Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бозии севуми санҷиширо дар Туркия бо "Кёге" мусовӣ кард


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозии севуми санҷиширо дар Туркия бо тими "Кёге", дивизиони аввали Дания, бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод.

Бозии санҷишии “Истиқлол” муқобили “Кёге” дар доираи омодагии қаҳрамони Тоҷикистон ба Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) рӯзи якшанбеи 3-юми феврал дар маҷмааи варзишии «Амирхон»-и шаҳри Анталияи Туркия доир гардид. Мариан Хуҷа, бозигари «Кёге», дар дақиқаи 38-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 55-ум ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии “Истиқлол” бо дастаи «Тобол»-и Қӯстанай, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Қазоқистон-2018, ки 29-уми январ дар Анталия доир гардида буд, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони қазоқ анҷом ёфт. Ба як голи Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 14-ум), бозигарони “Тобол” Михаил Гордейчук (44) ва Максим Федин (85) бо ду гол посух доданд.

Дар бозии дувуми санҷишӣ, ки дар Анталия 31-уми январ доир гардид, “Истиқлол” бар «Челик», қаҳрамони секаратаи Босния ва Ҳерсеговин бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Шериддин Бобоев дар дақиқаи 28-ум ва Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 88-ум заданд.

Ҷамъомади таълимиву тамринии «Истиқлол» дар Туркия то рӯзи 9-уми феврал идома меёбад. Дар ин ҷо қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон боз ду бозии санҷишӣ баргузор мекунад.

«Истиқлол» рӯзи чоршанбеи 6-уми феврал бо бошгоҳи «Том», ки дар Лигаи миллии футболи Русия иштирок мекунад, рӯбарӯ мешавад. Баъдан футболбозони тоҷик бо бошгоҳи «Согдиана» («Суғдиён»)-и Узбекистон рақобат мекунанд. Ин бозии санҷишӣ рӯзи панҷшанбеи 7-уми феврал доир мегардад.

Футболбозони "Истиқлол" ба мавсими имсола таҳти раҳбарии сармураббии нави бошгоҳ Ҳаким Фузайлов омодагӣ мебинанд. Ба «Истиқлол» якчанд бозигар аз бошгоҳҳои хориҷӣ ва дохили кишвар даъват шудаанд, ки баъди озмоиш ба ҳайати бошгоҳ дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки "Истиқлол" барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC иштирок хоҳад кард. Рақиби «Истиқлол» дар марҳилаи аввали муқаддамотии ин мусобиқоти қитъавӣ барандаи Ҷоми Узбекистон - бошгоҳи АГМК - мебошад. Бозӣ 12-уми феврал дар шаҳри Олмалиқи Узбекистон доир мегардад.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Кёге» (Дания) – 1:1

Голҳо: Мариан Хуҷа, 38 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 55 (1:1).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов (Никола Стошич, 46), Ҷалил Кимсанов, Алексей Ларин (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Бахтиёр Қаландаров, Аҳтам Назаров (Фирӯз Қараев, 77), Искандар Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Самиев, 60), Алишер Ҷалилов (Шаҳром Сулаймонов, 77), Фатҳулло Фатҳуллоев (Нозим Бобоҷонов, 60), Шериддин Бобоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Сулаймон Муҳадов.

3-юми феврал. Сиде, Анталия. Маҷмааи варзишии «Амирхон». 50 тамошобин.

XS
SM
MD
LG