣ: Равишанкар Ҷаяраман (Ҳиндустон).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

XS
SM
MD
LG