Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қаҳрамонии ҷаҳон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17), ки рӯзи сешанбеи 5-уми феврал ба Анталияи Туркия расид, ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Перу омодагӣ мебинад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби наврасони кишвар дар Туркия таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов то рӯзи 19-уми феврал идома хоҳад кард.

Футболбозони навраси тоҷик дар Анталия се бозии контролӣ анҷом медиҳанд. Онҳо 9-уми феврал бо ҳамсолонашон аз бошгоҳи «Ференсварош»-и Маҷористон ва 13-уми феврал бо «Академиск Болдклуб Гладсаксе» аз Дания рақобат мекунанд. Боз як бозии контролии мунтахаби наврасони Тоҷикистон 18-уми феврал доир мегардад, ки дастаи рақиб дертар маълум хоҳад шуд.

«Ширкат дар бозиҳои контролӣ дар Туркия барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки аз 5-ум то 27-уми октябр дар Перу доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Малайзия барандаи медалҳои нуқра гардида, инчунин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Перу роҳхат гирифта буд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ҳамагӣ 24 даста ширкат меварзад. То имрӯз ҳафт даста маълум аст. Ба ҷуз мунтахаби мизбон – Перу, дастаҳои мунтахаби наврасони Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ (ҳарчор аз қораи Осиё), инчунин Зеландияи Нав ва ҷазираҳои Соломон (Уқёнус) ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 мушарраф шудаанд.

Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 рӯзи 14-уми май тавассути қуръакашӣ, ки дар Театри миллии Перу доир мегардад, маълум хоҳанд шуд.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Комрон Иброҳимов, Самандар Каримов (ҳарду – «Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Меҳробҷон Азимов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Азизбек Ҳасанов, Ҳамадонӣ Камолов, Ҳамзаҷон Аҳтамов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе – «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

Бозиҳои контролӣ

9-уми феврал (шанбе)

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – «Ференсварош» U-17 (Маҷористон)

13-уми феврал (чоршанбе)

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – «Академиск Болдклуб Гладсаксе» U-17 (Дания)

XS
SM
MD
LG